https://sputnik.tj/20230626/rusiya-khba-siyosati-ghalat-ima-kanogariri-dollar-1057908470.html
Намояндаи Русия дар ХБА гуфт, сиёсати ғалати ИМА боиси каногарирӣ аз доллар шуд
Намояндаи Русия дар ХБА гуфт, сиёсати ғалати ИМА боиси каногарирӣ аз доллар шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи мутахассис, омили аслии нақше, ки доллар дар иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамчун пули захиравӣ ва василаи аслии пардохту пасандозҳо бозид, набуди алтернатива буд
2023-06-26T11:33+0500
2023-06-26T11:33+0500
2023-06-26T11:33+0500
дар ҷаҳон
доллар
има
юан
русия
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/15/1049371996_0:268:3073:1996_1920x0_80_0_0_d4ebc8b34163c4a37a7de6dd28dc25d7.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида худ вазъиятеро ба вуҷуд овард, ки ҷаҳон ба ҷустуҷӯи алтернативаҳои доллари ИМА оғоз кард.Дар ин бора Алексей Можин, директори иҷроияи Сандуқи Байналмилалии Пул (ХБА) аз Русия дар мусоҳиба бо РИА "Новости хабар дод". "Худи амрикоиҳо вазъиятеро ба вуҷуд овардаанд, ки ҷустуҷӯи алтернативаҳо ба доллар ногузир ба кор даромад. Ҳоло мо мебинем, ки ин ҳама чӣ гуна сурат мегирад", - гуфт ӯ. Аз ҷумла, чунон ки Можин гуфт, дар ҷаҳон дигар асъори миллӣ, пеш аз ҳама юани Чин бештар истифода мешавад. Коршинос қайд кард, ки амрикоиҳо аз сарнавишти доллар алакай нигаронанд ва даст кашидан аз ин асъор хеле зуд инкишоф меёбад. “Маълум аст, ки ин дар як шабонарӯз рух намедиҳад, аммо ин раванд аллакай оғоз шудааст",-гуфт ӯ.Ба гуфтаи Можин, омили аслии нақше, ки доллар дар иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамчун пули захиравӣ ва василаи аслии пардохт ва пасандозҳо бозид, набуди алтернативаҳо будааст. "Албатта, ин ягона омил нест. Қудрати низомии Амрико низ муҳим аст, он асъорро ҳифз мекунад. Андозаи иқтисоди Амрико, бахши молия низ омилҳост, аммо ба ҳар ҳол чизи асосӣ танҳо набудани алтернативаҳост",- гуфт номбурдаВай афзуд, доллар пули миллӣ аст, ки “ба хотири манофеи миллӣ, уҳдадориҳои иқтисодӣ ва молии як кишвар” муомилот мешавад. Аз ин рӯ, нодуруст аст, ки он дар ҷаҳон ин қадар васеъ истифода ва татбиқ карда мешавад.
https://sputnik.tj/20230526/medvedev-etimod-jahoniyon-dollar-kosta-1057379969.html
има
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/15/1049371996_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_976217a45e1b1fad28f81d87cc84880a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
намоянда русия хба сиёсат ғалат има каногарирӣ доллар
намоянда русия хба сиёсат ғалат има каногарирӣ доллар
Намояндаи Русия дар ХБА гуфт, сиёсати ғалати ИМА боиси каногарирӣ аз доллар шуд
Ба гуфтаи мутахассис, омили аслии нақше, ки доллар дар иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамчун пули захиравӣ ва василаи аслии пардохту пасандозҳо бозид, набуди алтернатива буд
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида худ вазъиятеро ба вуҷуд овард, ки ҷаҳон ба ҷустуҷӯи алтернативаҳои доллари ИМА оғоз кард.
Дар ин бора Алексей Можин, директори иҷроияи Сандуқи Байналмилалии Пул (ХБА) аз Русия дар мусоҳиба бо РИА "Новости хабар дод".
"Худи амрикоиҳо вазъиятеро ба вуҷуд овардаанд, ки ҷустуҷӯи алтернативаҳо ба доллар ногузир ба кор даромад. Ҳоло мо мебинем, ки ин ҳама чӣ гуна сурат мегирад", - гуфт ӯ.
Аз ҷумла, чунон ки Можин гуфт, дар ҷаҳон дигар асъори миллӣ, пеш аз ҳама юани Чин бештар истифода мешавад.
"Мо мебинем, ки эрониҳо, бразилияҳо ва саудӣҳо на танҳо бо Чин, балки бо кишварҳои сеюм низ ба тиҷорат бо юан мегузаранд",- гуфт ӯ.
Коршинос қайд кард, ки амрикоиҳо аз сарнавишти доллар алакай нигаронанд ва даст кашидан аз ин асъор хеле зуд инкишоф меёбад.
“Маълум аст, ки ин дар як шабонарӯз рух намедиҳад, аммо ин раванд аллакай оғоз шудааст",-гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Можин, омили аслии нақше, ки доллар дар иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамчун пули захиравӣ ва василаи аслии пардохт ва пасандозҳо бозид, набуди алтернативаҳо будааст.
"Албатта, ин ягона омил нест. Қудрати низомии Амрико низ муҳим аст, он асъорро ҳифз мекунад. Андозаи иқтисоди Амрико, бахши молия низ омилҳост, аммо ба ҳар ҳол чизи асосӣ танҳо набудани алтернативаҳост",- гуфт номбурда
Вай афзуд, доллар пули миллӣ аст, ки “ба хотири манофеи миллӣ, уҳдадориҳои иқтисодӣ ва молии як кишвар” муомилот мешавад. Аз ин рӯ, нодуруст аст, ки он дар ҷаҳон ин қадар васеъ истифода ва татбиқ карда мешавад.