https://sputnik.tj/20230717/rohbar-shirkat-sokhtmon-isrof-pul-davlat-muttaham-1058309802.html
Роҳбари ширкати сохтмонӣ дар исрофи пули давлат муттаҳам мешавад
Роҳбари ширкати сохтмонӣ дар исрофи пули давлат муттаҳам мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон роҳбари як ширкати сохтмониро дар расондани зарар ба давлат муттаҳам мекунад
2023-07-17T17:00+0500
2023-07-17T17:00+0500
2023-07-17T18:14+0500
дар тоҷикистон
сохтмон
лоиҳаи меъморӣ
таъмир
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
коррупсия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219722_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_a913786569dea5a08ee8383049b07a67.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Мудири ширкати "Аҳмад Сохтмон" дар азхудкунии пули давлат дар ҳаҷми калон айбдор мешавад. Ба иттилои Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, муттаҳам дар давраи фаъолияти кориаш бо истифодаи ваколати мансабдорӣ зимни таъмиру сохтмони бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ даст ба фасодкорӣ задаст. Манбаъ тавзеҳ дод, ки мудир дар асоси супоришномаҳои пулӣ қасдан ва бо роҳи сохтакории хизматӣ ҷамъ маблағи 272 ҳазор сомониро барзиёд нишон додаст. Таъкид шудааст, ки муттаҳам дар фасодкорӣ маблағи мазкурро тасарруф намудааст, ки дар натиҷа ба давлат зарари калони моддӣ расонид. Ожонсӣ мегӯяд, парванда алайҳи муттаҳам барои истрофкорию азхудкунӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст. Назари худи муттаҳам дар бораи ин парванда феълан маълум нест. Пештар ин ниҳод аз ҳолати исрофкорию азхудкунии маблағҳо дар як муассисаи тандурустии кишвар гузориш дода буд. Зикр гардид, ки муҳосиби музди меҳнати Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон дар асоси маслиҳати пешакӣ бо сариқтисодчӣ ва муҳосиби молии муассисаи мазкур аз ваколатҳои мансабияшон сӯиистифода карда, ба давлат дар ҳаҷми 1,5 млн сомонӣ зиён расондаанд.
https://sputnik.tj/20230413/vkd-dar-shahritus-du-mansabdorro-bo-pora-dastgir-kard-tafsilot-1056434803.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219722_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_4d642e617d16e744d574f4fc141d0473.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мудир, ширкат, сохтмонӣ, зиён, айбдор, оҷонсии зидди фасод
мудир, ширкат, сохтмонӣ, зиён, айбдор, оҷонсии зидди фасод
Роҳбари ширкати сохтмонӣ дар исрофи пули давлат муттаҳам мешавад
17:00 17.07.2023 (Навсозишуда: 18:14 17.07.2023) Ожонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон роҳбари як ширкати сохтмониро дар расондани зарар ба давлат муттаҳам мекунад
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Мудири ширкати "Аҳмад Сохтмон" дар азхудкунии пули давлат дар ҳаҷми калон айбдор мешавад.
Ба иттилои Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, муттаҳам дар давраи фаъолияти кориаш бо истифодаи ваколати мансабдорӣ зимни таъмиру сохтмони бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ даст ба фасодкорӣ задаст.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки мудир дар асоси супоришномаҳои пулӣ қасдан ва бо роҳи сохтакории хизматӣ ҷамъ маблағи 272 ҳазор сомониро барзиёд нишон додаст.
Таъкид шудааст, ки муттаҳам дар фасодкорӣ маблағи мазкурро тасарруф намудааст, ки дар натиҷа ба давлат зарари калони моддӣ расонид.
Ожонсӣ мегӯяд, парванда алайҳи муттаҳам барои истрофкорию азхудкунӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.
Назари худи муттаҳам дар бораи ин парванда феълан маълум нест.
Пештар ин ниҳод аз ҳолати исрофкорию азхудкунии маблағҳо дар як муассисаи тандурустии кишвар гузориш дода буд.
Зикр гардид, ки муҳосиби музди меҳнати Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон дар асоси маслиҳати пешакӣ бо сариқтисодчӣ ва муҳосиби молии муассисаи мазкур аз ваколатҳои мансабияшон сӯиистифода карда, ба давлат дар ҳаҷми 1,5 млн сомонӣ зиён расондаанд.