Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Наришкин: Ғарб ба муваффақ анҷом ёфтани ҳамлаи ҷавобии Украина бовар надорад

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкКруглый стол, посвящённый Году культурного наследия народов России
Круглый стол, посвящённый Году культурного наследия народов России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2023
Обуна шудан
Раҳбари сервиси иттилооти хориҷии Русия ахиран гуфт, ки аксари кишварҳои Ғарб ба муваффақ анҷом ёфтани ҳамлаи ҷавобии артиши Украина шак доранд
ДУШАНБЕ, 16 июн – Sputnik. Раҳбари сервиси иттилооти хориҷии Русия Сергей Наришкин дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Российская газета" гуфт, аксари таҳлилгарони ғарбӣ ба муваффақ анҷом ёфтани ҳамлаи ҷавобии артиши Украина шубҳаи ҷиддӣ доранд.
Вай гуфт, ки коршиносон ҳадафҳои Киевро дастнорас арзёбӣ мекунанд ва онҳо бар онанд,ки ҳамлаи ҷавобӣ метавонад ба натиҷаҳои баръакс оварда расонад.
"Дар ҳошия, бисёре аз таҳлилгарони низомии ғарбӣ дар бораи муваффақияти моҷароҷӯии Украина шубҳаҳои ҷиддӣ баён мекунанд. Бе тафсилот, метавон гуфт, ки ҳадафҳое, ки режими Киев эълон кардааст, дастнорас арзёбӣ мешавад", - гуфт Наришкин.
Ба гуфтаи вай, намояндагони бонуфузи хадамоти кашшофии кишварҳои ғарбӣ, инчунин ниҳодҳои низомии онҳо истисно намекунанд, ки "ҳамлаи ҷавобӣ метавонад ба натиҷаҳои муқобил оварда расонад".
Президент ЮАР Сирил Рамафоса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2023
Африқои Ҷанубӣ даъват кард, ки низоъ дар Украина тавассути гуфтушунид хотима ёбад
Ҳамлаи Украина дар самтҳои Ҷануби Донетск, Запорожие, Артемовск 4 июн оғоз шуд, дар ҳоле, ки зарбаи асосии артиши Украина дар ҷабҳаи Запорожие мутамарказ шуда буд.
Киев гурӯҳҳои ҷангиро, ки бо кумаки мутахассисони НАТО омода шуданд ва бо техникаи Ғарб мусаллах буданд, ба хати ҷабҳа партофт. Мақсади ҳамлаи Киев ба гуфтаи фармондеҳи артиши 58-уми Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, генерал-майор Иван Попов, рахна кардани хати дифои Русия, ва расидани сарбозони украинӣ ба баҳри Азов мебошад.
Илова бар ин, қаблан Украина борҳо изҳор дошт, ки ҳадафи ҳамла дастрасӣ ба Қрим аст.
Лентаи хабарҳо
0