https://sputnik.tj/20230621/putin-tank-gharb-ukraina-otash-1057839744.html
Путин: танкҳои ғарбӣ дар Украина даруни оташанд
Путин: танкҳои ғарбӣ дар Украина даруни оташанд
Sputnik Тоҷикистон
Феълан, нерӯҳои украинӣ ба муттаҳид кардани ҷузъу томҳои нави бригадаҳое, ки талафот дидаанд, машғуланд ва барои барқарор кардани қобилияти ҷангӣ талош мекунанд
2023-06-21T19:02+0500
2023-06-21T19:02+0500
2023-06-22T13:33+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
артиш
русия
владимир путин
ғарб
таҷовуз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/10/1057756146_0:0:2924:1645_1920x0_80_0_0_8f237902c006c819767568e801e2c92a.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Ҳамлаи ҷавобии Қувваҳои мусаллаҳи Украина ба поён расид, дар фронт оромӣ ҳукмфармост, гуфт президенти Русия Владимир Путин. "Аҷаб аст, ки мо оромии муайянеро мушоҳида мекунем. Ин ба он далел аст, ки душман ҳам аз ҳисоби ҳайати шахсӣ ва ҳам аз ҷиҳати техника талафоти ҷиддӣ медиҳад", - гуфт ӯ. Ба гуфтаи кишвардор, дар ҳоли ҳозир нерӯҳои украинӣ бо муттаҳид кардани бригадаҳо ва воҳидҳои нав, ки талафот дидаанд, банд буда, барои барқарор кардани қобилияти ҷангӣ талош доранд. "Баъзе унсурҳои амалиёти ҷангӣ, албатта, сурат мегиранд - тирандозӣ, ҷосусӣ дар амал. То ҳол амалиёти фаъоли ҳамла анҷом нашудааст", - гуфт Путин. Вай афзуд, таҷҳизоти низомие, ки кишварҳои ғарбӣ ба Украина интиқол медиҳанд, аз ҷониби артиши Русия мунтазам нобуд карда мешаванд. Тибқи ҳисобҳои президент, ҷангиёни Қувваҳои мусаллаҳи Русия аз оғози ҳамлаи ҷавобӣ 245 танки душман ва тақрибан 678 мошини зиреҳпӯши навъҳои гуногунро нобуд кардаанд. Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Илова бар ин, ҳадафҳои дигари амалиёт демилитаризатсия ва денатсификатсияи Украина мебошанд.
украина
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/10/1057756146_54:0:2785:2048_1920x0_80_0_0_6031e907578c98e54a6e062a1bd5d28b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин, амалиёти вижа, украина
путин, амалиёти вижа, украина
Путин: танкҳои ғарбӣ дар Украина даруни оташанд
19:02 21.06.2023 (Навсозишуда: 13:33 22.06.2023) Феълан, нерӯҳои украинӣ бо муттаҳид кардани ҷузъу томҳои нави бригадаҳое, ки талафот дидаанд, машғуланд ва барои барқарор кардани қобилияти ҷангӣ талош мекунанд
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Ҳамлаи ҷавобии Қувваҳои мусаллаҳи Украина ба поён расид, дар фронт оромӣ ҳукмфармост, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Аҷаб аст, ки мо оромии муайянеро мушоҳида мекунем. Ин ба он далел аст, ки душман ҳам аз ҳисоби ҳайати шахсӣ ва ҳам аз ҷиҳати техника талафоти ҷиддӣ медиҳад", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи кишвардор, дар ҳоли ҳозир нерӯҳои украинӣ бо муттаҳид кардани бригадаҳо ва воҳидҳои нав, ки талафот дидаанд, банд буда, барои барқарор кардани қобилияти ҷангӣ талош доранд.
"Баъзе унсурҳои амалиёти ҷангӣ, албатта, сурат мегиранд - тирандозӣ, ҷосусӣ дар амал. То ҳол амалиёти фаъоли ҳамла анҷом нашудааст", - гуфт Путин.
Вай афзуд, таҷҳизоти низомие, ки кишварҳои ғарбӣ ба Украина интиқол медиҳанд, аз ҷониби артиши Русия мунтазам нобуд карда мешаванд.
Тибқи ҳисобҳои президент, ҷангиёни Қувваҳои мусаллаҳи Русия аз оғози ҳамлаи ҷавобӣ 245 танки душман ва тақрибан 678 мошини зиреҳпӯши навъҳои гуногунро нобуд кардаанд.
"Албатта, дар онҷо "Леопардҳо" ҳастанд, зиреҳпӯшҳои чархдори фаронсавӣ, зиреҳпӯшҳои амрикоӣ, ҳама чиз ҳаст. Онҳо ҳоло даруни оташанд", - қайд кард Путин.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Илова бар ин, ҳадафҳои дигари амалиёт демилитаризатсия ва денатсификатсияи Украина мебошанд.