https://sputnik.tj/20230504/rahmon-qazoqiston-shariki-boetimodi-strategii-tojikiston-1056878386.html
Раҳмон: Қазоқистон шарики боэътимоди стратегии Тоҷикистон аст
Раҳмон: Қазоқистон шарики боэътимоди стратегии Тоҷикистон аст
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо бо Раиси Маҷлиси Парламенти Қазоқистон аз сатҳи баланди муносибатҳои гуногунҷанба ва ҳамдигарфаҳмӣ, изҳори қаноатмандӣ кард
2023-05-04T15:51+0500
2023-05-04T15:51+0500
2023-05-04T15:51+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
ҳамкорӣ
равобит
муносибат
парлумон
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/04/1056878031_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_e2da5e353a30166b0a61012b761ab069.jpg
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ бо Раиси Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошанов мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти президенти кишвар.Тибқи иттилои манбаъ, дар рафти мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон, аз ҷумла заминаи ҳуқуқии байни давлатҳо ва робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ гардид.Президенти кишвар дар ин мулоқот иброз доштааст, ки Қазоқистон шарики боэътимоди стратегии Тоҷикистон аст ва дар сиёсати хориҷии давлати мо мақоми хосса дорад.Ҳамзамон зимни вохӯрӣ аз сатҳи баланди муносибатҳои гуногунҷанба, ки аз анъанаҳои деринаи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод ва дастгирии ҳамдигар асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.“Робитаҳои байнипарлумонӣ ҷузъи муҳими муносибатҳои мост, зеро онҳо дар пешбурди афзояндаи тамоми масъалаҳои рӯзномаи муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон ва дар таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкории ду давлат нақши муҳим доранд”, - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.Дар рафти мулоқот ҷонибҳо дар бораи ҳамкории зичи кишварҳо тавассути парлумони ду давлат дар сатҳҳои гуногуни байналмилалӣ, аз ҷумла ассамблеяҳои парлумонии ИДМ, СААД, САҲА, сафарҳои мутақобилаи ҳайатҳои парлумонӣ ва таъсиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумони табодули андеша карданд.
https://sputnik.tj/20230504/toqaev-ba-rahmon-ordeni-uqobi-tiloi-dod-1056874980.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/04/1056878031_146:0:1919:1330_1920x0_80_0_0_92a5dc83b50db03880de87f9e848b30b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қазоқистон, шарик, боэътимод, стратегӣ, парлумон, муносибат, ҳамдигарфаҳмӣ, қаноатмандӣ
тоҷикистон, қазоқистон, шарик, боэътимод, стратегӣ, парлумон, муносибат, ҳамдигарфаҳмӣ, қаноатмандӣ
Раҳмон: Қазоқистон шарики боэътимоди стратегии Тоҷикистон аст
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо бо Раиси Маҷлиси Парламенти Қазоқистон аз сатҳи баланди муносибатҳои гуногунҷанба ва ҳамдигарфаҳмӣ, изҳори қаноатмандӣ кард
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ бо Раиси Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошанов мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти президенти кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ, дар рафти мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон, аз ҷумла заминаи ҳуқуқии байни давлатҳо ва робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ гардид.
Президенти кишвар дар ин мулоқот иброз доштааст, ки Қазоқистон шарики боэътимоди стратегии Тоҷикистон аст ва дар сиёсати хориҷии давлати мо мақоми хосса дорад.
Ҳамзамон зимни вохӯрӣ аз сатҳи баланди муносибатҳои гуногунҷанба, ки аз анъанаҳои деринаи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод ва дастгирии ҳамдигар асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
“Робитаҳои байнипарлумонӣ ҷузъи муҳими муносибатҳои мост, зеро онҳо дар пешбурди афзояндаи тамоми масъалаҳои рӯзномаи муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон ва дар таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкории ду давлат нақши муҳим доранд”, - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо дар бораи ҳамкории зичи кишварҳо тавассути парлумони ду давлат дар сатҳҳои гуногуни байналмилалӣ, аз ҷумла ассамблеяҳои парлумонии ИДМ, СААД, САҲА, сафарҳои мутақобилаи ҳайатҳои парлумонӣ ва таъсиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумони табодули андеша карданд.