Пешгӯиҳои нохубтарин амалӣ мешаванд: Ҳамлаи ҷавобии Украина чиро нишон дод?

© Фото : МО РФБрошенная военная техника ВСУ в Белгородской области
Брошенная военная техника ВСУ в Белгородской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2023
Обуна шудан
Коршиносон бар онанд, ки надоштани қобилияти ғалаба бар Русия Киевро ба сари мизи гуфтушунид меорад – барои бастани сулҳ ва ё аққалан сулҳи муваққатӣ
ДУШАНБЕ, 19 июн – Sputnik, Михаил Катков. ВАО-и Ғарб огоҳ менамоянд: шикасти ҳамлаи ҷавобӣ барои Киев гарон меафтад. Иттифоҷчиён аз НАТО маблағгузорӣ ва интиқоли яроқро кам мекунанд ва қувваҳои мусаллаҳи Украина наметавонанд амалиётҳои ҷангиро бо шиддати пештара идома диҳанд. Украинаро ба чӣ омода намуда истодаанд?

Нақшаҳо ба кор наомаданд

Режими киевӣ дар бораи ҳуҷуми ҷавобӣ аз тирамоҳи соли гузашта инҷониб ҳадс мезанад. Вазифаи ниҳоӣ - ғасби Қрим ҳисоб мешуд, ин сенарияест қаноатбахш - барҳам додани роҳи хушкигард ба нимҷазира. Лекин, чуноне, ки аён гашт, ҳатто гузаштан аз минтақаи бетараф дар мавзеъҳои низоъ барои гурӯҳҳои зарбазан мушкил пеш меорад.
Рӯзномаи The Washington Post хабар медиҳад, ки қувваҳои мусаллаҳи Украина якбора дар якчанд самт ба ҳуҷум гузаштаанд. Ҷузъу томҳои тибқи тарзу усули НАТО меҷангида ва бо яроқҳои натогӣ истифода мебурда ба муҳориба сар карданд. Вазъият алҳол норӯшан аст.
Рӯзноманигорони амрикоӣ тахмин мезананд, ки барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас ба Киев якчанд моҳ лозим аст.
Президент ЮАР Сирил Рамафоса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2023
Африқои Ҷанубӣ даъват кард, ки низоъ дар Украина тавассути гуфтушунид хотима ёбад
Шабакаи телевизионии британиягии Sky News натиҷаҳои нобарори ҳамлаи ҷавобии дуҳафтаинаро бо сабаби ҳуҷум аз майдонҳои миназоркардашуда сафедкунӣ дорад. Бар замми ин, артиши русиягӣ мудофиаи хуб дорад ва байни сарҳадҳои тактикӣ хуб гардиш мекунад, ки барои ҳуҷумкунандагон хело қимат меафтад.
Умуман, новобаста аз истифодаи васеи техникаи зиреҳпӯши ғарбӣ, аз ҷумла –зиреҳпӯши вазнин, муваффақияти амалиёт зери суол аст.
Шореҳи нозомии Bild Юлиан Репке ишора дорад, ки дар Ҷумҳурии халқии Донетск артиши Украина камтар пеш рафт, аммо дар вилояти Запорожетс бошад аҳволи кор бадтар аст.
Дар наздикии шаҳри Орехов дар давоми як ҳафта, ба гуфти таҳлилгарони ғарбӣ, Киев дастикам 7 танки Leopard 2, 12 мошинаи ҷангии хушкигарди Bradley талаф додааст. Ростӣ, ҳоло 40 ҳазор нафар ҷанговарон ба ҳайси захира мавҷуданд.
Дар агентии Reuters аз он бим доранд, ки вақте қувваҳои мусаллаҳи Украина то хатти асосии ҷанг мерасанд, талафаоти аз ҳад зиёд мебинанд ва дигар ҳуҷумро идома дода наметавонанд. Умқи мустаҳкамкуниҳои русиягӣ 10 - 15 километрро ташкил медиҳад. Ба Киев метавонист “ногаҳонии оперативӣ ва тактикӣ ” кӯмак расонад, лек он аллакай нест.

Ғарб кӯмак намекунад

Ба ҳар ҳол, президенти Чехия, генерали мустаъфии артиш Петр Павел басо некбин аст. Ба гуфти ӯ, Украина ҳоло бо ҷиддият ягон чора надидааст, амалиётҳои ҷангии ҳозира бошанд – фақат марҳилаи омодагист.
Боевая работа самоходной гаубицы 2С19 Мста-С в ЛНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2023
Артиши Украина дар як рӯз дар хати ҷабҳаи Запарожие 200 сарбозу 33 танкро аз даст дод
“Ба таҷрибаи ҷангии худам такя намуда, ман аз ин амалиётҳо шаклгиранда ном мебурдам”, - гуфт ӯ. Ба андешаи ӯ аз 10 то 12 июл дар саммити НАТО дар Вилнюс ба Украина ҳамон гуна кафолати амниятӣ дода мешавад, чуноне, ки ба Исроил дода шудааст. Яъне, ки бо яроқ таъмин менамоянд ва имкони дастрасӣ ба технологияҳои низомиро медиҳанд.
Дар навбати худ, сардори ситоди ҳарбии ИА Эрве Блежан батакрор мегӯяд, ки низомиёнашро вориди Украина намуданӣ нест, зеро ягон тарафи барандагони низоъ ҳисобида намешавад ва будан ҳам намехоҳад.
Ҳамчунин, дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии фаронсавии LCI ӯ хабар дод, ки новобаста аз натиҷаи ҳамлаи ҷавобии Украина, ҷанг давом хоҳад кард. “Онҳо муваффақ намешаванд, ки ҳамаи қаламравҳои аз даст рафтаро баргардонанд”, - қайд намуд Блежан.
Котиби генералии НАТО Йенс Столтенберг чунин меҳисобад, ки ҳоло гуфтан дар бораи он, ки оё амалиёти артиши Украина гардиши куллие шуда метавонад ё не, барвақт аст. Аммо чӣ қадаре, ки Киев пеш равад, ҳамон қадар мавқеаш дар гуфтушунид мустаҳкамтар хоҳад буд. Дар ҳамин ҳол, НАТО то ҳол қарори ниҳоиро бобати интиқоли яроқ қабул накардааст.
Нашрияи Politico инро ба наздик шудани интихоботи президентӣ дар ИМА рабт медиҳад. Ин дар ҳолест, ки Вашингтон аз натиҷаҳои аввали ҳамлаи ҷавобӣ мутаассир аст.
Военнослужащий артиллерийского расчета РСЗО Ураган вооруженных сил РФ работает по позициям ВСУ в южном секторе СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Балитский: Артиши Украина дар хати ҷабҳаи Запарожие то моҳи август торумор мешаванд
Ҳукумати киевӣ шикоят дорад, ки ба интиқоли минбаъдаи яроқу аслиҳа фақат пас аз ба итмомрасии ин даври низоъ иҷозат медиҳанд. ”Дастгирии дуҳизбии Киев дучори нифоқ аст”, - равшанӣ меандозад The Washington Post.

“Мо ҳоло оғоз нанамудаем”

Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Украина Валерий Залужний дар сӯҳбати телефонӣ бо сардори Кумитаи муттаҳидаи сардорони ситодҳои ИМА Марк Миллӣ дар бораи ҷангҳои сахти “характери мудофиавӣ ва ҳуҷумкунӣ дошта” хабар дод. Ва дасрхост намуд, ки мудофиаи зиддиҳавоӣ пурзӯр карда шавад.
Машваратчии Сардори дафтари президент Михаил Подоляк эълон дошт: “Мо ҳоло ҳамлаи ҷавобиро оғоз нанамудаем, Русия бошад мегӯяд, ки аллакай бурд намудааст”. Ба гуфти ӯ, айни замон қувваҳои мусаллаҳи Украина якчанд вазифаҳоро иҷро намуда истодаанд: ҳарчӣ бештар қувваи зинда ва техникаи русиягиро нобуд сохтан, ҳамзамон, бо зерсохторҳои камшумор душманро тарс додан ва дар якчанд самт пеш рафтан.
Аммо,ҳатто дар Киев бисёриҳо бо ӯ розӣ нестанд. Ин на он ҳамлаи ҷавобиест, ки шарикони ғарб ва тангназарон интизораш буданд, бовар дорад сиёсатшинос Константин Бондаренко
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2023
Амалиёти феълии ҷавобии Украина метавонад барои онҳо "қиёмат" шавад - сиёсатшинос
Дар мусоҳиба ба яке аз нашрияҳои маҳаллӣ ӯ гуфт, ки украиниҳоро мебояд, ки ба “гӯштқимакунаки хунан омода шаванд, на ба роҳпаймоии ғалабаовар”. ”Ноумедиву маъюсӣ ва танқид ба унвони роҳбарияти сиёсӣ ва низомӣ бисёр хоҳад буд ”.
Дар ҳамин ҳол, муташанниҷшавии муносибат байни президент Владимир Зеленский ва Залужний, ки аз рӯи овозаҳо, амалиёти ҳозираро дастгирӣ намекард, ба назар мерасад. Маҳз барои ҳамин, ба мавқеи аввал фармондеҳи қӯшунҳои хушкигард Александр Сирский баромад” –мефаҳмонад Бондаренко.
Сиёсатшиноси украинӣ Руслан Бортник чунин меҳисобад, ки агар Киев долони заминӣ ба Қримро таҳти назорати тӯпи худ қарор диҳад, он гоҳ аққалан каму беш дар бораи ягон муваффақият ҳарф задан мумкин буд.
Дар баробари ин, амалиёт кадом натиҷае, ки надошта бошад, пас аз он бояд аз нав барқарорсозии гуфтушунидҳоро, ки баҳори соли 2022 дар Туркия “ях баста буд”, интизор шудан лозим аст.
“Мумкин, ки Маскав ва Киев ба сулҳи муваққатӣ наздик мешаванд. Охири охирон, Украина ба ҳадафи стратегиаш расид – истиқлолияти худро нигоҳ дошт, аммо агар амалиётҳои ҷангӣ идома ёбанд, ин муаммо аз сари нав доғи рӯз мегардад”,- гуфт ӯ.
Коршиноси Донишгоҳи молиявии назди ҳукумати Русия Денис Денисов низ обшавии яхи гуфтушунидро пешгӯӣ дорад.
Зампред Совбеза РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Медведев: ғайринизомисозии Украина бояд то Лвов бирасад
“Агар Украина дар ҳамлаи ҷавобӣ даст наёбад, иттифоқчиёни вай ба қароре хоҳанд омад, ки ҳамаи кӯмаки низомии дар якним соли охир интиқолдодашуда бефоида будааст.
Мумкин, минбаъд низ миллиардҳо доллар ҷудо намоянд, вале фоидааш намешавад. Тибқи иттилоҳои хабарнигорони низомии русиягӣ ва украинӣ, ҳамчунин ВАО-и ғарбӣ, кор ба он рафта истодааст, ки дастгириро қатъ менамоянд”, - андешаронӣ дорад ӯ.
Надоштани қибилияти ғалаба бар Русия Киевро ба сари мизи гуфтушунид меорад – барои бастани сулҳ ва ё аққалан сулҳи муваққатӣ ,- чунин меҳисобад Денисов. Ба Киев дигар роҳ умуман намемонад.
Лентаи хабарҳо
0