Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Амалиёти вижаи низомӣ: дар сарзамини рус боз ҳам танкҳои олмонӣ сӯхтан доранд

© AP / Martin MeissnerНемецкий танк Leopard 2
Немецкий танк Leopard 2 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2023
Обуна шудан
Бе изҳороти Кремл ҳам, дар Ғарб ба хубӣ мефаҳманд, ки вайрон намудани сарбанди НОБ-и Каховская фақат ба манфиати Киев буда метавонад
”Ҳамлаи ҷавобӣ”-и украинӣ аз рӯи нақша пеш нарафта истодааст - қӯшунҳои русиягӣ нерӯи зинда ва техникаи зиреҳпӯши артиши украиниро дар мавриди пас аз сафар ҳини дар низоми ҷангӣ ҷойгиркунии онҳо самаранок нобуд карда истодаанд. Ва зерсохторҳои ҳамлаварро дар саҳрои кушод барҳам дода истоданд.
Қувваҳои мусаллаҳи Русия фақат дар самти Южно-Донетск дар як шабонарӯз (5 июн) беш аз 1500 нафар хизматчиёни низомии украиниро назди Бандера фиристоданд. Ҳамзамон, 28 танк - аз ҷумла, 8 “Леопард”-и истеҳсоли Олмон, 3 мошини зиреҳпӯши АМХ-10, мошинҳои амрикоиии БМП Bradley ва 109 адад мошинҳои ҷангии дигарро нобуд карданд.
Теъдоди зиёди техникаи зиреҳпӯши артиши Украина тавассути авиатсияи зарбазан ва авиатсияи низомии Қувваҳои кайҳонии Русия нобуд карда шуданд. Яке аз “Леопард”-ҳо бо дрони худкуши русиягии "Лантсет" безарар гардонида шуд.
Заместитель председателя Совбеза РФ Д. Медведев дал интервью российским СМИ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2023
Медведев дар бораи бартариҳои артиши Русия дар Украина гуфт
Фармондеҳи Гурӯҳҳои муттаҳидаи ФР Сергей Суровикин саҳарии 6 июн ба вазири мудофиа ҳисобот дод, ки ҷузъу томҳои артиши Русия душманро аз мавзеи баландии Времевской, танг намуда бароварданд. Ва “теппаҳои асосӣ ва умқи ақибгоҳи онро ишғол намуданд”
Дар ин ҷо - дар ҷои пайвастшавии Ҷумҳурии Халқии Донетск ва вилояти Запорожетск - 4-5 июн қувваҳо асосии Қувваҳои мусаллаҳи артиши Украина ҷойгир шуда буданд – дар мавзеи бо номи Муҳорибаи Приазовск тамарқуз намуда буданд.
Нерӯҳои украинӣ кӯшиданд бо қувваи 5 бригада (ҳамагӣ 20 ҳазор ҷанговар) ҳамла кунанд. Аз рӯи маълумоти пешакӣ, танкҳои олмонии “Leopard” аз ҳайати бригадаи механиконидашудаи 33-уми артиши Украина сӯхтан доштанд.
Қувваҳои мусаллаҳи Русия шаби бар 6 июн иншооти мудофиаи зиддиҳавоӣ, яроқ, аслиҳа ва нуқтаҳои ҷойгиршавии ҳайати шахсии душман ва техникаи аз хориҷ вориднамудаашро дар Киев, Житомир, Павлоград ва дар дигар маҳалҳо зарбаҳои мушакӣ заданд.
Артиши Русия дар минтақаҳои Авдеевка ва Купянск дар вилояти Харков бомуваффақият амал намуда истодааст. Кӯшиши фаровардани десантҳои украинӣ дар вилояти Херсон пешгирӣ карда шуд.
Дар пасманзари оғози нокоми “ҳамлаи ҷавобӣ”-ӣ артиши украинӣ фаъолнокии террористии Саридораи ҷосусии вазорати дифои Украина меафзояд.
Хадамоти федеролии амниятии Русия дар бораи ҷилавгирӣ аз ҳамлаи террористӣ ба фурудгоҳи Северний дар вилояти Ивановск хабар дод, ки дар он ҷосусони низомии украинӣ нияти истифода аз бомбаҳои “ифлос”-и радиоактивиро доштанд.
 Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Шойгу аз ҳамлаи Киев ва талафоти ду тараф гуфт
Барои андармон сохтани қувва ва воситаҳои гурӯҳҳои низомии русиягӣ дар Донбасс кӯшишҳои бебарори рахназании гурӯҳҳои диверсионии украиниву лаҳистонӣ дар самти Белгород идома доранд.
Шаби бар 6 июн қувваҳои мусаллаҳи Украина бо зарбаи HIMARS сарбанди неругоҳи обиву барқии Каховскаяро дар вилояти Херсон вайрон намуданд – якчанд маҳалҳои аҳолинишини поёноб зери об шуданд.
Ба режими киевӣ барои зиндамонӣ (барои минбаъд ҳам гирифтани кӯмакпулӣ аз хориҷа) фоҷеаи сатҳи ҷаҳонӣ зарур аст. Аммо суръати зери об мондани маҳалҳои аҳолинишин бадвоҳима нест – пас аз 72 соат сокинон ба хонаҳояшон баргашта метавонанд.
Росатом эълон дошт, ки вайроншавии сарбанди обанбори Каховская ба кори нерӯгоҳи атомии Запорожский халал ворид карда наметавонад – барои хунуккунии реакторҳо ҳавзҳои махсус мавҷуданд, ки тавассути обанбор ва сарсашмаҳои дигар об пур карда мешаванд.

Дом барои ИМА ва НАТО

Дар ду шабонарӯз қувваҳои мусаллаҳи Украина зиёда аз 2 ҳаз аскар ва афсари кушта, даҳҳо адад техникаи зиреҳпӯши ғарбиро талаф доданд ва ин фақат оғозаш аст.
“Бригадаҳо ба тӯдаи оҳанпора табдил меёбанд”, - нокомии ҳуҷуми украиниро шарҳ медиҳад нашрияи юнонии DefenceNet.
Ва ин оҳанпора – натиҷаи ва паёмади омодасозии натогии низомиёни украинист.
Ҳатто бе изҳороти Кремл дар бораи “диверсияи барқасдонаи тарафи украинӣ” дар Ғарб ба хубӣ мефаҳманд, ки вайрон намудани сарбанди НОБ-и Каховская фақат ба манфиати Киев буда метавонад.
“Кори украиниҳо дар фронт ҳеҷ омад накард. Ба русҳо аз ин кор ягон фоида нест, охир нобудсозии сарбанд метавонад Қримро ба солҳо бе сарчашмаи тавонои об монад. Ба украиниҳо ин харобсозӣ бо гузашти замон метавонад пешравии артишашонро осонтар созад”, - мегӯянд он ҷо.
Военнослужащий ВС РФ в зоне СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров дар Душанбе сабабу ҳадафи амалиёт дар Украинаро гуфт
Манбаҳои украинӣ ба эҳтимоли ҳамлаи қувваҳои мусаллаҳи Украина пас аз камобшавии обанбори Каховский ишора доранд – дар минтақаи нерӯгоҳи барқии атомии Запорожетс то нерӯгоҳи барқии обии Каховская, ки гӯё он ҷо қувваҳои русиягӣ мустаҳкам нестанд.
Ғайр аз ин, Украина, чун анъана, ба он умед мебандад, ки ба наздикӣ мушакҳо ва гулӯлаҳои тӯпии Русия тамом мешаванд, рӯҳияи ҷангии аскарон ва ҳамоҳангсозии фармондеҳон паст мешавад.
Бозгашт ба воқеияти сангин ногузир аст.
Се нафар аз чаҳор номзадҳо ба мансаби президентӣ дар ИМА зидди иштироки Амрико дар низои украинӣ мебошанд.
“Шахсони расмии ИМА изҳор медоранд, ки Украина - барои он, ки хати фронтро рахна занад ва муваффақиятро соҳиб шавад - ҳамаи он чиро, ки барояш лозим аст, дорад, лекин онҳо интизориҳои худро маҳдуд доштанд”, - қайд менамояд нашрияи The Hill.
Новобаста аз кӯмаки НАТО дар омода намудани 12 бригадаҳои нави қувваҳои мусаллаҳи Украина, роҳбари Пентагон Ллойд Остин аз афзалияти тактикаи натогӣ ин қадар ҳам дилпур нест ва дар бораи “номуайянии ҷанги украинӣ” мегӯяд.
Ҳамини гуна, ба муваффақияти “ҳамлаи ҷавобӣ”-и артиши Украина раиси Кумитаи муттаҳидаи сардорони ситодҳои артиши ИМА Марк Миллӣ низ кам бовар дорад.
Города мира. Вашингтон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Коршиноси аврупоӣ ИМА-ро баҳрабардори аслии низоъ дар Украина номид
Зарфияти қувваҳои мусаллаҳи Украинаро нашрияи The Drive аниқтар нишон медиҳад.
“Амалиёти ба қадри зарурӣ босуръат ва муваффақ, ки Қримро аз ба ном кӯруки хушкигарди Русия мебурад, фишори берунаро ба президент Владимир Путин зиёд менамояд.
Амалиёти бебарор ва ё кашолёфта бошад, миллиардҳо доллар кӯмаки байналхалқӣ дар соҳаи амниятро, ки Киев ба он умедворӣ дорад, зери хатар мегузорад”- менависад The Drive.
Бешубҳа, роҳи дуюм ба воқеият наздиктар аст.
Пештар нашрияи The Guardian, новобаста аз омӯзиш дар Британияи Кабир, дар бораи дар сатҳи зарурӣ омода набудани бригадаи 3-юми ҳуҷумкунандаи қувваҳои мусаллаҳи Украина ба “ҳамлаи ҷавобӣ” хабар дода буд. Ба фармондеҳии украинӣ лозим меояд, ки аз нав омодасозии ҷанговаронро ташкил кунанд.
Дар ҳақиқат, артиши британиягӣ, ки худ таҷрибаи ҷангии мубориза бо артиши доимиро надорад, ба захиравиёни қувваҳои мусаллаҳи Украина чиро омӯзонида метавонад? Саволе, ки дар худ ҷавоб дорад.
7-я годовщина общенародного референдума в Крыму - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2023
Дар Қрим шарти ягонаи истиқрори сулҳ дар Украинаро гуфтанд
Аз эҳтиёт, Ғарб аллакай асоси идеологиро барои рехта партофтани “лоиҳаи украинӣ“-и заҳрдор омода намуда истодааст – нашрияи калонтарини амрикоӣ The New York Times Украинаро бо Германияи фашистӣ муқоиса менамоояд ва рамзҳои умумӣ ва “ғояҳо барои мубоҳисаи оммавӣ”-ро дарёфт менамояд.
Сарвазири Дания Метте Фредериксен пас аз мулоқот бо президенти ИМА Ҷо Байден санаи 5 июн эълон дошт, ки барои НАТО “занг аз ҷониби Русия” барои омодагӣ ба гуфтушуниди осоишта бобати Украина лозим аст.
Худ аз худ маълум, ки гуфтушунид бо шартҳои Ғарб ба Русия лозим нест – аз оғоз ҳадаф ва вазифаҳои амалиёти вижаи низомӣ тағъир наёфтаанд.
Лентаи хабарҳо
0