https://sputnik.tj/20230701/faqat-tijorat-ima-zaifii-yaroqi-mujizanok-1058016021.html
Фақат тиҷорат: дар ИМА ба заифии яроқи мӯъҷизаноки худ иқрор шуданд
Фақат тиҷорат: дар ИМА ба заифии яроқи мӯъҷизаноки худ иқрор шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Аён гашт, ки танкҳои таърифии "Абрамс"-и “дар ҷангҳо санҷидашуда ва амалан - нобуднашаванда” дар Украина аслан ҷангида наметавонанд
2023-07-01T10:30+0500
2023-07-01T10:30+0500
2023-07-04T13:28+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
амалиёт
вижа
дар русия
таҳлил
аслиҳа
нато
има
ғарб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1b/1055783495_0:216:3071:1943_1920x0_80_0_0_c33b731c787bf1decb6502bd329739eb.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik, Кирилл Стрелников. Рақамҳои ҳангуфт бобати талафоти техникаи ғарбӣ дар чаҳорчӯбаи “ҳамлаи ҷавобӣ”-и қувваҳои мусаллаҳи Украина то он дараҷа воҳиманоканд, ки дар Ғарб инро ба назари эътибор нагирифта наметавонанд. Дар натиҷа дар нашрияи The National Interest маводи сафедкунандае бо сабки “Капитан далел” бо паёми “Шумо бошад чӣ мехостед?!” нашр намуд. Фикри асосӣ дар кашфиётҳои ғайриинтизорӣ – маълум гашт, ки яроқи низомии амрикоӣ “барои артиши украинӣ басо ноқулай ва басо хатарнок аст”. Ба сомеони ҳайрони ғарбӣ – ба онҳое, ки дуру дароз ва боисрор ривоятҳоро дар бораи зафароварии яроқи амрикоӣ нақл мекарданд – акнун мегӯянд: аён гашт, ки танкҳои "Абрамс"-и “дар ҷангҳо санҷидашуда ва амалан - нобуднашаванда” дар Украина аслан ҷангида наметавонанд. Маълум гашт, ки ба иллати гаронии вазнашон ҳаракат карда наметавонанд, зери чархи онҳо кӯрпукҳо фурӯ мераванд, дар Украина барои онҳо сӯзишворӣ (сӯзишвории авиатсионӣ) умуман нест ва дар шароити ҷангӣ онҳоро “умуман” имкони таъмир кардан нест. Масалан, барои таъмири оптикаи осебдидааш танки "Абрамс"-ро қариб, ки то чархҳояш, ба қавле, “калла - поча” намудан лозиму тамоми “мағз”-и электрониашро ба пуррагӣ иваз кардан лозим. Илова бар ин, ин таъмирро фақат дар депоҳои дорои машинаҳои қаҳварезии аврупоӣ амалӣ намудан мумкин аст, худи таъмири "Абрамс"-ҳоро бошад мутахассисони ғарбии соҳа ошкоро “дӯзахи замин” мегӯянд. Дар фарқ аз "Абрамс"-ҳо, ки барояшон фақат шуҷоатмандони украинӣ ба ҳайси экипаж омода карда мешаванд, мошинаҳои зиреҳпӯши амрикоии (БТР) "Страйкер" худро аллакай дар ҳамлаи ҷавобӣ равшан нишон доданд – он ҷо дар якҷоягӣ бо ҳамаи мошинҳои ҷангии зиреҳпӯши украинӣ бо хушнудӣ дармегирифтанд. Аммо, маълум шуд, ки гап дар сари маҳорати аскарони мо набудааст: чуноне, ки муаллифони мақола эътироф менамоянд, "Страйкер" бо нобаёнӣ “доми маргбор” ба ҳисоб меравад. Зеро бисёр муаммоҳои “модарзодӣ” дорад – зиреҳи сусту номукаммал, ба зудӣ фаромадани лою лойқаи чархҳо ба муҳаррик, монитори кор намекардаи командир ва тасмаҳои бехатарии нафратовар барои десант, ки бо ҳамин сабаб ҳини чаппагардоншавии "Страйкер" ҳама чӣ дар дохилаш ба атола табдил мееёбад. Ба ин метавон ба осонӣ бовар кард: мувофиқи маълумоте, ки дар машварати дирӯзаи Шӯрои амният Патрушев ба Путин дод, аз 4 то 21 июн қувваҳои мусаллаҳи ФР дар Украина наздик 1000 адад мошинаҳои ҷангии хушкигард (ТМП), мошинаҳои ҷангии зиреҳпӯш (БТР) ва автомашинаҳои зиреҳпӯши артиши Украинаро нобуд сохтанд. Тақрибан нисфи онҳо – “мошинҳои мӯъҷизанок”-и Ғарбӣ ба монанди Stryker, Bradley, Marder, MaxxPro, Humvee ва M113 буданд. Хулласи гап, “яке аз беҳтарин дар ҷаҳон танкҳо” Leopard 2 (ба гуфти Патрушев — 13, (ҳарчанд ба гуфти манбаъҳои киевӣ онҳо наздик 40 чунин танкҳоро талаф додаанд), боз ҳам беҳтарин дар ҷаҳон танкҳои САУ PzH 2000 ва даҳҳо гаубитсаҳои мӯъҷизаноки амрикоии М777, ки ҳамагӣ пас аз якчанд даҳӣ тирпарронӣ баста - баста аз кор мебароянд, низ нобуд карда шуданд. Дар умум, амалиёти вижаи низомӣ барбоддиҳандаи ҳақиқии афсонаву ривоятҳо бобати афзалиятнокиву мағлубнашавандагии яроқи ғарб гардид. ПТРК Javelin, ки ба маънои томаш дар оғоз дар артиши украинӣ ба ӯ саҷда меоварданд, хело ба тезӣ аз сархати хабарҳои ВАО-ӣ ғарбӣ гум шуд. Ба монанди он, ки “қотили радарҳои русӣ” маҷмааи Switchblade 300, маҷмааи мушакиву зенитии (ЗРК) Stinger, ки тавассути онҷо дар назар буд, ки “осмони Украинаро тоза кунанд“, ва амалан дигар яроқҳои мӯъҷизаноки васеъ рекломшуда - ба тезӣ дарҳам рехтанд. Аз рӯи ҳисобу китоби хоксоронатарин, мо аллакай дасти кам сеяки ҳамаи техникаи ғарбиро, ки ба Киев интиқол дода шуда буд, нобуд сохтем ва ба панҷ-ҳафт маротиба зиёдтар аз кишварҳои Ғарб дар умум аслиҳаву қисмҳои эҳтиётӣ истеҳсол менамоем. Ин маънои онро дорад, ки мо бо кафолаташ ҳамаи он чиро, ки зидди аскарони мо партофта шудааст, безида, ба хамираи қаймоқини шакарзада табдил медиҳем. Аз ҳама аҷоибаш он аст, ки сарпарастони ғарбии режими киевӣ ба хубӣ медонанд, ки техникаи онҳоро чӣ интизор аст, ва дар ин хусус худфиребӣ надоранд. Саволе ба миён меояд: барои чӣ яроқу техникае, ки бо кафолаташ нобуд карда мешавад, ба Украина интиқол медиҳанд? Барои чӣ барои танкҳои "Абрамс"-ҳо экипаж омода мекунанд, агар онҳо сӯзонида мешуда бошанд, ва барои чӣ барои тайёраҳои қиркунандаи F-16 сарнишин омода менамоянд, агар онҳо зада мешуда бошанд? Ҷавобҳо дар манбаҳои кушод мавҷуданд, зеро Ғарб из ин сир намесозад. Тибқи иттилои дар маводҳои нашрнамудаи CNN омада, роҳбарияти ИМА ва НАТО низоъ дар Украинаро “майдочаи сирф санҷишӣ” меҳисобанд, дар кадоме яроқи ғарбӣ бори аввал дар ҷанги байни “миллатҳои аз ҷиҳати саноатӣ тараққикарда” санҷида мешаванд. Барои комплекси саноати ҳарбии ғарбӣ Украина – “манбаи бемисли маълумот” бобати истифодаи маҷмааҳо ва яроқҳои конкретӣ дар ҷанг бо душмани пурқувват аст. Ҳатто дар пасманзари миллиардҳо долларе, ки аз фурӯши яроқ ба Украина ширкатҳои калонтарини комплекси саноати ҳарбии ғарбӣ кор мекунанд, чунин маълумот воқеан ҳам баҳо надорад, ва амрикоиҳо теъдоди дилхоҳи техникаро ба дасти аҷал месупоранд, то чунин маълумотҳоро ба даст оранд. Дар ҳамин ҳол, дидаву дониста дар бораи он ба лаб мӯҳри хомӯшӣ мезананд, ки дар якҷоягӣ бо техникаи ғарбӣ даҳҳо ҳазор аскарони навбатии қувваҳои мусаллаҳи Украина низ нобуд карда хоҳанд шуд. Лек, дар Ғарб ин ба кӣ муҳим аст? Барои рӯҳбаланд намудани аскарони ҷуръаташон сустгардида, то охир майнаи онҳоро бо ривояту афсонаҳо дар бораи яроқи мӯъҷизаноку афсонавии навбатӣ гиҷ менамоянд, лекин ин ба ба натиҷаи ногузир ҳеҷ таъсире расонида наметавонад. Артиши Русия аллакай ба ҳама ҷаҳон исбот намуд, ки ягон хел теъдоди ягон яроқи таърифии ғарбӣ садди ғалабаи мо шуда наметавонад ва мӯъҷизае рух нахоҳад дод. Дар ҳама ҳолат, мо кори оғоз намудаамонро то ба анҷом мерасонем, зеро гулӯлаҳои русӣ аз хосиятҳои мӯҷизаноки техникаи ғарбӣ хабар надоранд ва ҳамаи ин техникаҳо ба ҷое фиристода мешаванд, ки он ҷо бояд бошанд – ба ҷаҳаннам.
https://sputnik.tj/20230630/lavrov-aafsaron-kishvarhoi-gharb-ukraina-nobud-1058006928.html
https://sputnik.tj/20230630/kor-jangi-mintaqa-amaliyot-1058009165.html
https://sputnik.tj/20230630/rasonaho-noiloji-zelenskiy-tahrik-nizoi-hastai-1058000822.html
https://sputnik.tj/20230621/putin-tank-gharb-ukraina-otash-1057839744.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1b/1055783495_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_159bb376114242d8b242a54c44022b92.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аслиҳа, силоҳ, ғарб, украина
аслиҳа, силоҳ, ғарб, украина
Фақат тиҷорат: дар ИМА ба заифии яроқи мӯъҷизаноки худ иқрор шуданд
10:30 01.07.2023 (Навсозишуда: 13:28 04.07.2023) Аён гашт, ки танкҳои таърифии "Абрамс"-и “дар ҷангҳо санҷидашуда ва амалан - нобуднашаванда” дар Украина аслан ҷангида наметавонанд
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik, Кирилл Стрелников. Рақамҳои ҳангуфт бобати талафоти техникаи ғарбӣ дар чаҳорчӯбаи “ҳамлаи ҷавобӣ”-и қувваҳои мусаллаҳи Украина то он дараҷа воҳиманоканд, ки дар Ғарб инро ба назари эътибор нагирифта наметавонанд.
Дар натиҷа дар нашрияи The National Interest маводи сафедкунандае бо сабки “Капитан далел” бо паёми “Шумо бошад чӣ мехостед?!” нашр намуд.
Фикри асосӣ дар кашфиётҳои ғайриинтизорӣ – маълум гашт, ки яроқи низомии амрикоӣ “барои артиши украинӣ басо ноқулай ва басо хатарнок аст”.
Ба сомеони ҳайрони ғарбӣ – ба онҳое, ки дуру дароз ва боисрор ривоятҳоро дар бораи зафароварии яроқи амрикоӣ нақл мекарданд – акнун мегӯянд: аён гашт, ки танкҳои "Абрамс"-и “дар ҷангҳо санҷидашуда ва амалан - нобуднашаванда” дар Украина аслан ҷангида наметавонанд.
Маълум гашт, ки ба иллати гаронии вазнашон ҳаракат карда наметавонанд, зери чархи онҳо кӯрпукҳо фурӯ мераванд, дар Украина барои онҳо сӯзишворӣ (сӯзишвории авиатсионӣ) умуман нест ва дар шароити ҷангӣ онҳоро “умуман” имкони таъмир кардан нест.
Масалан, барои таъмири оптикаи осебдидааш танки "Абрамс"-ро қариб, ки то чархҳояш, ба қавле, “калла - поча” намудан лозиму тамоми “мағз”-и электрониашро ба пуррагӣ иваз кардан лозим.
Илова бар ин, ин таъмирро фақат дар депоҳои дорои машинаҳои қаҳварезии аврупоӣ амалӣ намудан мумкин аст, худи таъмири "Абрамс"-ҳоро бошад мутахассисони ғарбии соҳа ошкоро “дӯзахи замин” мегӯянд.
Дар фарқ аз "Абрамс"-ҳо, ки барояшон фақат шуҷоатмандони украинӣ ба ҳайси экипаж омода карда мешаванд, мошинаҳои зиреҳпӯши амрикоии (БТР) "Страйкер" худро аллакай дар ҳамлаи ҷавобӣ равшан нишон доданд – он ҷо дар якҷоягӣ бо ҳамаи мошинҳои ҷангии зиреҳпӯши украинӣ бо хушнудӣ дармегирифтанд.
Аммо, маълум шуд, ки гап дар сари маҳорати аскарони мо набудааст: чуноне, ки муаллифони мақола эътироф менамоянд, "Страйкер" бо нобаёнӣ “доми маргбор” ба ҳисоб меравад.
Зеро бисёр муаммоҳои “модарзодӣ” дорад – зиреҳи сусту номукаммал, ба зудӣ фаромадани лою лойқаи чархҳо ба муҳаррик, монитори кор намекардаи командир ва тасмаҳои бехатарии нафратовар барои десант, ки бо ҳамин сабаб ҳини чаппагардоншавии "Страйкер" ҳама чӣ дар дохилаш ба атола табдил мееёбад.
Ба ин метавон ба осонӣ бовар кард: мувофиқи маълумоте, ки дар машварати дирӯзаи Шӯрои амният Патрушев ба Путин дод, аз 4 то 21 июн қувваҳои мусаллаҳи ФР дар Украина наздик 1000 адад мошинаҳои ҷангии хушкигард (ТМП), мошинаҳои ҷангии зиреҳпӯш (БТР) ва автомашинаҳои зиреҳпӯши артиши Украинаро нобуд сохтанд.
Тақрибан нисфи онҳо – “мошинҳои мӯъҷизанок”-и Ғарбӣ ба монанди Stryker, Bradley, Marder, MaxxPro, Humvee ва M113 буданд.
Хулласи гап, “яке аз беҳтарин дар ҷаҳон танкҳо” Leopard 2 (ба гуфти Патрушев — 13, (ҳарчанд ба гуфти манбаъҳои киевӣ онҳо наздик 40 чунин танкҳоро талаф додаанд), боз ҳам беҳтарин дар ҷаҳон танкҳои САУ PzH 2000 ва даҳҳо гаубитсаҳои мӯъҷизаноки амрикоии М777, ки ҳамагӣ пас аз якчанд даҳӣ тирпарронӣ баста - баста аз кор мебароянд, низ нобуд карда шуданд.
Дар умум, амалиёти вижаи низомӣ барбоддиҳандаи ҳақиқии афсонаву ривоятҳо бобати афзалиятнокиву мағлубнашавандагии яроқи ғарб гардид. ПТРК Javelin, ки ба маънои томаш дар оғоз дар артиши украинӣ ба ӯ саҷда меоварданд, хело ба тезӣ аз сархати хабарҳои ВАО-ӣ ғарбӣ гум шуд.
Ба монанди он, ки “қотили радарҳои русӣ” маҷмааи Switchblade 300, маҷмааи мушакиву зенитии (ЗРК) Stinger, ки тавассути онҷо дар назар буд, ки “осмони Украинаро тоза кунанд“, ва амалан дигар яроқҳои мӯъҷизаноки васеъ рекломшуда - ба тезӣ дарҳам рехтанд.
Аз рӯи ҳисобу китоби хоксоронатарин, мо аллакай дасти кам сеяки ҳамаи техникаи ғарбиро, ки ба Киев интиқол дода шуда буд, нобуд сохтем ва ба панҷ-ҳафт маротиба зиёдтар аз кишварҳои Ғарб дар умум аслиҳаву қисмҳои эҳтиётӣ истеҳсол менамоем.
Ин маънои онро дорад, ки мо бо кафолаташ ҳамаи он чиро, ки зидди аскарони мо партофта шудааст, безида, ба хамираи қаймоқини шакарзада табдил медиҳем.
Аз ҳама аҷоибаш он аст, ки сарпарастони ғарбии режими киевӣ ба хубӣ медонанд, ки техникаи онҳоро чӣ интизор аст, ва дар ин хусус худфиребӣ надоранд.
Саволе ба миён меояд: барои чӣ яроқу техникае, ки бо кафолаташ нобуд карда мешавад, ба Украина интиқол медиҳанд? Барои чӣ барои танкҳои "Абрамс"-ҳо экипаж омода мекунанд, агар онҳо сӯзонида мешуда бошанд, ва барои чӣ барои тайёраҳои қиркунандаи F-16 сарнишин омода менамоянд, агар онҳо зада мешуда бошанд?
Ҷавобҳо дар манбаҳои кушод мавҷуданд, зеро Ғарб из ин сир намесозад.
Тибқи иттилои дар маводҳои нашрнамудаи CNN омада, роҳбарияти ИМА ва НАТО низоъ дар Украинаро “майдочаи сирф санҷишӣ” меҳисобанд, дар кадоме яроқи ғарбӣ бори аввал дар ҷанги байни “миллатҳои аз ҷиҳати саноатӣ тараққикарда” санҷида мешаванд.
Барои комплекси саноати ҳарбии ғарбӣ Украина – “манбаи бемисли маълумот” бобати истифодаи маҷмааҳо ва яроқҳои конкретӣ дар ҷанг бо душмани пурқувват аст.
Ҳатто дар пасманзари миллиардҳо долларе, ки аз фурӯши яроқ ба Украина ширкатҳои калонтарини комплекси саноати ҳарбии ғарбӣ кор мекунанд, чунин маълумот воқеан ҳам баҳо надорад, ва амрикоиҳо теъдоди дилхоҳи техникаро ба дасти аҷал месупоранд, то чунин маълумотҳоро ба даст оранд.
Дар ҳамин ҳол, дидаву дониста дар бораи он ба лаб мӯҳри хомӯшӣ мезананд, ки дар якҷоягӣ бо техникаи ғарбӣ даҳҳо ҳазор аскарони навбатии қувваҳои мусаллаҳи Украина низ нобуд карда хоҳанд шуд. Лек, дар Ғарб ин ба кӣ муҳим аст?
Барои рӯҳбаланд намудани аскарони ҷуръаташон сустгардида, то охир майнаи онҳоро бо ривояту афсонаҳо дар бораи яроқи мӯъҷизаноку афсонавии навбатӣ гиҷ менамоянд, лекин ин ба ба натиҷаи ногузир ҳеҷ таъсире расонида наметавонад.
Артиши Русия аллакай ба ҳама ҷаҳон исбот намуд, ки ягон хел теъдоди ягон яроқи таърифии ғарбӣ садди ғалабаи мо шуда наметавонад ва мӯъҷизае рух нахоҳад дод.
Дар ҳама ҳолат, мо кори оғоз намудаамонро то ба анҷом мерасонем, зеро гулӯлаҳои русӣ аз хосиятҳои мӯҷизаноки техникаи ғарбӣ хабар надоранд ва ҳамаи ин техникаҳо ба ҷое фиристода мешаванд, ки он ҷо бояд бошанд – ба ҷаҳаннам.