https://sputnik.tj/20230615/bozkhond-ijozatnoma-atlaspey-tojikiston-faoliyat-1057733456.html
Бозхонди иҷозатнома: Фаъолияти “Атласпэй” дар Тоҷикистон қатъ гардид
Бозхонди иҷозатнома: Фаъолияти “Атласпэй” дар Тоҷикистон қатъ гардид
Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи оператори низоми пардохтии “Атласпэй” бозхонд ва амали онро қатъ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ниҳоди молиявӣ
2023-06-15T18:21+0500
2023-06-15T18:21+0500
2023-06-15T18:21+0500
дар тоҷикистон
бонк
молия
бонки миллӣ
иҷозатнома
бозхонд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_df2a1dae6fcfcf523709aafe73523c6a.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июн – Sputnik. Ба иттилои манбаъ иҷозатномаи “Атласпэй” бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бозхонд карда шуд.“Дар асоси дархости Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди “Тамвил” иҷозатномаи оператори низоми пардохтии “Атласпэй”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, таҳти №39 ба ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” дода шудааст, бинобар сабаби аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бозхонд гардидани иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ, бозхонд ва амали он қатъ карда шуд”, - таъкид кардааст БМТ.Ҳамчунин раёсати Бонки миллӣ хабар додааст, ки дар асоси қарори мазкур идораи низоми пардохт уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи операторони низомҳои пардохтӣ сабти дахлдорро ворид намояд."Атласпэй" яке аз аввалин Операторони низоми пардохтӣ дар Тоҷикистон аст, ки ба ёрирасони пардохтҳои хизматрасон ба провайдерҳои миллӣ ва байналмилалӣ буд.Ёдовар мешавем, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳи майи соли равон хабар дод, ки дархости раҳбарияти ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” оид ба бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ карда шуд.Дар асоси қарори мазкур мақомоти ваколатдори ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” вазифадор карда шуд, ки комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис диҳад.Ҳамзамон ваколатдори ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” бояд расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрии ташкилоти амонатии қарзии хурдро бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон анҷом диҳад.
https://sputnik.tj/20230614/bonk-milli-alif-bonk-million-somoni-jarima-1057707314.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_1ca53e0c2ff464e6bde609375f319528.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бонки миллии тоҷикистон, атласпэй, иҷозатнома, бозхонд, бмт, амалӣ, оператор низоми пардохт
тоҷикистон, бонки миллии тоҷикистон, атласпэй, иҷозатнома, бозхонд, бмт, амалӣ, оператор низоми пардохт
Бозхонди иҷозатнома: Фаъолияти “Атласпэй” дар Тоҷикистон қатъ гардид
Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи оператори низоми пардохтии “Атласпэй” бозхонд ва амали онро қатъ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ниҳоди молиявӣ
ДУШАНБЕ, 15 июн – Sputnik. Ба иттилои манбаъ иҷозатномаи “Атласпэй” бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бозхонд карда шуд.
“Дар асоси дархости Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди “Тамвил” иҷозатномаи оператори низоми пардохтии “Атласпэй”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, таҳти №39 ба ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” дода шудааст, бинобар сабаби аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бозхонд гардидани иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ, бозхонд ва амали он қатъ карда шуд”, - таъкид кардааст БМТ.
Ҳамчунин раёсати Бонки миллӣ хабар додааст, ки дар асоси қарори мазкур идораи низоми пардохт уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи операторони низомҳои пардохтӣ сабти дахлдорро ворид намояд.
"Атласпэй" яке аз аввалин Операторони низоми пардохтӣ дар Тоҷикистон аст, ки ба ёрирасони пардохтҳои хизматрасон ба провайдерҳои миллӣ ва байналмилалӣ буд.
Ёдовар мешавем, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳи майи соли равон хабар дод, ки дархости раҳбарияти ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” оид ба бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ карда шуд.
Дар асоси қарори мазкур мақомоти ваколатдори ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” вазифадор карда шуд, ки комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис диҳад.
Ҳамзамон ваколатдори ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” бояд расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрии ташкилоти амонатии қарзии хурдро бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон анҷом диҳад.