https://sputnik.tj/20230804/maqomoti-khatlon-viloyat-muzdi-miyona-mehnat-1058625324.html
Мақомоти Хатлон гуфт дар вилоят музди миёнаи меҳнат чӣ қадар аст
Мақомоти Хатлон гуфт дар вилоят музди миёнаи меҳнат чӣ қадар аст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Хатлон мегӯянд, ки музди миёнаи баландтаринро дар вилоят кормандони соҳаҳои энергетика, молия, саноати истихроҷ ва сохтмон мегиранд
2023-08-04T09:02+0500
2023-08-04T09:02+0500
2023-08-04T09:02+0500
дар тоҷикистон
хатлон
музди меҳнат
маош
молия
сохтмон
барқ
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219205_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_d73776bbb044b07d833c1aa10a938b22.jpg
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии кор дар вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли равон ба 1483 сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,7% зиёд гардидааст.Дар ин бора ба рӯзномаи “Хатлон” Сарраёсати омори вилояти Хатлон иттилоъ додааст.Тибқи иттилои манбаъ, ҳаҷми миёнаи маоши моҳонаи баландтаринро дар вилоят кормандони соҳаҳои неруи барқ, газ, буғ ва хунуккунии ҳаво (4203 сомонӣ), фаъолияти молиявӣ (3749 сомонӣ), саноати истихроҷ (2411 сомонӣ), саноати коркард (2260 сомонӣ), сохтмон (2387 сомонӣ) ва бахши хизматрасонӣ (1384 сомонӣ) мегиранд.Ҳамзамон ба иттилои манбаъ дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ ҳаққи меҳнати моҳонаи кормандони соҳаи кишоварзӣ 682,93 сомониро ташкил додааст.Ба иттилои манбаъ ин нишондиҳанда аз ҳисоби миёнаи вилоят 46% кам будааст.Сарраёсати омори вилояти Хатлон ҳамчунин дар бораи қарзи музди меҳнат низ ёдрас шуд ва гуфт қарз ҳоло камтар шудааст.“Дар ин давра 525,7 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 265 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Қарздории аз ҳама зиёд ба соҳаи саноати коркард (505 ҳазору 100 сомонӣ) рост меояд”, - қайд кард манбаъ.
https://sputnik.tj/20230803/kishvari-khoriji-khatlon-sarmoguzori-1058618441.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219205_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_4230a5d01a2f12f9d38fed037f54ceba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, мақомот, хатлон, вилоят, музди меҳнат, сохтмон, молия, барқ, иқтисод
тоҷикистон, мақомот, хатлон, вилоят, музди меҳнат, сохтмон, молия, барқ, иқтисод
Мақомоти Хатлон гуфт дар вилоят музди миёнаи меҳнат чӣ қадар аст
Мақомоти вилояти Хатлон мегӯянд, ки музди миёнаи баландтаринро дар вилоят кормандони соҳаҳои энергетика, молия, саноати истихроҷ ва сохтмон мегиранд
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии кор дар вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли равон ба 1483 сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,7% зиёд гардидааст.
Дар ин бора ба рӯзномаи “Хатлон” Сарраёсати омори вилояти Хатлон иттилоъ додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳаҷми миёнаи маоши моҳонаи баландтаринро дар вилоят кормандони соҳаҳои неруи барқ, газ, буғ ва хунуккунии ҳаво (4203 сомонӣ), фаъолияти молиявӣ (3749 сомонӣ), саноати истихроҷ (2411 сомонӣ), саноати коркард (2260 сомонӣ), сохтмон (2387 сомонӣ) ва бахши хизматрасонӣ (1384 сомонӣ) мегиранд.
Ҳамзамон ба иттилои манбаъ дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ ҳаққи меҳнати моҳонаи кормандони соҳаи кишоварзӣ 682,93 сомониро ташкил додааст.
Ба иттилои манбаъ ин нишондиҳанда аз ҳисоби миёнаи вилоят 46% кам будааст.
Сарраёсати омори вилояти Хатлон ҳамчунин дар бораи қарзи музди меҳнат низ ёдрас шуд ва гуфт қарз ҳоло камтар шудааст.
“Дар ин давра 525,7 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 265 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Қарздории аз ҳама зиёд ба соҳаи саноати коркард (505 ҳазору 100 сомонӣ) рост меояд”, - қайд кард манбаъ.