https://sputnik.tj/20230809/nazdiki-hazor-tabib-tojikiston-1058720778.html
Наздики 2,9 ҳазор табибу ҳамшира дар Тоҷикистон намерасад
Наздики 2,9 ҳазор табибу ҳамшира дар Тоҷикистон намерасад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз масъалаи муҳоҷирати табибон ва норасоии мутахассисон дар муассисаҳои кишвар гуфт
2023-08-09T12:55+0500
2023-08-09T12:55+0500
2023-08-09T12:55+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
бемор
вазир
норасоии мутахассис
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/16/1055693069_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_ac40114424bb4b7178c7029ec4bfe555.jpg
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон норасоии бархе аз мутахассисон ҷой дорад, изҳор дошт вазири тандурустии кишвар, Ҷамолиддин Абдуллозода. Вай зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар кишвар 2298 табиб ва 575 ҳамшираи тиб намерасад.Абдуллозода норасоиии табибонро дар шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо тавзеҳ дода, гуфт, аз ҷумла дар Душанбе - 49 табиб ва 35 ҳамшираи тиб намерасад. Норасоии табибон дар Хатлон - 788 табиб баробар буда, масъалаи норасоии ҳамшираи шавқат дар вилоят пурра ҳал шудааст, гуфт вазир. Суғд ба 579 табиб ва 54 ҳамшираи тиб ва ноҳияҳои тобеи марказ ба 412 табибу 319 ҳамшираи шафқат ниёз дорад. Илова бар ин дар муассисаҳои хусусӣ 149 пизишк ва 67 ҳамшира низ намерасад, афзуд вазири тандурустӣ. Ӯ гуфт, ба табибони бахше ихтисосҳо дар дигар кишварҳо низ талабот зиёд аст ва барои ҳамин қисме аз мутахассисон ба муҳоҷират мераванд. Дар феҳрасти чунин мутахассисон аз ҷумла духтурони оилавӣ, терапевт, кардиолог, реанематолог, момодоя ва ғайра ном бурда шуданд. Абдуллозода таъкид намуд, ки дар маҷмуъ дар Тоҷикистон ихтисосе нест, ки мутахссиси он самт вуҷуд надошта бошад, танҳо дар бархе бахшҳо, барои мисол нарколог-психиатр кам мебошанд. Вай илова намуд, ки дар бархе аз навоҳии дурдаст, ки масалан мушкили табиби ултрасадо доранд, табибони бахши дигарро аз такмили ихтисос мегузаронанд, то дар ин бахш то пайдо шудани мутахассис фаъолият кунанд.
https://sputnik.tj/20230807/nazdiki-doru-tojikiston-rusiya-vorid-1058677396.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/16/1055693069_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_5bf3c29ada8ff0c7774a55fff87e875a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, табиб, норасоӣ, мутахассис, муҳоҷират
тоҷикистон, табиб, норасоӣ, мутахассис, муҳоҷират
Наздики 2,9 ҳазор табибу ҳамшира дар Тоҷикистон намерасад
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз масъалаи муҳоҷирати табибон ва норасоии мутахассисон дар муассисаҳои кишвар гуфт
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон норасоии бархе аз мутахассисон ҷой дорад, изҳор дошт вазири тандурустии кишвар, Ҷамолиддин Абдуллозода.
Вай зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар кишвар 2298 табиб ва 575 ҳамшираи тиб намерасад.
Абдуллозода норасоиии табибонро дар шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо тавзеҳ дода, гуфт, аз ҷумла дар Душанбе - 49 табиб ва 35 ҳамшираи тиб намерасад.
Норасоии табибон дар Хатлон - 788 табиб баробар буда, масъалаи норасоии ҳамшираи шавқат дар вилоят пурра ҳал шудааст, гуфт вазир.
Суғд ба 579 табиб ва 54 ҳамшираи тиб ва ноҳияҳои тобеи марказ ба 412 табибу 319 ҳамшираи шафқат ниёз дорад. Илова бар ин дар муассисаҳои хусусӣ 149 пизишк ва 67 ҳамшира низ намерасад, афзуд вазири тандурустӣ.
Ӯ гуфт, ба табибони бахше ихтисосҳо дар дигар кишварҳо низ талабот зиёд аст ва барои ҳамин қисме аз мутахассисон ба муҳоҷират мераванд. Дар феҳрасти чунин мутахассисон аз ҷумла духтурони оилавӣ, терапевт, кардиолог, реанематолог, момодоя ва ғайра ном бурда шуданд.
Абдуллозода таъкид намуд, ки дар маҷмуъ дар Тоҷикистон ихтисосе нест, ки мутахссиси он самт вуҷуд надошта бошад, танҳо дар бархе бахшҳо, барои мисол нарколог-психиатр кам мебошанд.
Вай илова намуд, ки дар бархе аз навоҳии дурдаст, ки масалан мушкили табиби ултрасадо доранд, табибони бахши дигарро аз такмили ихтисос мегузаронанд, то дар ин бахш то пайдо шудани мутахассис фаъолият кунанд.