Ғарб орзуи асосии украиниҳоро амалӣ кард – ва ба камингоҳи Путин афтод

© AP / Efrem LukatskyУкраинские военнослужащие
Украинские военнослужащие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2023
Обуна шудан
Ҳамлаи ҷавобии украинӣ, ки ба он ҳама чиз ба гарав гузошта шуда буд, ноком шуд. Ғарб акнун дарк намуда истодааст, ки чуқурии чоҳи барои худаш кофтааш чӣ гуна аст
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik, Ирина Алкснис. Дар рӯзҳои аввали муташанниҷ шудани вазъ дар фронт муҳокимаи он, ки он ҷо чӣ мегузарад, ба шахсони ноогоҳ душвор буд.
Аммо, акнун аён гашт, ки қувваҳои мусаллаҳи Украина, чун пештара, дар пешгоҳи майдони мудофиа, дар минтақаи хокистарие, ки ба ягон тараф тааллуқ надорад, амал менамоянд. Яъне, ки он талафотҳои азими ҷонӣ ва техникиеро, ки Киев дорад, то ба хатти иншоотҳои мудофиавиии русиягӣ норасида, дода истодааст. Мо ҳоло дар бораи рахнаи он ҳарфе назадем –дар бораи рахнаи ана ҳамин хати пеши мудофиавӣ.
Табиист, ки ҷонҳои украиниҳоро Ғарб умуман ба назари эътибор намегирад, аммо он ҷо талафоти худро дар шакли пулҳои сарф намудаашон ва яроқи интиқолдодаашон ҳисоб мекунанд.
Тибқи маълумоти Bloomberg, имрӯз ИА ҳаҷми бастаи кӯмаки пулӣ ба Украинаро расонаӣ мекунад – ба андозаи 50 миллиард евро (55 миллиард доллар). Нашрия қайд менамояд, ки аврупоиҳо мехоҳанд худро аз ӯҳдадориҳои барояшон малоловар дур доранд, бинобар ин ин кӯмак ба шакли грант, қарзҳои имтиёзнок ва кафолатнок дода мешавад.
Вазъи амрикоиҳо – бо ин ҳама кӯшишҳояшон бобат ғарқ намудани иҷтисоди иттифоқчиёни аврупоияшон – камтар беҳтар аст. Миллиардери номдори амрикоӣ Дэвид Сакс якчанд соат пеш мақолаеро дарҷ намуд, ки дар он на фақат нокомии ҳамлаи ҷавобии украинӣ, балки кӯчаи сарбастаеро, ки дар он маъмурияти Ҷо Байден қарор дорад, низ шарҳ дод.
Круглый стол, посвящённый Году культурного наследия народов России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Наришкин: Ғарб ба муваффақ анҷом ёфтани ҳамлаи ҷавобии Украина бовар надорад
Дар гузашта ИМА аллакай ба Украина зиёда аз 100 миллиард доллар ҷудо намудааст. Фаҳмост, ки қисми зиёди ин пулҳо дар Вашингтон бӯлак карда шудаанд, ба ҳар ҳол маълум шуд, ки маблағҳо - ба ҷои он, ки дар ин рӯзҳои барои амрикоиҳо душвор ба ҳадафҳои рӯзмарра равон карда шаванд - бемантиқу беҳуда ба самти украинӣ сарф карда шудаанд
Ҳатто агар ин хароҷотҳо муҳим набошанд ҳам (охири охирон, ИМА идоракунии дастгоҳи асосии пулчопкунии ҷаҳониро идома дода истодааст), аққалан аз онҳо нафъе дар шакли иҷрои вазифаҳои гузошташуда мебуд, гапи дигар буд. Ба ҷои ин, номуродиҳо дар фронт равшану гӯё бозгӯи онанд, ки Украина барои Ғарб ба чоҳи сиёҳи бетаге табдил ёфтааст, ки танҳо захираҳоро фурӯ бурдан дораду аз он нафъе нест ва ягон дамдамаи манфӣ надорад.
Дар ҳамин ҳол, худи Киев худро роҳат ҳис мекунад. Он ҷо фаҳмиданд, ки Русия нияти то сарҳади Лаҳистон расиданро надорад, ин маънои онро дорад, ки бо Маскав бо реҷаи ҳозира хело дуру дароз ҷангидан мумкин аст. Аз ҳама асосиаш – бо қисми зиёди кишвар дар таъминоти Ғарб мондан аст. Вазири корҳои хориҷа Дмитрий Кулеба изҳор дошт, ки то он даме, ки низоҳои ҷангӣ давом доранд, ба ӯ доиман яроқи интиқолдодашудаистода камӣ мекунад.
Дар чунин вазъият, андозаи аз ақл беруни чун тӯдаи барф афудаистодаи қарзҳо дар Украина касеро ба ташвиш намеорад – он ҷо рӯирост мегӯянд, ки ният доранд ин қарзҳоро пас аз ғалаба бар Маскав аз ҳисоби товони русиягии ҷанг баргардониданианд. Ба он чӣ, ки ғалаба ҳеҷ даст надода истодааст, он Ғарб гунаҳгор аст, зеро кам ва бад кӯмак расонида истодааст. Мавқеи фавқулодда қулай.
Он, ки худи ҳозир кишвар бо ҷони садҳо ва ҳазорон шаҳрвандони худ пардохт намуда истодааст, дар Киев касеро ташвиш намедиҳад. Амалан, айни замон Украина орзуи асосии худро амалӣ намуд ва ҳама корро мекунад, то мақоми “статус-кво” - ро (ё худ дар ҳолати то ҷанг доштаашро) дар худ нигоҳ дорад.
Брошенная военная техника ВСУ в Белгородской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2023
Пешгӯиҳои нохубтарин амалӣ мешаванд: Ҳамлаи ҷавобии Украина чиро нишон дод?
Албатта, охир ин ҳама нишоти зиндагист – дар гардан нишастанҳо, ва боз то ҳадди имкон берӯёнаву бешармона. Ва Ғарб метавонист ба як мижа задан ин ҳамаро хотима бахшад. Фақат наметавонад – Кохи сафед ва аъёну ашрафи либералии атлантикӣ басо чизҳоро дар Украина ба гарав гузоштаанд, ва ба ақиб роҳ нест. Дар зовияи интихоботи наздикшудаистодаи президентӣ бошад, ин ҳама гӯшношунид метобад – шикасти пусадову шармандавору басо қимати баланд доштаи ҳизби демократӣ.
Дэвид Сакс, чун бисёриҳо то вай, вазъияти баамаломадаро бо ҳолати дар Афғонистон рухдода муқоиса мекунад, ки рафтани амрикоиҳо аз он ҷой ба расвоиву шармандагиву пастзанӣ дар ҷаҳон табдил ёфт. Аммо, дар асл вазъият боз ҳам бадтар аст. Бо гузашти 20 сол маъракаи афғонӣ барои ҷаҳониён ба як навои дилгиркунандаи иттилоотӣ табдил ёфта буд.
Он чӣ, ки он ҷо дар чун дар кӯчаи сарбаста банд монда буданду ба иттифоқчиёнашон зарур буд, ки аз он ҷо раванд, ба ҳама аён буд. Рехтани обрӯи ИМА ҳатто ба далели баровардани нерӯҳо аз ин кишвари худоён фаромӯшкардаи канори ҷурғофӣ вобаста набуд, балки аз он буд, ки то кадом андоза ин амал тариқи сирф боркашонӣ сурат гирифт, на чун амали сиёсӣ.
Корҳо дар Украина куллан ба тарзи дигаранд. Дар якуним соли сипарӣ Ғарб то метавонист за ҷиҳати иттилоотӣ мавзӯи зиддияти Русияро дар он ҷо чун бӯҳрони вобаста ба ҳаёту мамоти сайёра дам доду гардон намуд. Барои он, ки ин дам доданҳояш фаромӯш шаванду аз доғи рӯз бардошта шаванд, 20 сол набошад ҳам, вақти дуру дароз лозим аст. Худи ҳозир ва яку якбора дигар намудани сиёсати украинӣ маънои на фақат зарбаи дарднок ба нуфузи ИМА ва Аврупоро хоҳад дошт, балки ин эътирофи шикасти вазнинтарини стратегӣ дар назди ҷаҳониён хоҳад буд.
Боевая работа самоходной гаубицы 2С19 Мста-С в ЛНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2023
Артиши Украина дар як рӯз дар хати ҷабҳаи Запарожие 200 сарбозу 33 танкро аз даст дод
Дар вазъияти имрӯза, ки бе ин ҳам дар нуқтаҳои гунногуни сайёра таъсири ИМА бошитоб поёнравӣ дорад, Иёлоти Муттаҳида ба худ инро иҷоза дода наметавонанд, зеро ин ҳама як такони бештаре хоҳад буд ба садамаи гегемония ва ё худ яккаҳукмфармоии онҳо – яъне, ки ин ҷо сухан нафақат ва ё фақат дар бораи муаммоҳои дохилиҳизбӣ намеравад.
Масале ҳаст, ки мушон ашк мерезанду амали барояшон нохушоянд – хоидани гулҳои пурхор –кактусҳоро идома медиҳанд. Ҳамон гуна, ҳаминаш мемонад, ки кактусҳоро хоянду худро чуқуртар ба бӯҳрони украинӣ гӯронанд - ба бӯҳроне, ки дар ҳама сурат барои Ғарб бо шикасти геополитикӣ хотима меёбад, аммо худи ҳозир не, камтар дертар – ҳолати классикии тсугтсванг ё худ гаште, ки дар ҳама ҳолат аз он роҳи хуби баромад мавҷуд нест.
Лентаи хабарҳо
0