“Бидуни шпаргалка”: Рози ҳофизаи қавии ду вазири тоҷик

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкЧиновники сидят на креслах
Чиновники сидят на креслах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2023
Обуна шудан
Вазири тандурустӣ гуфт, ҳеҷ сиру асроре дар ҳофизаи қавии ӯ вуҷуд надорад, танҳо коре, ки мекунад бо ҳисси баланд анҷом медиҳад, бинобар ин ба арқом балад аст
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ниҳодаш дигарбора ҳофизаи қавии худро ба намоиш гузошт.
Дасти кам ӯ дуввумин вазири тоҷик аст, ки дар ироаи арқому омор бо ҳофизаи қавӣ ва ғайриодии худ ҳозиринро дар ҳайрат гузошт.
Ҷамолиддин Абдуллозода ҳангоми посух ба суоли рӯзноманигорон бидуни ин ки дар ихтиёраш ягон варақе аз ёддоштҳо, ё ба истилоҳ, “шпаргалка” дошта бошад, тамоми арқомро софу сода ва бидуни хато ба забон меовард.
Ба гунаи мисол, бо гузашти як соату 13 дақиқа аз замони шурӯъи нишасти матбуотии вазорати тандурустӣ, ки ба ҷуз худи вазир ҳеҷ як аз муовинон ва ё сардорони раёсатҳои ин ниҳод суҳбат накарданд ва худи вай ба тамоми суолҳо посух дод, аз ӯ дар бораи вазъи кадрии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон суол шуд.
Ӯ дар посух бидуни дидани сатре гуфт, ки дар вилояти Бадахшон 484 табиб, 2103 ҳамшираи тиб фаъолият мекунанд.
Лечение детей, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2023
Наздики 2,9 ҳазор табибу ҳамшира дар Тоҷикистон намерасад
Норасоии кадрӣ 23 табиб ва 6 ҳамшираи тиб аст. Аммо имрӯз дар донишгоҳҳои олии тиббӣ аз ВМКБ 295 донишҷӯ, аз ҷумла 175 нафар бо квотаи президентӣ таҳсил мекунанд. Фақат дар ҳамин соли 2023 43 нафар хатм карданд, ки 20 нафарашон бо квотаи президентӣ ҳастанд ва ин ба он маъност, ки ин теъдод ҳатман рафта, дар зодгоҳи худ фаъолият хоҳанд кард.
"Гуфтем, ки 6 ҳамшираи тиб намерасад, аммо аз ин вилоят 853 нафар донишҷӯ дар коллеҷҳои тиббӣ мехонанд”, - посух дод Ҷамолиддин Абдуллозода.
Дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон, ки “чӣ гуна ба ӯ муяссар шудааст, ин қадар арқомро дар хотирааш ҳифз кунад ва оё ягон сир ё ретсепте барои қавӣ кардани ҳофиза вуҷуд дорад?”, вазири тандурустӣ гуфт, ҳеҷ сиру асроре дар ҳофизаи қавии ӯ вуҷуд надорад.
“Танҳо коре, ки мекунам, бо таваҷҷӯҳ ва ҳисси баланди масъулият арқомро аз назар мегузаронам ва таҳлилу таҷзия мекунам”, - гуфт Абдуллозода.
Аммо ӯ танҳо вазири ҳукумати Тоҷикистон нест, ки дар нишастҳои матбуотӣ ба рӯзноманигорон ҳофизаи қавии худро ба намоиш мегузорад.
Худоёр Худоёрзода, ки аз соли 2017 то 2020 вазири нақлиёти Тоҷикистон буд, низ дар нишастҳои матбуотӣ дар ироаи омор, ба истилоҳ, устухон надошт.
Вай метавонист бидуни “шпаргалка” маболиғи пружаҳоро то камтарин сент ва тӯлу вусъати роҳҳоро то сантиметру миллиметр баён кунад.
Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2023
Вазири тандурустӣ ҳоли маҷрӯҳони садамаи пурқурбонӣ дар Кӯлобро шарҳ дод
Мутахассисони тиб, ки эҳтимолан ба далели рабт доштани мавзуъ ба вазири тандурустӣ нахостанд номашонро зикр кунем, мегӯянд, доштани ҳофизаи қавӣ ягон сирру асрор надорад, балки ин ки вазирони тоҷик оморро хуб дар ҳофизаи худ ҳифз мекунанд, аз ҳамарӯза сарукор гирифтани онҳо бо арқом аст ва инро ҳофизаи касбӣ ё оморӣ низ меноманд.
Ба қавли онҳо, инсон метавонад бо иҷрои масъалаҳои арифметикӣ, азёд кардани шеър, пур кардани кроссвордҳо ва ҳатто қиссахониву қиссагӯӣ ҳофизаи худро машқу тамрин диҳад, аммо ҳамоно ин ҳама фақат метавонанд фақат маслиҳати духтур бошанд, на роҳи илмӣ ва собитшудаи қавӣ кардани ҳофиза, зеро ҳофизаи қавӣ як падидаи табииву худодод аст ва аслитарин роҳи қавӣ кардани он ҳамоно сидқан машғул шудан бо соҳаест, ки инсон дар он масъулият дорад.
Лентаи хабарҳо
0