Маълумоти оперативӣ: Мошин бо як нафар баъди рабудани бонкдор ба дарё партофта шудаст

© КЧС ТаджикистанаПоиск в реке Зарафшон
Поиск в реке Зарафшон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2023
Обуна шудан
Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон корҳои ҷустуҷӯии афроди рабудашударо дар дарёи Зарафшон анҷом медиҳанд
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бархе маълумоти марбут ба рабуда шудани ноиби раиси "Ориёнбонк", Шӯҳрат Исматуллоевро нашр кард.
КҲФ бо такя ба ба маълумоти оперативӣ мегӯяд, шаҳрванд Акмал Раҳмонов ва як мошини тамғаи тамғаи "Хундай Соната" дар километрҳои 118 ва 118,8-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд баъди содир кардани ҷинояти одамрабоӣ ба дарёи Зарафшон партофта шудаанд.
Наҷотдиҳандагони Раёсати хадамоти махсуси ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ ва КҲФ ҳамарӯза дар қад-қади соҳили дарё корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотбахширо анҷом медиҳанд, афзуд манбаъ.
Ориёнбанк в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2023
Як ҳафтаи ҷустуҷӯи ноиби рабудашудаи раиси "Ориёнбонк": Натиҷа чист?
Таъкид шуд, ки амалиёти ҷустуҷӯӣ дар шароити басо душвор, ки дар ҳоли баланд шудани суръату сатҳи об ҷараён дорад.
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси ҶСК "Ориёнбонк" рӯзи 23-юми июни соли равон, тахминан соати 20.10-дақиқа дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз ҷониби як гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ рабуда шудааст.
Барои пайдо кардани муовини раиси "Ориёнбонк" як гуруҳи махсуси фаврӣ - ҷустуҷӯӣ дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Лентаи хабарҳо
0