https://sputnik.tj/20230810/vaziri-tandurusti-holi-majruhoni-sadama-kulob-1058730037.html
Вазири тандурустӣ ҳоли маҷрӯҳони садамаи пурқурбонӣ дар Кӯлобро шарҳ дод
Вазири тандурустӣ ҳоли маҷрӯҳони садамаи пурқурбонӣ дар Кӯлобро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Вазири тандурустии кишвар ахиран аз вазъи захмиёни садамаи нақлиётии шаҳри Кӯлоб ва чанд нафар ба ҳалокат расид маълумот дод
2023-08-10T09:02+0500
2023-08-10T09:02+0500
2023-08-10T20:19+0500
дар тоҷикистон
садама
кӯлоб
тандурустӣ
ҷамолиддин абдуллозода
кушта
захмӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/05/1032947867_50:137:1000:671_1920x0_80_0_0_e61b978dd914702cf7c7369f1d7554dd.jpg
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир бемористони шаҳри Кӯлоб 12 нафар пас аз сар задани садамаи магбор бистарӣ шуданд, гуфт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни нишасти матбуотӣ. Вазир гуфт, аз шаш нафари дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарибуда, вазъи се тан ниҳоят вазнин буд ва табибон натавонистанд ҷони ду нафарро наҷот диҳанд.Ҳоло дар ин шуъба 4 бемор бистариянд ва вазъи яке аз онҳо ниҳоят вазнин аст.Вазири тандурустии кишвар таъкид кард, ки бар асари ин садамаи мудҳиш 10 кушта шудааст.Ёдовар мешавем, ки рӯзи 6-уми августи соли 2023 соатҳои 19 ба 20-и шом дар шаҳри Кӯлоб садамаи нақлиётӣ рух дод.Автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан” ба садамаи мудҳиш дучор шуд. Дар ин садама 23 нафар куштаву захиӣ ба қайд гирифта шуд.Аз ҷумла, ба иттилои Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар ин ҳодиса 10 нафар фавтида ва 13 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.Чанде пеш Президенти Тоҷикистон ба хонаводаҳои ҳалокшудагон дар садамаи пурқурбонии Кӯлоб изҳори ҳамдардии амиқ карда, ба захмиён шифои оҷил орзу намуд.Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостори тадбирҳои фаврӣ барои кумаки моддӣ ба хонаводаҳои ҳалокшудагон, табобати захмбардоштагон ва барқарор намудани хонаҳои зарардида дар садамаи Кӯлоб шуд.Ахиран хабар расид, ки ҳукумати Тоҷикистон ба афроде, ки худравҳояшон зимни садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар Кӯлоб зарар дид, мошинҳои нав ҳадя кардааст.Ба маълумоти манбаъ, 7 нафар аз зарардидагон имрӯз 9 август пеш аз зӯҳр соҳиби мошин нав гардиданд.Дар мавриди сохтмони хонаҳои зарардида бошад, намояндаи мақомоти маҳаллӣ гуфт, ки он рӯзҳои наздик оғоз хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20230807/hamdardi-emomali-rahmon-khonavoda-qurboniyon-kulob-1058680809.html
https://sputnik.tj/20230809/ronandagone-sadamai-kulob-khudrav-zarar-moshinho-nav-1058726226.html
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/05/1032947867_70:109:1000:806_1920x0_80_0_0_dac8bda9f51d0d72260b1ab5312840be.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кӯлоб, садама, оли маҷрӯҳон, вазорати тандурустӣ, ҷамолиддин абдуллозода
тоҷикистон, кӯлоб, садама, оли маҷрӯҳон, вазорати тандурустӣ, ҷамолиддин абдуллозода
Вазири тандурустӣ ҳоли маҷрӯҳони садамаи пурқурбонӣ дар Кӯлобро шарҳ дод
09:02 10.08.2023 (Навсозишуда: 20:19 10.08.2023) Вазири тандурустии кишвар ахиран аз вазъи захмиёни садамаи нақлиётии шаҳри Кӯлоб ва чанд нафар ба ҳалокат расид маълумот дод
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир бемористони шаҳри Кӯлоб 12 нафар пас аз сар задани садамаи магбор бистарӣ шуданд, гуфт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни нишасти матбуотӣ.
“Шаш нафар дар шӯъбаи умумӣ ва 6 тани дигар дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор доранд”- тавзеҳ дод вазир.
Вазир гуфт, аз шаш нафари дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарибуда, вазъи се тан ниҳоят вазнин буд ва табибон натавонистанд ҷони ду нафарро наҷот диҳанд.
Ҳоло дар ин шуъба 4 бемор бистариянд ва вазъи яке аз онҳо ниҳоят вазнин аст.
Вазири тандурустии кишвар таъкид кард, ки бар асари ин садамаи мудҳиш 10 кушта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 6-уми августи соли 2023 соатҳои 19 ба 20-и шом дар шаҳри Кӯлоб садамаи нақлиётӣ рух дод.
Автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан” ба садамаи мудҳиш дучор шуд. Дар ин садама 23 нафар куштаву захиӣ ба қайд гирифта шуд.
Аз ҷумла, ба иттилои Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар ин ҳодиса 10 нафар фавтида ва 13 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Чанде пеш Президенти Тоҷикистон ба хонаводаҳои ҳалокшудагон дар садамаи пурқурбонии Кӯлоб изҳори ҳамдардии амиқ карда, ба захмиён шифои оҷил орзу намуд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостори тадбирҳои фаврӣ барои кумаки моддӣ ба хонаводаҳои ҳалокшудагон, табобати захмбардоштагон ва барқарор намудани хонаҳои зарардида дар садамаи Кӯлоб шуд.
Ахиран хабар расид, ки ҳукумати Тоҷикистон ба афроде, ки худравҳояшон зимни садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар Кӯлоб зарар дид, мошинҳои нав ҳадя кардааст.
Ба маълумоти манбаъ, 7 нафар аз зарардидагон имрӯз 9 август пеш аз зӯҳр соҳиби мошин нав гардиданд.
Дар мавриди сохтмони хонаҳои зарардида бошад, намояндаи мақомоти маҳаллӣ гуфт, ки он рӯзҳои наздик оғоз хоҳад шуд.