Собиқ милиса ва маҳбус: Рустам Ашӯров - тирандоз дар Кишинёв кист?

© Sputnik Машина милиции в Таджикистане, архивное фото
Машина милиции в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2023
Обуна шудан
Сардори пулиси Молдова бархе маълумотро дар бораи шахсияти шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳи Кишинёв тирандозии маргбор кард, баён дошт
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Рустам Ашӯров, ки дар фурудгоҳи Кишинёв ду нафарро паронд, 7 сол дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хизмат кардааст, иттилоъ дод сардори нозироти пулиси Молдова, Виорел Чернеэутсяну.
"Муайян карда шуд, ки Ашӯров собиқ корманди милисаи Тоҷикистон аст, ки 7 сол дар сохторҳои ВКД кор кардааст. Аммо барои рафтори ношоиста аз мақом барканор шудааст", - изҳор дошт ӯ.
Мақомдори Молдова таъкид намуд, ки Ашӯров узви ягон гурӯҳи террористӣ набуд, аммо қаблан барои ғорату роҳзанӣ маҳкум шудааст.
Сардори пулис таъйид кард, ки ҷониби Молдова дар робита ба ҳамла ба нерӯҳои амниятӣ дар фурудгоҳи Кишинёв бо намояндагони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад.
"Мехоҳам таъкид намоям, ки инҳо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ҳастанд, на мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ. Мо ин қазияро якҷоя тафтиш карда истодаем", - афзуд Чернэутсяну.
Таъкид мешавад, ки муттаҳам феълан дар ҳолати беҳушӣ дар беморхона таҳти назорати табибон ва маъмурини пулис қарор дорад.
Обстановка в аэропорту Кишинева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2023
Шарҳи вазъи тоҷикистонии боздоштшуда ва эълони мотами миллӣ дар Молдова
Мақомоти Молдова мегӯянд, ин сокини 43-солаи Душанбе бо ҳавопаймо аз Истанбул ба Кишинёв омада, дар фурудгоҳ иҷозати вуруд пайдо накард ва даст ба тирпарронии маргбор зад.
Бар асоси гузоришҳо, вай ҳангоми роҳнамоӣ ба минтақаи махсус барои бозгашт, таппончаи маъмури амнияти фурудгоҳро ситонда, ду нафар - як марзбон ва як масъули амнияти фурудгоҳро парондаст.
Додситонии кулли Тоҷикистон эълом кард, ки ин нафар узви гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ аст, ки дар рабудани муовини раиси "Ориёнбонк" Шӯҳрат Исматуллоев даст дорад. Мақомоти додситонии Тоҷикистон афзуд, ки ҷустуҷӯи ӯ аз 23 июн инҷониб идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0