https://sputnik.tj/20230627/uzbekistoni-tojikiston-kujo-imkoni-ovozdihi-1057951880.html
Ӯзбекистониҳо дар Тоҷикистон дар куҷо имкони овоздиҳӣ доранд?
Ӯзбекистониҳо дар Тоҷикистон дар куҷо имкони овоздиҳӣ доранд?
Sputnik Тоҷикистон
Барои шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар Тоҷикистон қарор доранд, имкони иштирок дар интихоботи президентии қарибулвуқуъ фароҳам мешавад
2023-06-27T19:40+0500
2023-06-27T19:40+0500
2023-06-27T19:40+0500
осиёи марказӣ
дар тоҷикистон
интихобот
овоздиҳӣ
ӯзбекистон
президент
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/09/1032051785_0:80:1522:936_1920x0_80_0_0_da6cdb832d88f02d9eaa01b3ef2af824.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ӯзбекистон дар назди сафорати ҷумҳурӣ дар Душанбе участкаи интихоботии № 42-ро ташкил кардааст. Ба иттилои сафорат, қитъаи интихоботии назди сафорат дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Саноӣ, хонаи рақами 30 фаъол буда, дар суроғаҳои дигар низ нуқтаҳои овоздиҳӣ фаъол мешаванд. Аз ҷумла хабар дода шуд, ки ба хотири таъмини ҳуқуқҳои интихобии шаҳрвандон дар бинои шӯъбаи маданияти шаҳри Турсунзода - 29 июн аз соати 9:00 то 18:00 имкони овоздиҳӣ вуҷуд дорад. Дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Ваҳдат - 4 июл аз соати 9:00 то 18:00, дар китобхонаи Тошхӯҷа Асирӣ дар шаҳри Хуҷанд - 4 июл аз соати 9:00. то 18:00 дар мактаби миёнаи №1 дар Истаравшан - 4 июл аз соати 9:00 то 18:00 нуқтаҳои овоздиҳӣ фаъол мешаванд.Интихоботи пеш аз мӯҳлати президенти Ӯзбекистон 9 июл баргузор мешавад. Овоздиҳии пешакӣ аз 28 июн то 5 июл баргузор хоҳад шуд. Ба иттилои КМИ, ҳамаи 4 номзаде, ки аз аҳзоби Ӯзбекистон пешниҳод шуданд, расман ба қайд гирифта шуданд.Маврид ба зикр аст, ки ахиран Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон раиси ҷумҳури феълӣ Шавкат Мирзиёевро ба мақоми президентӣ пешбарӣ кард.Ҳамин тариқ, Ҳизби экологӣ номзадии Абдушукур Ҳамзаев, Ҳизби халқии демократӣ - Улуғбек Иноятов, Ҳизби сотсиал-демократии "Адолат" - Робахон Маҳмудова ва ӮзЛиДеП- Шавкат Мирзиёевро пешниҳод карда, КМИ онҳоро сабт намуд.
https://sputnik.tj/20230529/rahmon-erdughon-piruzi-tabrik-1057409987.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/09/1032051785_85:0:1438:1015_1920x0_80_0_0_98829b9c7e939a3e23c0ca18be838b1d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нуқта, овоздиҳӣ, ӯзбекистон, тоҷикистон, раъй, президент
нуқта, овоздиҳӣ, ӯзбекистон, тоҷикистон, раъй, президент
Ӯзбекистониҳо дар Тоҷикистон дар куҷо имкони овоздиҳӣ доранд?
Барои шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар Тоҷикистон қарор доранд, имкони иштирок дар интихоботи президентии қарибулвуқуъ фароҳам мешавад
ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ӯзбекистон дар назди сафорати ҷумҳурӣ дар Душанбе участкаи интихоботии № 42-ро ташкил кардааст.
Ба иттилои сафорат, қитъаи интихоботии назди сафорат дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Саноӣ, хонаи рақами 30 фаъол буда, дар суроғаҳои дигар низ нуқтаҳои овоздиҳӣ фаъол мешаванд.
Аз ҷумла хабар дода шуд, ки ба хотири таъмини ҳуқуқҳои интихобии шаҳрвандон дар бинои шӯъбаи маданияти шаҳри Турсунзода - 29 июн аз соати 9:00 то 18:00 имкони овоздиҳӣ вуҷуд дорад.
Дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Ваҳдат - 4 июл аз соати 9:00 то 18:00, дар китобхонаи Тошхӯҷа Асирӣ дар шаҳри Хуҷанд - 4 июл аз соати 9:00. то 18:00 дар мактаби миёнаи №1 дар Истаравшан - 4 июл аз соати 9:00 то 18:00 нуқтаҳои овоздиҳӣ фаъол мешаванд.
Интихоботи пеш аз мӯҳлати президенти Ӯзбекистон 9 июл баргузор мешавад. Овоздиҳии пешакӣ аз 28 июн то 5 июл баргузор хоҳад шуд.
Ба иттилои КМИ, ҳамаи 4 номзаде, ки аз аҳзоби Ӯзбекистон пешниҳод шуданд, расман ба қайд гирифта шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон раиси ҷумҳури феълӣ Шавкат Мирзиёевро ба мақоми президентӣ пешбарӣ кард.
Ҳамин тариқ, Ҳизби экологӣ номзадии Абдушукур Ҳамзаев, Ҳизби халқии демократӣ - Улуғбек Иноятов, Ҳизби сотсиал-демократии "Адолат" - Робахон Маҳмудова ва ӮзЛиДеП- Шавкат Мирзиёевро пешниҳод карда, КМИ онҳоро сабт намуд.