Муовини раиси “Ориёнбонк” кушта шудааст? - вокуниши ВКД

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевОриёнбанк в Душанбе
Ориёнбанк в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Дар пайи нашри навори эътирофи яке аз муттаҳамон дар мавриди кушта ва ба дарё партофтани ҷасади ноиби раиси "Ориёнбонк", мақомоти тоҷик қазияро шарҳ доданд
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабари кушта шудани муовини рабудашудаи раиси "Ориёнбонк", Шуҳрат Исматуллоевро таъйид ва ё такзиб накард.
Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии кишвар, Нусратулло Маҳмадуллоев, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ниҳодаш ҳанӯз қазовате дар ин маврид надорад, зеро ҳанӯз далоили шайъӣ ба даст наомадаанд.
"Зиндаву мурда будани ҷабрдида маълум нест. Ҷасадаш ҳам пайдо нашудааст. Ягон рабоянда ҳам эътироф накардааст, ки бо ӯ чӣ кор кардаанд. Аз ин хотир, ин хабарро намешавад таъйид ва ё ҳам такзиб кард", - гуфт Маҳмадуллоев.
Ахиран ду навор дар канали “Парвиз ТВ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расид, ки дар он Рустам Ашӯров, муттаҳам дар рабудани бонкдор, дар Молдова ба ҳалокат расид, ба модари худ эътироф мекунад, ки нафари рабудаашонро кушта, ба дарёи Варзоб андохтаанд.
Вай, ки бо модараш тариқи занги видеоӣ суҳбат мекунад, мегӯяд, Дилшод ба ӯ пешниҳод кард, ки ҳамин одам (номи Шӯҳрат Исматуллоев гирифта намешавад) 100 то 200 млн доллар биткойин дорад ва мо ӯро рабуда, пулро мегирему раҳояш мекунем.
Аммо дар пайи латукӯби шадиди Дилшод ҷабрдида ба ҳалокат мерасад ва Рустам, ба қавли худаш, ӯро ба дарёи Варзоб мепартояд.
Зоҳиран, Дилшод, яке аз гумонбарон Дилшод Саидмуродов аст, ки бино ба иттилои расонаҳо, дар рабудани муовини раиси “Ориёнбонк”, Шуҳрат Исматуллоев, ширкат доштааст ва дар гузашта дар Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳам Агентии мубориза алайҳи коррупсияи Тоҷикистон кор кардааст.
Обстановка в аэропорту Кишинева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2023
Наздикони Ашӯров хостаанд, ӯ дар Тоҷикистон дафн шавад
Ин нафар ҳанӯз боздошт нашудааст, аммо Рустам Ашӯров дар навор ба модараш, ки бо гиря ҳамроҳи ӯ суҳбат мекунад, мегӯяд, Дилшод худро зинда таслим намекунад, худашро хоҳад кушт.
Бино ба иттилои расонаҳои Молдова, Рустам Ашӯров пас аз содир намудани ҷиноят аз Душанбе ба Истанбул ва аз он ҷо ба Кишинёв парвоз намуда, мехост худро ба Аврупо расонад, аммо дар Кишинёв вақте ӯро мехостанд боздошт кунанд, туфангчаи як марзбони молдовиро гирифта, як марзбон ва як корманди амнияти фурудгоҳро ба ҳалокат мерасонад.
Вай таслим ба мақомоти Молдоваро намепазирад ва дар пайи амалиёти нерӯҳои вижаи он кишвар аввал шадидан захмӣ шуда, сипас дар шифохона ҷон додааст.
Дар навори нашршуда Рустам Ашӯров, ки ба қавли худаш, аз қисмати гумруки фурудгоҳ дар Кишинёв суҳбат мекард, ҳангоми хайрухуш ба модараш мегӯяд, ки дар қиёмат ба дидори ҳам хоҳанд расид.
Рустам Ашӯров низ дар гузашта 7 сол дар мақомоти қудратии Тоҷикистон кор карда, барои бемасъулиятӣ ронда шудааст. Аммо мақомот то ба ҳол ин қазияро шарҳ надодаанд. Парванда таҳти назари Прокуратураи генералии Тоҷикистон қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0