https://sputnik.tj/20230705/ovozdihi-peshaki-uzbekiston-sughd-intikhobot-video-1058100393.html
Овоздиҳии пешакии ӯзбекистониҳои Суғд дар интихоботи президентияшон - видео
Овоздиҳии пешакии ӯзбекистониҳои Суғд дар интихоботи президентияшон - видео
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар шаҳру навоҳии Суғд иқомат доранд, пояи сандуқҳои раъйдиҳӣ ҳозир шуда, дар интихоботи президентии кишвари худ ширкат намуданд
2023-07-05T15:26+0500
2023-07-05T15:26+0500
2023-07-05T15:28+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
интихобот
президент
осиёи марказӣ
видео
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/05/1058099824_0:281:3072:2009_1920x0_80_0_0_1c29e360e3a0b8cdcf821d35f803de38.jpg
Барои шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар вилояти Суғд ба сар мебаранд, дар бинои китобхонаи ба номи Тошхӯҷа Асирӣ дар Хуҷанд имкони иштирок дар интихоботи президентии қарибулвуқӯъ фароҳам карда шудааст. Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ҷараёни баргузории интихоботи президентии Ӯзбекистон дар Хуҷандро наворбардорӣ кард. Интихоботи президентии Ӯзбекистон 9 июл муқаррар шудааст. Овоздиҳии пешакӣ аз 28 июн то 5 июл таъйин шуд. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ӯзбекистон дар назди сафорати ҷумҳурӣ дар Душанбе низ участкаи интихоботии № 42-ро ташкил кардааст.Ӯзбекистониҳо дар Тоҷикистон дар куҷо имкони овоздиҳӣ доранд?Ба иттилои сафорат, қитъаи интихоботии назди сафорат дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Саноӣ, хонаи рақами 30 фаъол буда, дар суроғаҳои дигар низ нуқтаҳои овоздиҳӣ ташкил шуданд. Дар баробари Хуҷанд, инчунин нуқтаи овоздиҳӣ дар шаҳрҳои Турсунзода, Бохтар ва Истаравшан фаъол буданд. Дар интихоботи раисҷумҳури Ӯзбекистон 4 номзад, аз ҷумла аз Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон раисҷумҳури феълӣ Шавкат Мирзиёев пешбарӣ шудааст. Ҳизби экологӣ номзадии Абдушукур Ҳамзаев, Ҳизби халқии демократӣ - Улуғбек Иноятов, Ҳизби сотсиал-демократии "Адолат" - Робахон Маҳмудоваро пешниҳод карда, КМИ онҳоро сабт намуд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/05/1058099824_308:0:3039:2048_1920x0_80_0_0_7e81aa11deeded3ba62a73c7eee92333.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
интихобот, президентӣ, пешакӣ, овоздиҳӣ, раъй
интихобот, президентӣ, пешакӣ, овоздиҳӣ, раъй
Овоздиҳии пешакии ӯзбекистониҳои Суғд дар интихоботи президентияшон - видео
15:26 05.07.2023 (Навсозишуда: 15:28 05.07.2023) Шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар шаҳру навоҳии Суғд иқомат доранд, пояи сандуқҳои раъйдиҳӣ ҳозир шуда, дар интихоботи президентии кишвари худ ширкат намуданд
Барои шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар вилояти Суғд ба сар мебаранд, дар бинои китобхонаи ба номи Тошхӯҷа Асирӣ дар Хуҷанд имкони иштирок дар интихоботи президентии қарибулвуқӯъ фароҳам карда шудааст.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ҷараёни баргузории интихоботи президентии Ӯзбекистон дар Хуҷандро наворбардорӣ кард.
Интихоботи президентии Ӯзбекистон 9 июл муқаррар шудааст. Овоздиҳии пешакӣ аз 28 июн то 5 июл таъйин шуд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ӯзбекистон дар назди сафорати ҷумҳурӣ дар Душанбе низ участкаи интихоботии № 42-ро ташкил кардааст.
Ба иттилои сафорат, қитъаи интихоботии назди сафорат дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Саноӣ, хонаи рақами 30 фаъол буда, дар суроғаҳои дигар низ нуқтаҳои овоздиҳӣ ташкил шуданд.
Дар баробари Хуҷанд, инчунин нуқтаи овоздиҳӣ дар шаҳрҳои Турсунзода, Бохтар ва Истаравшан фаъол буданд.
Дар интихоботи раисҷумҳури Ӯзбекистон 4 номзад, аз ҷумла аз Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон раисҷумҳури феълӣ Шавкат Мирзиёев пешбарӣ шудааст.
Ҳизби экологӣ номзадии Абдушукур Ҳамзаев, Ҳизби халқии демократӣ - Улуғбек Иноятов, Ҳизби сотсиал-демократии "Адолат" - Робахон Маҳмудоваро пешниҳод карда, КМИ онҳоро сабт намуд.