https://sputnik.tj/20230413/vkd-dar-shahritus-du-mansabdorro-bo-pora-dastgir-kard-tafsilot-1056434803.html
ВКД дар Шаҳритус ду мансабдорро бо пора дастгир кард: тафсилот
ВКД дар Шаҳритус ду мансабдорро бо пора дастгир кард: тафсилот
Sputnik Тоҷикистон
Феълан дастгиршудаҳо дар боздоштгоҳ қарор дошта, парвандаҳояшон дар додгоҳ баррасӣ мешавад. Ба онҳо ҳукми зиндон таҳдид мекунад
2023-04-13T18:31+0500
2023-04-13T18:31+0500
2023-04-13T18:31+0500
дар тоҷикистон
боздошт
коррупсия
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102443/18/1024431806_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_036d1b44fc3090273a4de57add31c159.jpg
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Дар вилояти Хатлон ду корманди давлатӣ бо иттиҳоми фасоди молӣ боздошт шудааст.Тибқи гузориши телевизионии ВКД, кирдори ҷиноятии ду фарди мансабдорро кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои мутташакили ин ниҳод дар вилоят ошкор кардаанд.Ба иттилои манбаъ, дастгиршудаҳо раиси ҷамоати деҳоти ба номи Холматови ноҳияи Шаҳритус Т.М. ва мутахассиси бахши меъмории ин ноҳия Т.Э. мебошандНомбурдагон барои ҷудо намудани 10 сотиқ замин ба як сокини ноҳияи Қубодиён аз ӯ 30 ҳазор сомонӣ талаб карда, гирифтанд, афзудааст манбаъ.Гуфта мешавад, ки баъди гирифтани пулҳо, мақомот дар бинои ҷамоат 25 ҳазор сомониро аз раиси ҷамоат ва 5 ҳазори дигарро аз мутахассиси бахши меъмории ноҳия гиритфтаанд.Мақомот мегӯяд, пулҳо қаблан нишонагузорӣ шуда буд ва ҳамакнун ҳамчун далели шайъӣ истифода мешавад.Раиси ҷамоат зимни бозпурсӣ гуфт, ки дар маслиҳати пешакӣ бо шарикаш қисме аз маблағро пеш аз ҷашни Наврӯз ва боқимондаашро ҳамакнун гирифтааст, ки ба дасти мақомот меафтад.Феълан, Прокуратураи вилояти Хатлон нисбати онҳо тибқи моддаи 319 қисми 4 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, гумонбарон ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.Маврид ба зикр аст, ки ин банди қонуни ҷиноии кишвар ба муттаҳамон маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ солро пешбинӣ мекунад.Ин нахустин ҳолати дастгир шудани мансабдорон набуда, дар гузашта низ бозҳо Оҷонсии зиди фасод аз ҷунин боздоштҳо хабар дода буд.
https://sputnik.tj/20230320/bozdosht-raison-parvanda-mansabdor-tojikiston-zaminfurushi-1055633420.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102443/18/1024431806_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_40153fc7b0df186129e02b031e9e6365.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вкд шаҳритус мансабдор пора дастгир
вкд шаҳритус мансабдор пора дастгир
ВКД дар Шаҳритус ду мансабдорро бо пора дастгир кард: тафсилот
Феълан дастгиршудаҳо дар боздоштгоҳ қарор дошта, парвандаҳояшон дар додгоҳ баррасӣ мешавад. Ба онҳо ҳукми зиндон таҳдид мекунад
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Дар вилояти Хатлон ду корманди давлатӣ бо иттиҳоми фасоди молӣ боздошт шудааст.
Тибқи гузориши телевизионии ВКД, кирдори ҷиноятии ду фарди мансабдорро кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои мутташакили ин ниҳод дар вилоят ошкор кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, дастгиршудаҳо раиси ҷамоати деҳоти ба номи Холматови ноҳияи Шаҳритус Т.М. ва мутахассиси бахши меъмории ин ноҳия Т.Э. мебошанд
Номбурдагон барои ҷудо намудани 10 сотиқ замин ба як сокини ноҳияи Қубодиён аз ӯ 30 ҳазор сомонӣ талаб карда, гирифтанд, афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки баъди гирифтани пулҳо, мақомот дар бинои ҷамоат 25 ҳазор сомониро аз раиси ҷамоат ва 5 ҳазори дигарро аз мутахассиси бахши меъмории ноҳия гиритфтаанд.
Мақомот мегӯяд, пулҳо қаблан нишонагузорӣ шуда буд ва ҳамакнун ҳамчун далели шайъӣ истифода мешавад.
Раиси ҷамоат зимни бозпурсӣ гуфт, ки дар маслиҳати пешакӣ бо шарикаш қисме аз маблағро пеш аз ҷашни Наврӯз ва боқимондаашро ҳамакнун гирифтааст, ки ба дасти мақомот меафтад.
Феълан, Прокуратураи вилояти Хатлон нисбати онҳо тибқи моддаи 319 қисми 4 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, гумонбарон ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки ин банди қонуни ҷиноии кишвар ба муттаҳамон маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ солро пешбинӣ мекунад.
Ин нахустин ҳолати дастгир шудани мансабдорон набуда, дар гузашта низ бозҳо Оҷонсии зиди фасод аз ҷунин боздоштҳо хабар дода буд.