Қимати рубл дар Тоҷикистон боз паст шуд: қурби асъор

© Sputnik / Владимир ТрефиловДенежные купюры, пластиковые карты
Денежные купюры, пластиковые карты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2023
Обуна шудан
Рубли русӣ дар бозори арзи Тоҷикистон дар қиболи пули миллӣ устуворияшро аз даст медиҳад, аммо евро бошад тадриҷан гаронтар мешавад
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, қимати пули русӣ дар бозори арзи кишвар коҳиш ёфта, ҳоло 1000 рубл 120 сомонӣ аст.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл он аз 119,5 сомонии пешӣ барои 1000 рубл то ба 121 сомонӣ расида буд, аммо гароншавияш дер давом накад.
Асъори русӣ сар аз аввали сол бо тағйироти наонқадар чашмрас дар як ҳадди миёни қарор дошт, аммо шурӯъ аз баҳор ва ҳамакнун тобистон поин меравад.
Асъори амрикоӣ низ каме коҳиш ёфтааст. Агар як рӯз қабл бар ивази як доллар 10.9220 сомонӣ медоданд, ҳоло 10.9210 сомонӣ медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол вазъи пули аврупоӣ боз болотар рафтааст. Тибқи иттилои Бонки миллӣ ҳоло барои ҳар евро 12.1005 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки рӯзи қаблӣ як евро ба 11.9945 сомонӣ баробар буд.
Денежные купюры США. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2023
Намояндаи Русия дар ХБА гуфт, сиёсати ғалати ИМА боиси каногарирӣ аз доллар шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10.9210 то 10.9600 сомонӣ, 1 евро аз 11.9126 то 12.4000 сомонӣ ва 100 рубли русӣ аз 120 то 123 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
Лентаи хабарҳо
0