https://sputnik.tj/20230609/amaliyot-vizha-nizomi-hamla-artish-ukraina-fojea-nato-1057656194.html
Амалиёти вижаи низомӣ: шикасти ҳамлаи артиши Украина – фоҷеа барои ИМА ва НАТО
Амалиёти вижаи низомӣ: шикасти ҳамлаи артиши Украина – фоҷеа барои ИМА ва НАТО
Sputnik Тоҷикистон
“Ҳамлаи ҷавобӣ”-и украинӣ ва амалиёти вижаи низомии русиягӣ дар умум бо чӣ меанҷомад? Эҳтимолияти он ҷой дорад, ки Киев санади таслимшавиро ба имзо расонад
2023-06-09T18:01+0500
2023-06-09T18:01+0500
2023-06-09T19:02+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
русия
амният ва мудофиа
има
нато
таҳлил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1b/1055794490_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_6ef79be0733d3896312895add3ebd291.jpg
Ҷараёни инкишофи се шабонарӯзи аввали ҳамлаҳои украинӣ аз 4 то 7 июн нокомии нақшаҳои фармондеҳии артиши Украинаро нишон медиҳад – дар Зпорожйе, ҳамзамон дар Артёмовск, Белгород ва дигар минтақаҳо.Қатори аввали қисмҳои ҳуҷумкунанда нафасгир шуд, ва асосан нобуд карда шуд. Киев ба ҷанг бригадаҳои навбати дуюм, захираи боқимондаи артиллерия ва техникаи зиреҳпӯшашро партофта истодааст. Мудофиаи русиягӣ дар тамоми хатти бархӯрди ҷангии фронт дастнорас аст.Фақат таи се шабонарӯзи ҳамла дар ҳамаи самтҳо Украина 3715 нафар низомиён, 52 танк, 207 мошинҳои зиреҳпӯш, 134 воситаҳои нақлёт, 5 тайёра ва 2 чархболро аз даст дод.Режими киевӣ аз ҳама бепавоёна захираҳо ва манбаҳоро дар самти Запорожетс сӯзонида истодааст ва бо ин кӯшиш дорад ба Баҳри Азов ва ба нимҷазираи Қрим, ки ҳарду дастнорасанд, рахна зада барояд. Ин ҷо, наздикии шаҳри Орехов, қувваҳои мусаллаҳи Украина бори аввал танкҳои Leopard 2A4-ро истифода бурданд.Дар самти Запорожетс низомиёни русиягӣ шаби бар 8 июн якчанд мавҷи амалҳои ҳаҷумкунандаро зада гардониданд, беш аз 1000 аскар ва 30 адад техникаи зиреҳпӯши артиши украиниро нобуд карданд.Кӯшишҳои истифодаи маҷмааҳои оташи силсилавии HIMARS ва M270 бевосита дар мақеъҳои мудофиавии русиягӣ тавассути мудофиаи заддиҳавоии низомӣ ва зарбаҳои қувваҳои ҳарбӣ-кайҳонии Русия ҷилавгирӣ карда шуд. Ба муқовимати сахт рӯ ба рӯ шуда, душман рӯҳафтода гардид ва ба ҳолати афсурдагӣ гирифтор шудааст.Дурӯғпарокании Киев дар бораи идомаи ҳаракати қӯшунҳои украинӣ дар ноҳияи Артёмовск “ба 1,1 километр” ва манзараи дастисохти зери об монондани вилояти Херсонск, пас аз вайронсозии НОБ-и Каховская, наметавонанд шикасти ҳуҷум, талафоти калони ҳайати шахсӣ ва техникаи артиши Украинаро пӯшонад.Вазъият дар қаламрави Артёмовск таҳти назорати қувваҳои мусаллаҳи ФР қарор дорад,Мавҷи аввали ҷузъу томҳои ҳуҷумкунандаи украинӣ дар наздикии Клешеевка ба садди минадор бархӯрд, дар ин ҳангом мавқи дуюм ба ҳаракат даромад. Авиаторон ва тӯпчиёни русиягӣ дар анбӯҳи душман фаъолияти фаврӣ доштанд – дар саҳрои кушод 13 танк ва мошинҳои зиреҳпӯш даргирифтанд.Дар Ғарб ҳуҷуми украиниро фаъолона муҳокима доранд, ва наметавонанд танку маҷмааҳои мудофиаи зиддиҳавоии натогии дар ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ сӯхтаро сарфи назар намоянд. Қайд менамоянд, ки корномаи ҷангии Leopard -2 беҳбудӣ мехоҳад, зеро артиши туркӣ бо истифодаи аз мошинҳо муқобили лашкари маҳаллӣ дар Ироқ ва Сурия талафоти калон дид.Дар Шарқ бо ҳиссиёт он чизро дарк намуданд, ки Украина бо кӯшишҳои ИМА аллакай ба “бахши дӯзах дар Замин” табдил ёфтааст.Ғарб роҳи баромад аз кӯчаи сарбастаро меҷӯядШикасти қувваҳои мусаллаҳи Украина ва НАТО дар муҳорибаҳои бо ном Наздиазовӣ имрӯз ногузир менамояд: имкониятҳои навбати якуми қӯшунҳои ҳуҷумкунанда пурра ба охир расидаанд, навбати дуюм бошад боз ҳам ба мавқеъҳои аз ҳама дастнораси русиягӣ рӯ ба рӯст.Минбаъд, дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ эҳтимолияти фоҷеаҳои нави дастисохт аз ҷониби режими киевӣ, даровардани артиши бархе аз давлатҳои НАТО ба қаламрави Украинаи Ғарбӣ ё худ пайдо шудани аъзоёни парлумони НАТО бо таклиф бобати сулҳи муваққатӣ ҷой дорад – нашрияи The Hill аллакай хабар дод:”Оташбас дар Украина ба манфиати Амрикост”.“Ҳамлаи ҷавобӣ лаҳзаи ҳалкунандаи ҷанги қариб 16-моҳа мегардад. Барои Киев ин нуқтаи аз ҳама баландтарини низои чандмоҳаи хастакунанда мегардад, ки ... дар охир оқибати ҷангро муайян месозад”, - боз ҳам умед дорад нашрияи британиягии The Time.Нашрияи олмонии Focus шарҳ медиҳад, ки маълумот дар бораи ҳуҷуми доманадори Украина - ин “таманнои амалишавии орзуҳо ба воқеият” аст. Ба ҳама фаҳмост, ки нокомии ҳамлаи украинӣ маънои фоҷеаи ИМА ва НАТО-ро дорад – фоҷеаи онҳоеро, ки ба “лоиҳаи украинӣ” садҳо миллиард доллар ва евро маблағгузорӣ намудаанд.Ҳар чӣ ҳам бошад, Ғарб имрӯз ва дар дар ояндаи наздик наметавонад ба Украина кафолати амнияташро диҳад. Пентагон дар бораи характери давомдор ва бисёрсола гирифтани низоъ огоҳ намуд, ки ин худ шаҳодати заифии ИМА ва НАТО мебошад.Номзад ба мансаби президентӣ аз ҳизби Ҷумҳурихоҳон Роберт Кеннедии хурдӣ имрӯз эълон дошт, ки ҳукумати амрикоӣ Киевро ба низои алайҳи Русия кашид, ва “Украинаро ба саллоҳхонае, ки он 350 ҳазор украиниҳои ҷавонро нобуд сохт, табдил доданд”.Таҳлилгарони амрикоӣ бо дермонӣ дарси талхи таърихро дар мавриди истилои Ироқ ва Афғонистон, ки душман рӯшод мудофиаи қаторамонандро ноарзанда меҳисобид, маҷмааи "Солнтсепёк", ЗРС С-400, қиркунандаҳои насли панҷум, мушакҳои болдори нишонрас бо дурии парвозаш зиёда аз 5000 км, киштиҳои зериобии атомӣ ва яроқи ҳастаии нишонрасиаш бемаҳдуд надоштанд, ба ёд меоранд.Артиши Русия дар Ғарби Артёмовск ҳуҷумҳоро давом дода истодааст, Угледарро нишон гирифта, Маринкаро ба даст оварда истодааст. Аммо ким кадом “амалиётҳои шаклгирифтаистода”, амалҳои террористии режими киевӣ дар қаламрави ФР фақат ба президенти Амрико Ҷо Байден некбинӣ оварда меӣавонад – ба оне, ки кайҳост дар вартаи абадият истодаасту бо ҳаво пурсупос дорад.“Ҳамлаи ҷавобӣ”-и украинӣ ва, дар умум, амалиёти вижаи низомии русиягӣ бо чӣ меанҷомад? Эҳтимолияти он ҷой дорад, ки пас аз ғалабаҳои маҷозии қувваҳои мусаллаҳи Украина Киев ҳуҷҷати таслимшавӣ ба имзо расонад.Ба ғарб лозим меояд, ки барои сулҳ дар Аврупо қимати гарон пардозад – бо аз байн бурдани режими лӯхтакмонанд халос намешавад, Украина бошад, гумон аст, ки дар қаламрави сарҳадҳои соли 1991, 2014 ё оғози соли 2022 боқӣ монадБа НАТО лозим меояд, ки артиши хориҷиёнро то сарҳади дар соли 1977 буда барад. ИМА аз мақоми “гегемон” ҷудо мешавад ва замоне мерасад, ки мувофиқи ҳамёнаш зиндагӣ карданро ёд мегирад.Ҷаҳон ба маънои томаш бисёрқутба ва нисбатан амнтар мегардад. Садҳо ҳазор украиниҳои ба манфиати ИМА қурбонгардида барои ҳамаи наслҳои боқимондаи мустамликаҳо ва ғуломони Амрико дарси талхе мегарданд.
https://sputnik.tj/20230609/malum-omil-ima-pushtiboni-ukraina-dast-kashad-1057638421.html
https://sputnik.tj/20230608/patrushev-kishvarho-idomainizo-ukraina-manfiatdor-1057620148.html
https://sputnik.tj/20230607/amaliyot-vizhai-nizomi-sarzamin-rus-tank-olmon-1057610535.html
https://sputnik.tj/20230607/shoygu-hamlai-kiev-talafoti-taraf-1057589913.html
украина
русия
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1b/1055794490_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_38f80f3bebd5dff8cd3f7b20a1dadcff.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
ҳамла, ҷавобӣ, эҳтимол, киев, таслим
ҳамла, ҷавобӣ, эҳтимол, киев, таслим
Амалиёти вижаи низомӣ: шикасти ҳамлаи артиши Украина – фоҷеа барои ИМА ва НАТО
18:01 09.06.2023 (Навсозишуда: 19:02 09.06.2023) Александр Хроленко
шореҳи низомӣ
“Ҳамлаи ҷавобӣ”-и украинӣ ва амалиёти вижаи низомии русиягӣ дар умум бо чӣ меанҷомад? Эҳтимолияти он ҷой дорад, ки Киев санади таслимшавиро ба имзо расонад
Ҷараёни инкишофи се шабонарӯзи аввали ҳамлаҳои украинӣ аз 4 то 7 июн нокомии нақшаҳои фармондеҳии артиши Украинаро нишон медиҳад – дар Зпорожйе, ҳамзамон дар Артёмовск, Белгород ва дигар минтақаҳо.
Қатори аввали қисмҳои ҳуҷумкунанда нафасгир шуд, ва асосан нобуд карда шуд. Киев ба ҷанг бригадаҳои навбати дуюм, захираи боқимондаи артиллерия ва техникаи зиреҳпӯшашро партофта истодааст. Мудофиаи русиягӣ дар тамоми хатти бархӯрди ҷангии фронт дастнорас аст.
Фақат таи се шабонарӯзи ҳамла дар ҳамаи самтҳо Украина 3715 нафар низомиён, 52 танк, 207 мошинҳои зиреҳпӯш, 134 воситаҳои нақлёт, 5 тайёра ва 2 чархболро аз даст дод.
Режими киевӣ аз ҳама бепавоёна захираҳо ва манбаҳоро дар самти Запорожетс сӯзонида истодааст ва бо ин кӯшиш дорад ба Баҳри Азов ва ба нимҷазираи Қрим, ки ҳарду дастнорасанд, рахна зада барояд. Ин ҷо, наздикии шаҳри Орехов, қувваҳои мусаллаҳи Украина бори аввал танкҳои Leopard 2A4-ро истифода бурданд.
Дар самти Запорожетс низомиёни русиягӣ шаби бар 8 июн якчанд мавҷи амалҳои ҳаҷумкунандаро зада гардониданд, беш аз 1000 аскар ва 30 адад техникаи зиреҳпӯши артиши украиниро нобуд карданд.
Кӯшишҳои истифодаи маҷмааҳои оташи силсилавии HIMARS ва M270 бевосита дар мақеъҳои мудофиавии русиягӣ тавассути мудофиаи заддиҳавоии низомӣ ва зарбаҳои қувваҳои ҳарбӣ-кайҳонии Русия ҷилавгирӣ карда шуд. Ба муқовимати сахт рӯ ба рӯ шуда, душман рӯҳафтода гардид ва ба ҳолати афсурдагӣ гирифтор шудааст.
Дурӯғпарокании Киев дар бораи идомаи ҳаракати қӯшунҳои украинӣ дар ноҳияи Артёмовск “ба 1,1 километр” ва манзараи дастисохти зери об монондани вилояти Херсонск, пас аз вайронсозии НОБ-и Каховская, наметавонанд шикасти ҳуҷум, талафоти калони ҳайати шахсӣ ва техникаи артиши Украинаро пӯшонад.
Вазъият дар қаламрави Артёмовск таҳти назорати қувваҳои мусаллаҳи ФР қарор дорад,
Мавҷи аввали ҷузъу томҳои ҳуҷумкунандаи украинӣ дар наздикии Клешеевка ба садди минадор бархӯрд, дар ин ҳангом мавқи дуюм ба ҳаракат даромад. Авиаторон ва тӯпчиёни русиягӣ дар анбӯҳи душман фаъолияти фаврӣ доштанд – дар саҳрои кушод 13 танк ва мошинҳои зиреҳпӯш даргирифтанд.
Дар Ғарб ҳуҷуми украиниро фаъолона муҳокима доранд, ва наметавонанд танку маҷмааҳои мудофиаи зиддиҳавоии натогии дар ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ сӯхтаро сарфи назар намоянд. Қайд менамоянд, ки корномаи ҷангии Leopard -2 беҳбудӣ мехоҳад, зеро артиши туркӣ бо истифодаи аз мошинҳо муқобили лашкари маҳаллӣ дар Ироқ ва Сурия талафоти калон дид.
Дар Шарқ бо ҳиссиёт он чизро дарк намуданд, ки Украина бо кӯшишҳои ИМА аллакай ба “бахши дӯзах дар Замин” табдил ёфтааст.
Ғарб роҳи баромад аз кӯчаи сарбастаро меҷӯяд
Шикасти қувваҳои мусаллаҳи Украина ва НАТО дар муҳорибаҳои бо ном Наздиазовӣ имрӯз ногузир менамояд: имкониятҳои навбати якуми қӯшунҳои ҳуҷумкунанда пурра ба охир расидаанд, навбати дуюм бошад боз ҳам ба мавқеъҳои аз ҳама дастнораси русиягӣ рӯ ба рӯст.
Минбаъд, дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ эҳтимолияти фоҷеаҳои нави дастисохт аз ҷониби режими киевӣ, даровардани артиши бархе аз давлатҳои НАТО ба қаламрави Украинаи Ғарбӣ ё худ пайдо шудани аъзоёни парлумони НАТО бо таклиф бобати сулҳи муваққатӣ ҷой дорад – нашрияи The Hill аллакай хабар дод:”Оташбас дар Украина ба манфиати Амрикост”.
“Ҳамлаи ҷавобӣ лаҳзаи ҳалкунандаи ҷанги қариб 16-моҳа мегардад. Барои Киев ин нуқтаи аз ҳама баландтарини низои чандмоҳаи хастакунанда мегардад, ки ... дар охир оқибати ҷангро муайян месозад”, - боз ҳам умед дорад нашрияи британиягии The Time.
Нашрияи олмонии Focus шарҳ медиҳад, ки маълумот дар бораи ҳуҷуми доманадори Украина - ин “таманнои амалишавии орзуҳо ба воқеият” аст. Ба ҳама фаҳмост, ки нокомии ҳамлаи украинӣ маънои фоҷеаи ИМА ва НАТО-ро дорад – фоҷеаи онҳоеро, ки ба “лоиҳаи украинӣ” садҳо миллиард доллар ва евро маблағгузорӣ намудаанд.
Ҳар чӣ ҳам бошад, Ғарб имрӯз ва дар дар ояндаи наздик наметавонад ба Украина кафолати амнияташро диҳад. Пентагон дар бораи характери давомдор ва бисёрсола гирифтани низоъ огоҳ намуд, ки ин худ шаҳодати заифии ИМА ва НАТО мебошад.
Номзад ба мансаби президентӣ аз ҳизби Ҷумҳурихоҳон Роберт Кеннедии хурдӣ имрӯз эълон дошт, ки ҳукумати амрикоӣ Киевро ба низои алайҳи Русия кашид, ва “Украинаро ба саллоҳхонае, ки он 350 ҳазор украиниҳои ҷавонро нобуд сохт, табдил доданд”.
Таҳлилгарони амрикоӣ бо дермонӣ дарси талхи таърихро дар мавриди истилои Ироқ ва Афғонистон, ки душман рӯшод мудофиаи қаторамонандро ноарзанда меҳисобид, маҷмааи "Солнтсепёк", ЗРС С-400, қиркунандаҳои насли панҷум, мушакҳои болдори нишонрас бо дурии парвозаш зиёда аз 5000 км, киштиҳои зериобии атомӣ ва яроқи ҳастаии нишонрасиаш бемаҳдуд надоштанд, ба ёд меоранд.
Артиши Русия дар Ғарби Артёмовск ҳуҷумҳоро давом дода истодааст, Угледарро нишон гирифта, Маринкаро ба даст оварда истодааст.
Аммо ким кадом “амалиётҳои шаклгирифтаистода”, амалҳои террористии режими киевӣ дар қаламрави ФР фақат ба президенти Амрико Ҷо Байден некбинӣ оварда меӣавонад – ба оне, ки кайҳост дар вартаи абадият истодаасту бо ҳаво пурсупос дорад.
“Ҳамлаи ҷавобӣ”-и украинӣ ва, дар умум, амалиёти вижаи низомии русиягӣ бо чӣ меанҷомад? Эҳтимолияти он ҷой дорад, ки пас аз ғалабаҳои маҷозии қувваҳои мусаллаҳи Украина Киев ҳуҷҷати таслимшавӣ ба имзо расонад.
Ба ғарб лозим меояд, ки барои сулҳ дар Аврупо қимати гарон пардозад – бо аз байн бурдани режими лӯхтакмонанд халос намешавад, Украина бошад, гумон аст, ки дар қаламрави сарҳадҳои соли 1991, 2014 ё оғози соли 2022 боқӣ монад
Ба НАТО лозим меояд, ки артиши хориҷиёнро то сарҳади дар соли 1977 буда барад. ИМА аз мақоми “гегемон” ҷудо мешавад ва замоне мерасад, ки мувофиқи ҳамёнаш зиндагӣ карданро ёд мегирад.
Ҷаҳон ба маънои томаш бисёрқутба ва нисбатан амнтар мегардад. Садҳо ҳазор украиниҳои ба манфиати ИМА қурбонгардида барои ҳамаи наслҳои боқимондаи мустамликаҳо ва ғуломони Амрико дарси талхе мегарданд.