https://sputnik.tj/20230609/malum-omil-ima-pushtiboni-ukraina-dast-kashad-1057638421.html
Маълум шуд, ки бо кадом омил ИМА метавонад аз пуштибонии Украина даст кашад
Маълум шуд, ки бо кадом омил ИМА метавонад аз пуштибонии Украина даст кашад
Sputnik Тоҷикистон
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико обрӯ ва кӯмаки минбаъдаи ҳукумати Байденро ба муваффақияти ҳамлаи ҷавобии артиши Украинаро рабт медиҳад
2023-06-09T10:55+0500
2023-06-09T10:55+0500
2023-06-09T10:55+0500
има
украина
пуштибонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102080/97/1020809785_0:134:3163:1913_1920x0_80_0_0_5223a118865b47bf75ccd5ce300306c6.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Дастгирии минбаъдаи низомӣ ва молӣ ба Киев ба натоиҷи амалиёти ҷавобии артиши Украина бастагӣ дорад, менависад Politico. Онҳо тавзеҳ доданд, ки агар Украина ақибнишинӣ кунад ё аз интизориҳо ноком шавад, он гоҳ дастгирӣ метавонад хушк шавад ва боиси даъватҳои ҳалли дипломатии низоъ шавад.Таҳлилгарон илова кардаанд, ки дар тӯли 16 моҳи амалиёти вижа бисёр рӯйдодҳои ҳалкунанда ба вуқӯъ пайваст, аммо ҳамлаи ҷавобии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина барои Вашингтон аҳамияти хоса дорад, ки дар он "сиёсати дохилӣ манзараи умумии" пуштибонии минбаъда аз Украинаро хира мекунад. Ҳамин тариқ, маъмурияти президенти ИМА аз он метарсад, ки ҳар гуна иштибоҳи артиши Украина метавонад ба ҷумҳурихоҳон аз Конгресс имкон диҳад, ки ҳама кӯшишҳои зиёд кардани хароҷоти мудофиаро бекор кунанд.Қаблан Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки ҳеҷ чиз ба пуштибонии Амрико аз Киев таъсир намерасонад ва ваъда дода буд, ки сарпарастии Украина то даме, ки лозим бошад, идома хоҳад дод. Маскав борҳо ба кишварҳои ғарбӣ ҳушдор додааст, ки интиқоли силоҳ ба Украина чизеро тағйир намедиҳад ва танҳо муноқишаро тамдид мекунад. Тавре вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров таъкид кард, Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дар ин рӯёрӯӣ на танҳо бо таъмини силоҳ, балки бо омӯзиши кадрҳо бевосита даст доранд.
https://sputnik.tj/20230608/ukraina-lahiston-fireb-gharb-1057615822.html
има
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102080/97/1020809785_216:0:2947:2048_1920x0_80_0_0_330c731f606266a0be0b8b275a2e2a7a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има пуштибонь украина
Маълум шуд, ки бо кадом омил ИМА метавонад аз пуштибонии Украина даст кашад
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико обрӯ ва кӯмаки минбаъдаи ҳукумати Байденро ба муваффақияти ҳамлаи ҷавобии артиши Украинаро рабт медиҳад
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Дастгирии минбаъдаи низомӣ ва молӣ ба Киев ба натоиҷи амалиёти ҷавобии артиши Украина бастагӣ дорад, менависад Politico.
"Мақомҳои баландпояи ИМА мӯътақиданд, ки пуштибонии оянда аз низоъ дар Украина ва эътибори ҷаҳонии президент Ҷо Байден аз муваффақияти ҳамлаи ҷавобии Украина вобаста аст", - мегӯянд таҳлилгарон Ҷонатан Лемир ва Александр Уорд.
Онҳо тавзеҳ доданд, ки агар Украина ақибнишинӣ кунад ё аз интизориҳо ноком шавад, он гоҳ дастгирӣ метавонад хушк шавад ва боиси даъватҳои ҳалли дипломатии низоъ шавад.
Таҳлилгарон илова кардаанд, ки дар тӯли 16 моҳи амалиёти вижа бисёр рӯйдодҳои ҳалкунанда ба вуқӯъ пайваст, аммо ҳамлаи ҷавобии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина барои Вашингтон аҳамияти хоса дорад, ки дар он "сиёсати дохилӣ манзараи умумии" пуштибонии минбаъда аз Украинаро хира мекунад.
Ҳамин тариқ, маъмурияти президенти ИМА аз он метарсад, ки ҳар гуна иштибоҳи артиши Украина метавонад ба ҷумҳурихоҳон аз Конгресс имкон диҳад, ки ҳама кӯшишҳои зиёд кардани хароҷоти мудофиаро бекор кунанд.
Қаблан Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки ҳеҷ чиз ба пуштибонии Амрико аз Киев таъсир намерасонад ва ваъда дода буд, ки сарпарастии Украина то даме, ки лозим бошад, идома хоҳад дод.
Маскав борҳо ба кишварҳои ғарбӣ ҳушдор додааст, ки интиқоли силоҳ ба Украина чизеро тағйир намедиҳад ва танҳо муноқишаро тамдид мекунад.
Тавре вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров таъкид кард, Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дар ин рӯёрӯӣ на танҳо бо таъмини силоҳ, балки бо омӯзиши кадрҳо бевосита даст доранд.