Эрону Ироқ омодаанд ба истеҳсолоти Хатлон сармоягузорӣ намоянд

© Хадамоти матбуотии раиси вилояти ХатлонМулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндагони Эрону Ироқ
Мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндагони Эрону Ироқ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2023
Обуна шудан
Ин масъаларо раиси вилояти Хатлон бо намояндагони кишварҳои болозикр, дар доираи Форуми байналмилалии содиротӣ "Бохтар-фуд-2023" баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Эрону Ироқ омодагии хешро барои сармоягузорӣ кардани бахши истеҳсолоти вилояти Хатлон иброз доштанд.
Дар ин бора, зимни мулоқоти раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва намояндагони ин кишварҳо маълум шуд, хабар медиҳад, хадамоти матбуотии раиси вилоят.
Гуфта мешавад, ки меҳмонон ҳамчунин, барои таҳкими ҳамкориҳо дар самти дастгирии рушди соҳаи кишоварзӣ ва содироти маҳсулотро низ изҳори омодагӣ кардаанд.
Раиси вилоят гуфтааст, ки дар вилояти Хатлон имкониятҳои васеъ барои густариши ҳамкориҳои судманд мавҷуд аст, ки он дар рафти форум ба таври возеҳ муарифӣ хоҳад шуд.
Имзои Созишномаҳои ҳамкорӣ миёни соҳибкорони Тоҷикистону Эрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2023
Имзои 15 созишномаи ҳамкорӣ миёни тоҷирони Тоҷикистону Эрон
Ёдрас мешавем, ки Форуми байналмилалии содиротӣ "Бохтар-фуд-2023" 24-уми май оғоз шуда то 25 май идома мекунад.
Барои ширкат дар ин форум, соҳибкорону сармоягузорони зиёде аз давлатҳои хориҷи кишвар ба вилояти Хатлон омадаанд.
Ҳадаф аз баргузории форум - рушди содирот, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ гуфта мешавад.
Давлаталӣ Саид: Дар Хатлон 70 ҳазор хоҷагиҳои кишоварзӣ фаъолият дорад
Ҳамчунин интизор меравад, ки тариқи ин чорабинӣ муносибатҳои тиҷоратии харидорону содироткунандагон, тавассути муаррифии имкониятҳо ва маҳсулоти содиротии кишвар, бахусус вилояти Хатлон ташкил карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0