Лавров: Афсарони кишварҳои Ғарбро дар Украина нобуд мекунем

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2023
Обуна шудан
Вазири хориҷаи Русия гуфт, ки артиши Русия макони ҷамъомади қуваҳаи мусаллаҳи Украина ва генералҳои Ғарбро нобуд хоҳем кард
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, нирӯҳои Русия ҷойҳоеро, ки низомиёни украинӣ ва зархаридони ғарбӣ ҷамъ меоянд, тахриб хоҳанд кард.
Ба гуфтаи вай, истифодаи иншооти ғайринизомӣ аз сӯи артиши Украина барои чунин гирдиҳамоиҳои низомӣ нақзи қонуни байналмилалии башардӯстона ва ҷинояти ҷангӣ аст.
Раисиҷумҳури Колумбия Густаво Петро, қаблан гуфта буд, ки вазорати хориҷааш пас аз ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба Краматорск, ки дар миёни захмиён се шаҳрванди Колумбия буд, бояд ба ин кишвар нотаи эътирозӣ бифиристад.
Вазорати дифои Русия рӯзи 28-уми июн хабар дод, ки ба нуқтаи истиқрори муваққати фармондеҳони бригадаи 56-уми пиёдагардони неруҳои мусаллаҳи Украина дар Краматорск зарба зада шудааст.
Здание Министерства иностранных дел РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ҷалби Украина ба НАТО боиси авҷ гирифтани низоъ мешавад, гуфт ВКХ Русия
Котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков дар посух ба суол дар бораи бархурди Кремл ба изҳороти Киев, ки гӯё мардуми осоишта дар натиҷаи ҳамлаи Русия ба Краматорск кушта шудаанд, гуфт, Русия ба инфрасохтори ғайринизомӣ ҳамла намекунад, балки ба иншоотҳои ҳамла мекунанд, ки ба зерсохторҳои низомӣ алоқамандӣ доранд.
"Аз он, ки украинҳо бо нақзи қонуни байналмиллалии башардӯстона ва содир кардани ҷиноятҳои ҷангӣ аз иншооти ғайринизомӣ барои баргузории ҳама гуна вохӯриҳои генералҳои зархарид ва инструкторони ғарбӣ бо низомиёни худ истифода мекунанд, ин гуноҳи худи Украина аст”, - афзуд оқои Лавров.
Ба гуфтаи вай, агар Русия чунин ҷойҳои мулоқотро пайдо кунад, мисли он иншооте, ки дар Краматорск буд, онро нобуд хоҳем кард.
“Онҳо одамоне ҳастанд, ки алайҳи мо ҷанг эълон кардаанд. Хоҳиш мекунам украинҳоро кишварҳои НАТО барои ҷойгир накардани силоҳҳои вазнини дар зерсохторҳои ғайринизомӣ, таълим диҳед то онҳо ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ кунанд" - гуфт вазир нишасти матбуотӣ.
Лентаи хабарҳо
0