https://sputnik.tj/20230620/hunarmandon-badakhshon-qazoqiston-1057812841.html
Ҳунармандони Бадахшон ба Қазоқистон мераванд
Ҳунармандони Бадахшон ба Қазоқистон мераванд
Sputnik Тоҷикистон
Барои ин сафари ҳунарӣ санъаткорони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазифадор шуданд, ки барномаи мукаммалу дидании фарҳангӣ омода намоянд
2023-06-20T13:38+0500
2023-06-20T13:38+0500
2023-06-20T13:38+0500
фарҳанг
вмкб
раиси вилоят
алишер мирзонабот
ҳунарнамоӣ
қазоқистон
остона
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102250/08/1022500803_0:113:2155:1325_1920x0_80_0_0_bc2876fd144a2914238b41f116286452.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Санъаткорони Бадахшон бо барномаи дидании фарҳангӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҳунарнамоӣ мекунанд.Дар ин бора, зимни ҷаласаи назоратӣ, ки таҳти раёсати раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот баргузор гардид, маълум шуд, вале рӯзи сафар дақиқ гуфта нашуд.Раиси вилоят дар назди масъулини шуъба ва бахшҳои фарҳанг, раёсат ва шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои вилоят барои таҳияи барномаи мукаммали фарҳангӣ супоришҳои иловагӣ гузошт.Санъаткорон бояд бо ин барнома, дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҳунарнамоӣ кунанд.Мирзонабот ҳамчунин, барои омода намудани варзишгарон аз намудҳои шоҳмот, тениси калон, шиноварӣ ва давидан барои мусобиқаҳои варзишӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, дастурдо дод.Масъалаи дигари ҷаласа омодагии ҳамаҷони бабарои баргузор кардани як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ, вусъати корҳои ободонӣ бамуносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ буд.Ҳамчунин дар ҷаласа, бобати рушди соҳаи маориф, талафоти чорвои шохдори калон ва моли майда дар хоҷагиҳои чорвопарварӣ ва аҳолӣ, ба истифода додани Матбааи вилоятӣ, инчунин вусъати корҳои ободонию созандагӣ, таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дигар масъалаҳо табодули назар карда шуд.Ёдовар мешавем, ки зимни сафари ахири худ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон густариши минбаъдаи ҳамкориҳоро дар бахши фарҳанг ва иртибот байни муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳои ду давлатро зарур хонд.Раҳмон: Қазоқистон шарики боэътимоди стратегии Тоҷикистон астДар ин сафар Раҳмон ва Тоқаев эъломияи ҳамкории ҳампаймониро имзо карданд, ки муносиботи ду кишварро ба сатҳи нав баровард.
https://sputnik.tj/20230504/qanoatmandi-rahmon-toqaev-hamkori-rushd-1056871976.html
вмкб
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102250/08/1022500803_120:0:2036:1437_1920x0_80_0_0_977b1543bcd071c848bd4b89c4b71080.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
санъаткорон, бадахшон, остона, ҳунарнамоӣ
санъаткорон, бадахшон, остона, ҳунарнамоӣ
Ҳунармандони Бадахшон ба Қазоқистон мераванд
Барои ин сафари ҳунарӣ санъаткорони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазифадор шуданд, ки барномаи мукаммалу дидании фарҳангӣ омода намоянд
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Санъаткорони Бадахшон бо барномаи дидании фарҳангӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҳунарнамоӣ мекунанд.
Дар ин бора, зимни ҷаласаи назоратӣ, ки таҳти раёсати раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот баргузор гардид, маълум шуд, вале рӯзи сафар дақиқ гуфта нашуд.
Раиси вилоят дар назди масъулини шуъба ва бахшҳои фарҳанг, раёсат ва шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои вилоят барои таҳияи барномаи мукаммали фарҳангӣ супоришҳои иловагӣ гузошт.
Санъаткорон бояд бо ин барнома, дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҳунарнамоӣ кунанд.
Мирзонабот ҳамчунин, барои омода намудани варзишгарон аз намудҳои шоҳмот, тениси калон, шиноварӣ ва давидан барои мусобиқаҳои варзишӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, дастурдо дод.
Масъалаи дигари ҷаласа омодагии ҳамаҷони бабарои баргузор кардани як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ, вусъати корҳои ободонӣ бамуносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ буд.
Ҳамчунин дар ҷаласа, бобати рушди соҳаи маориф, талафоти чорвои шохдори калон ва моли майда дар хоҷагиҳои чорвопарварӣ ва аҳолӣ, ба истифода додани Матбааи вилоятӣ, инчунин вусъати корҳои ободонию созандагӣ, таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дигар масъалаҳо табодули назар карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки зимни сафари ахири худ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон густариши минбаъдаи ҳамкориҳоро дар бахши фарҳанг ва иртибот байни муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳои ду давлатро зарур хонд.
Дар ин сафар Раҳмон ва Тоқаев эъломияи ҳамкории ҳампаймониро имзо карданд, ки муносиботи ду кишварро ба сатҳи нав баровард.