Дар Ӯзбекистон қабл аз интихоботи президентӣ "рӯзи сукут" оғоз ёфт

© Foto / Пресс-служба Президента УзбекистанаФонтаны с флагами в Ташкенте
Фонтаны с флагами в Ташкенте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2023
Обуна шудан
Дар ин рӯз маъракаи пешазинтихоботии ҳамаи номзадҳо ба мақоми президенти ҷумҳурӣ манъ аст. Барои курсии президентӣ чор номзад мубориза мебаранд
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Дар Ӯзбекистон рӯзи шанбе қабл аз интихоботи пеш аз муҳлати раёсати ҷумҳурӣ "рӯзи сукут" баргузор мешавад.
Рӯзи асосии интихоботи президентӣ 9 июл таъйин шудааст.
Як рӯз пеш аз овоздиҳӣ, дар рӯзи хомӯшӣ дар тамоми ҷумҳурӣ ҳаргуна маъракаҳои тарғиботӣ манъ карда шудааст.
Ҳанӯз 7 июл пас аз ба қайд гирифтани ҳамаи номзадҳо маъракаи интихоботӣ оғоз ёфт.
Аз 28 июн то 5 июл дар ҳамаи участкаҳои интихоботии Ӯзбекистон ва берун аз он овоздиҳии пеш аз муҳлат барпо гардид.
Ҳамин тариқ, 1 июли соли ҷорӣ 376 623 нафар интихобкунандагон аз ҳуқуқи овоздиҳии пешакӣ истифода карданд. Аз ин шумор 275 592 нафар дар қаламрави Ӯзбекистон ва 101 031 нафар дар хориҷа овоз додаанд.
Шаҳрвандони Ӯзбекистон дар Хуҷанд қабл аз муҳлат дар интихоботи президентии кишварашон раъй доданд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2023
Овоздиҳии пешакии ӯзбекистониҳои Суғд дар интихоботи президентияшон - видео
Ин аввалин интихоботи президентӣ пас аз ворид шудани тағйирот ба Қонуни асосӣ, ки муҳлати раёсатҷумҳуриро аз 5 то 7 сол тамдид мекунад, хоҳад буд.
Барои ба даст овардани курсии президентӣ чор номзад вориди сабқат мешаванд:
Иноятов Улуғбек Илёсович - Ҳизби Халқии Демократии Ӯзбекистон;
Шавкат Миромонович Мирзиёев - Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон;
Робахон Анваровна Муҳмудова - Ҳизби сотсиал-демократии Ӯзбекистон;
Ҳамзаев Абдушукур Худойқулович - Ҳизби экологии Ӯзбекистон.
Илова бар ин, 15 нафар шахсони боэътимоди Улуғбек Иноятов, 14 нафар аз Шавкат Мирзиёев, 15 нафарӣ аз Робахон Маҳмудова ва Абдушукур Ҳамзаев сабти ном шудаанд.
Мисли интихоботи қаблии соли 2021, намояндагони номзадҳои президентӣ мубоҳисаҳои телевизионӣ баргузор карданд, ки бо тарҷума ба забонҳои русӣ ва англисӣ пахш шуданд.
Ӯзбекистониҳо дар Тоҷикистон дар куҷо имкони овоздиҳӣ доранд?
Дар Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Истаравшан ва Турсунзода қитъаҳои интихоботӣ ташкил гардид ва ӯзбекистониҳои муқими ин шаҳрҳо имкон доштанд ба ҷонибдорӣ аз номзади барои худ сазовор омода раъй гузоштанд.
Лентаи хабарҳо
0