Тафсилоти расмии қатли ноиби раиси "Ориёнбонк" ва фирори муттаҳамон ба Русия ва Туркия

© Sputnik / Владислав ВодневМашина полиции
Машина полиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2023
Обуна шудан
Додситонии кулли Тоҷикистон қатли ноиби раиси рабудашудаи "Ориёнбонк"-ро тасдиқ карда, таъкид намуд, ки дар ин гуруҳи ҷиноии 10-нафарӣ даст доштанд
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Грӯҳи муташаккили ҷиноятӣ таҳти роҳбарии Саидмуродов Дилшод Ҳусейнович, ноиби аввали раиси "Ориёнбонк", Шуҳрат Исматуллоевро рабуда ба қатл расондааст.
Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар дода, ҷузъиёти қазияро шарҳ додааст.
Ба иттилои манбаъ, Дилшод Саидмуродов нақшаи ҷинояти мазкурро моҳи марти соли 2022 тарҳрезӣ ва барои амалӣ намудани он гурӯҳи муташаккили ҷиноятии яроқнокро зиёда аз 10 нафар ташкил намуда буд. Аммон он вақт бо сабабҳои новобаста аз гуруҳи ҷиноӣ амалӣ намудани ҷиноят муяссар нашудааст.
Манбаъ афзуд, рӯзи 23 июни соли 2023 бошад, соати 20:10 дар кӯчаи Закариё Розии шаҳри Душанбе Саидмуродов бо аъзои дигари гурӯҳ, аз ҷумла Ашуров Рустам Каримович, Хуҷаев Шоҳрух Хуҷаматович, Ахмедов Акбар Акрамович ноиби раиси "Ориёнбонк"-ро зуран ба автомашина савор намудаанд.
Машина милиции в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2023
Собиқ милиса ва маҳбус: Рустам Ашӯров - тирандоз дар Кишинёв кист?
Ба иттилои додситонӣ сипас, бо худрави тамғаи "Хюндай - Соната", рақами қайди давлатиаш 01-97М01, рангаш сиёҳ, ба самти деҳаи Шодоб-1, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб рафтаанд.

"Онҳо Исматуллоевро то соати 03:00 рӯзи 24 июн дар яке аз хонаҳои деҳаи номбурда бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизот таҳти шиканҷа қарор дода, ба қатл расонидаанд", - омадааст дар иттилоия.

Баъдан, бо мақсади пинҳон намудани изи ҷиноят дар километри 130 шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ҷасади Исматуллоев ва автомашинаи тамғаи "Хюндай- Соната"-ро ба дарёи Зарафшон партофтаанд.
Худи рӯзи 24 июн ҷинояткорон Саидмуродов ва Ахмедов ба Русия, Хуҷаев ба Туркия ва ва Ашуров 25 июн ба Ҷумҳурии Туркия ва 30 июн ба Молдова фирор намудаанд.
Додситонӣ тавзеҳ дод, ки дар рафти убури сарҳади давлатии Молдова Ашуров аз тарси дастгир ва ба Тоҷикистон истирдод шуданаш, таппончаи яке аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи фурудгоҳи шаҳри Кишинёвро гирифта, ду нафари онҳоро ба қатл ва якчанд нафари дигарро гаравгон гирифт, ки баъдан маҷруҳ ва ҳалок гардид.
Ориёнбанк в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2023
Муовини раиси “Ориёнбонк” кушта шудааст? - вокуниши ВКД
Мақомот мегӯянд, айни замон, дар доираи парвандаи ҷиноятии мазкур 5 нафар аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шуда, барои дастгир кардани дигар ҷинояткорон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ чораҳои дахлдор андешида шуда истодааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон афзуд, ки феълан ҷустуҷӯи ҷасади Исматуллоев идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0