Володин ба давлатҳои вобастаи доллар барои ҷустуҷӯи ҷойгузини он тавсия дод

© Sputnik / Максим БлиновДенежные купюры.
Денежные купюры. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2023
Обуна шудан
Раиси Думаи давлатии Русия бар ин назар аст, ки давлатҳои вобаста ба доллар бояд алтернативаи ин асъорро ҷустуҷӯ кунанд, зеро хатари зарар дар роҳ аст
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Давлатҳои вобаста ба доллар дуруст аст, ки имрӯз алтернативаи ин асъорро ҷустуҷӯ кунанд.
Дар ин бора раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин дар телеграм-каналаш изҳор доштааст.
"Ин дуруст аст, ки давлатҳои вобаста ба доллар алтернативаи онро имрӯз ҷустуҷӯ кунанд ва ба ин васила хатарҳои шаҳрвандони худро коҳиш диҳанд. Иёлоти Муттаҳида дар остонаи дефолт қарор дорад. (Президенти ИМА Ҷо) Байден, мисли пешгузаштагони худ, маҷбур аст, ки бори дигар ҳадди ниҳоии қарзи давлатии Амрикоро боло барад”,- гуфтааст ӯ.
Ба таъкиди ӯ, аз замони Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ беш аз 100 бор чунин тасмим гирифта шудааст.
Иёлоти Муттаҳида аз ҳисоби давлатҳои дигар зиндагӣ мекунад, қобилияти мустақилона адо кардани қарзҳо коҳиш меёбад, қайд кард раиси Думаи давлатӣ.
Пять сотен долларов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2023
Интиқоди тунди доротарин бонкдори Осиё аз доллар
"Ба худ биёед, соли 2023 ҳаҷми пардохтҳои фоизӣ аз қарзи давлатии ИМА метавонад ба 1,5 триллион доллар бирасад - тақрибан сеяки тамоми даромадҳои буҷаи ИМА!" - қайд кард Володин ва илова кард, ки ин хатарҳои бештар дорад, бинобар ин бисёр давлатҳо ба ҳисоббаробаркунӣ бо асъори миллӣ мегузаранд.
"Доллар заҳролуд шуда истодааст... Ҳама аҳромҳои молиявӣ, тавре ки таърих нишон медиҳад, дер ё зуд бо нокомӣ хотима меёбанд. Аммо дар ин ҷо вазъ махсус аст. Қарзи миллии ИМА як пирамидаи молиявии ҷаҳонӣ аст, ки Вашингтон барои фиреб додани мардум ва кишварҳои дигар сохтааст", - афзуд раиси Думаи давлатӣ.
Лентаи хабарҳо
0