Бонки миллӣ “Алиф Бонк”-ро беш аз ним миллион сомонӣ ҷарима кард

© Алиф банкАлиф банк
Алиф банк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2023
Обуна шудан
Раҳбари бонк гуфтааст, фаъолияташон ҳамеша шаффоф буда, барои рафъи камбудиҳои дарёфтаи БМТ барномаҳои мушахас ва талош доранд
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон “Алиф Бонк”-ро 600 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст. Чунин ҷарима дар натиҷаи санҷиши ҳамаҷонибаи фаъолияти бонк тайи солҳои 2021–2022 сурат гирифтааст.
Дар ин бора роҳбари "Алиф" Гуланор Атобек дар расонаҳои иҷтимоӣ хабар дода, навиштааст, ки анъанаашонро оид ба шаффофияти фаъолият ва ифшо намудани дастоварду камбудӣ давом медиҳад.
Тибқи навиштаи ӯ, чунин камбудиҳоро БМТ ошкор кардааст:
ҳолатҳои нодуруст анҷом додани амалиётҳои хазинавию муҳосибӣ ва асъорӣ;
камбудиҳои ҷиддӣ дар раванди қонунигардонии маблағҳо;
нодуруст пешниҳод намудани ҳисоботҳо оиди амалиётҳои асъорӣ;
номукаммалии ҳуҷҷатгузорӣ аз рӯи баъзе амалиётҳо.
Атобекова гуфтааст, новобаста аз он, ки мо доим аз санҷиш то санҷиш ҳаракат менамоем, ки норасоиҳои дарёфтгардидаро бартараф намоем, дар рафти санҷиш боз норасоиҳои дигаре пайдо гаштанд.
Оплата по QR-коду - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2023
Пардохт бо QR-код аз ҳама бонкҳои Русия дар Тоҷикистон дастрас шуд
Дар ҳамин ҳол, номбурда қайд кард, ки бонк аллакай ба ислоҳи камбудиҳо машғул аст.
Илова бар ин, ду намуди амалиёт барои бонк маҳдуд карда шуд:
қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандон мувофиқи Қонуни ҶТ "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон".
амалиётҳои мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ барои ширкатҳо, яъне шахсони ҳуқуқӣ дар давоми 3 моҳ, ба истиснои баъзе намуди амалиётҳо.
“Алиф Бонк”, яке аз маъруфтарин ва мардумитарин бонкҳои Тоҷикистон соли 2014 ҳамчун ташкилоти қарзии хурди “Алиф” таъсис ёфта, соли 2020 ба як бонки тамомайёр тағйир кард ва ҳоло аз пешгомони роҳандозии фанновариҳои ҷадид дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар оғоз 3 корманд дошт ва ҳоло 800 корманд дар Тоҷикистону Ӯзбекистон дорад. Тибқи иттилои расмӣ, “Алиф Бонк” ҳудуди 60 млн сомонӣ сармояи оинномавӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0