Раҳмон ва Тоқаев эъломияи ҳамкории ҳампаймониро имзо карданд

© пресс-служба президента РТПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Казахстана Касым-Жомарт Токаев
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Казахстана Касым-Жомарт Токаев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2023
Обуна шудан
Қосимҷомарт Тоқаев Тоҷикистонро шарики боэътимоди стратегии Қазоқистон ва давлати бародару наздик ба кишвараш номид
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро як сафари таърихӣ номид.
Дар ин бора дафтари матбуоти раҳбари Қазоқистон хабар дода, таъкид кардааст, ки президентҳо гуфтугӯ дар шакли маҳдударо анҷом доданд.
Гуфта мешавад, ки сарони ду кишвар эъломияро дар бораи равобити иттифоқӣ имзо карданд.
Тоқаев дар оғози мулоқот Тоҷикистонро шарики боэътимоди стратегии Қазоқистон ва ҳамчунин давлати бародару наздик номид.
Ба гуфтаи ӯ, санади имзошуда равобити ду кишварро ба сатҳи нав бардошта, ҷавобгӯи манофеи миллатҳо мебошад.
"Аз қадим моро гузаштаи муштараки таърихӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва маънавӣ мустаҳкам мепайвандад. Мо ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро фаъолона инкишоф медиҳем. Дар тӯли солҳои зиёд Қазоқистон дуввумин шарики тиҷоратии Тоҷикистон буд", - гуфтааст ӯ.
Вай қайд кард, ки дар пеш кори зиёде аст, зеро муносибатхои иттифоқӣ лоиҳаҳои нави стратегиро дарбар мегиранд.
Дар навбати худ Эмомалӣ Раҳмон ба Қосимҷомарт Тоқаев барои даъват ба Қазоқистон ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос кард.
Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2023
Дар форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон беш аз 40 созишнома ба имзо расид
Вай қайд кард, ки кишварҳо дар бисёр соҳаҳо муколамаи фаъол доранд.
Илова бар ин, дар ҷараёни музокирот дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Қазоқистону Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Сарони давлатҳо ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва нақлиёт таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Лентаи хабарҳо
0