Интиқоди тунди доротарин бонкдори Осиё аз доллар

© PixabayПять сотен долларов
Пять сотен долларов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2023
Обуна шудан
Мудири кулли Kotak Mahindra Bank, яке аз бузургтарин бонкҳои Ҳиндустон ба василаи фишору зӯргӯӣ мубаддал шудани долларро интиқод кард
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Сарватмандтарин бонкдори Осиё, Удай Котак доллари амрикоиро “бузургтарин террористи молӣ дар ҷаҳон” номид.
Мудири кулли Kotak Mahindra Bank, яке аз бузургтарин бонкҳои Ҳиндустон, Удай Котак зимни як ҳамоиш дар Деҳлӣ василаи фишор шудани пули амрикоиро мавриди интиқод қарор дод. Фардо касе аз ИМА метавонад, бигӯяд, ки шумо минбаъд наметавонед пули худро бигиред ва бо ҳамин дархоҳед монд, гуфт бонкдор.
Вай ҳамчунин аз Иттиҳоди Аврупо, Бритониё ва Ҷопон низ танқид кард, ки ҷасорати кофӣ барои мубаддал кардани пулашон ба асъори захиравиро надоранд. Ба гуфтаи ӯ, талошҳо барои пайдо кардани асъори иловагии захиравӣ амалӣ шуда истодаанд.
Ахиран миллиардери рус Олег Дерипаска гуфт, доллар пас аз 5 сол дар ҷаҳон мавқеи пули ҳукмронро аз даст хоҳад дод. Ӯ гуфт, 5 - 7 сол пеш гегемонияи пули Амрико дар ҳисоббаробаркуниҳо ва муомилоти молии ҷаҳонӣ комилан бебаҳс менамуд.
"Аммо ҳоло, пас аз аз он, ки ин бартарият ҳамчун силоҳи қасос алайҳи норозиҳо, ки бидуни ҳеҷ гуна арзёбии ҳуқуқӣ истифода шуд, ин ҳукмронӣ ба зудӣ ба поён мерасад", - навиштааст Дерипаска.
Миллиардери рус иброз дошт, ки пас аз панҷ сол ҷаҳон мутавозинтар мешавад ва ҳисобҳо диверсификатсия мешаванд. Дар аввал ин метавонад душвориҳои муайян дошта метавонад, аммо он аллакай ҷаҳони бе гегемон хоҳад буд, бовар дорад соҳибкор.
Юань. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2023
СҲШ барои гузаштан ба ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ омодагӣ мегирад
Пештар раисҷумҳури Русия, Владимир Путин низ таъкид намуда буд, ки доллар ҳамчун пули асосӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо мавқеашро аз даст дода истодааст. Ин корро ғарбиҳо бо дасти худ карда истодаанд, изҳор дошт ӯ.
Дар Русия ва кишварҳои ИДМ низ тайи солҳои охир зимни додугирифти мол ҳисобаробаркуниҳо бештар бо пулҳои миллӣ, аз ҷумла рубл сурат мегирад.
Лентаи хабарҳо
0