https://sputnik.tj/20230803/kishvari-khoriji-khatlon-sarmoguzori-1058618441.html
26 кишвари хориҷӣ ба Хатлон сармогузорӣ карданд
26 кишвари хориҷӣ ба Хатлон сармогузорӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Хатлон ахиран эълон кард, ки бештари маблағҳои сармоя ба вилоят аз се кишвар - Русия, Чин ва Эрон ворид гардидааст
2023-08-03T15:33+0500
2023-08-03T15:33+0500
2023-08-03T15:33+0500
дар тоҷикистон
хатлон
сармоягузорӣ
маблағ
кишварҳои хориҷӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/13/1032116281_130:42:1400:757_1920x0_80_0_0_67b002cf6f799418d73a9d2fd0606536.jpg
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Ба вилояти Хатлон аз 26 давлати хориҷӣ сармоя ворид гардида, иттилоъ додааст роҳбари Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволӣ вилояти Хатлон Исфандиёр Усмонзода.Ба иттилои вай, бештари маблағҳо ба вилоят аз кишварҳои Русия 40,6%, Чин 35,6% ва Эрон 18,5% ворид шудааст.Мақомдори вилоят афзуд, дар 6 моҳи соли равон 41,5 млн доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 39,6 млн доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.Ҳамчунин раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволӣ вилояти Хатлон инчунин таъкид намудааст, ки ин ниҳоди давлатӣ барои ҷалби бештари сармоя чораҳои ҷиддӣ меандешад.Мақомоти вилоят мегӯяд, ки айни замон дар вилояти Хатлон 43 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ низ татбиқ мешавад, ки дар доираи онҳо аз оғози татбиқ дар ҳудуди вилоят зиёда аз 838,3 млн доллар маблағ барои хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, обёрӣ , хоҷагии манзилию коммуналӣ, энергетика, нақлиёт, экология, ҳодисаҳои фавқулодда ва сайёҳӣ равона гардидааст.Инчунин мақомдорони вилоят қайд карданд, ки дар давоми шаш моҳи соли равон сармоягузорону соҳибкорони вилоят дар зиёда аз 5 форуму намоиши тиҷоратӣ ва вохуриҳо ширкат варзиданд.Ҳамчунин соҳибкорони вилоят барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодию тичоратӣ 41 шартномаю ёдоштҳои тафоҳум ба маблағи беш аз 56 миллион сомонӣ ба имзо расониданд.
https://sputnik.tj/20230802/shahrvand-khorichi-khatlon-qavononi-muhojiratiro-naqz-1058585420.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/13/1032116281_156:0:1400:933_1920x0_80_0_0_8b570862aa692d4e5f66814871fb2f56.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сармоягузорӣ, хатлон, русия, чин, эрон, маблағ, ворид
тоҷикистон, сармоягузорӣ, хатлон, русия, чин, эрон, маблағ, ворид
26 кишвари хориҷӣ ба Хатлон сармогузорӣ карданд
Мақомоти вилояти Хатлон ахиран эълон кард, ки бештари маблағҳои сармоя ба вилоят аз се кишвар - Русия, Чин ва Эрон ворид гардидааст
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Ба вилояти Хатлон аз 26 давлати хориҷӣ сармоя ворид гардида, иттилоъ додааст роҳбари Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволӣ вилояти Хатлон Исфандиёр Усмонзода.
Ба иттилои вай, бештари маблағҳо ба вилоят аз кишварҳои Русия 40,6%, Чин 35,6% ва Эрон 18,5% ворид шудааст.
Мақомдори вилоят афзуд, дар 6 моҳи соли равон 41,5 млн доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 39,6 млн доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.
Ҳамчунин раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволӣ вилояти Хатлон инчунин таъкид намудааст, ки ин ниҳоди давлатӣ барои ҷалби бештари сармоя чораҳои ҷиддӣ меандешад.
Мақомоти вилоят мегӯяд, ки айни замон дар вилояти Хатлон 43 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ низ татбиқ мешавад, ки дар доираи онҳо аз оғози татбиқ дар ҳудуди вилоят зиёда аз 838,3 млн доллар маблағ барои хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, обёрӣ , хоҷагии манзилию коммуналӣ, энергетика, нақлиёт, экология, ҳодисаҳои фавқулодда ва сайёҳӣ равона гардидааст.
Инчунин мақомдорони вилоят қайд карданд, ки дар давоми шаш моҳи соли равон сармоягузорону соҳибкорони вилоят дар зиёда аз 5 форуму намоиши тиҷоратӣ ва вохуриҳо ширкат варзиданд.
Ҳамчунин соҳибкорони вилоят барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодию тичоратӣ 41 шартномаю ёдоштҳои тафоҳум ба маблағи беш аз 56 миллион сомонӣ ба имзо расониданд.