Имзои 15 созишномаи ҳамкорӣ миёни тоҷирони Тоҷикистону Эрон

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ХатлонИмзои Созишномаҳои ҳамкорӣ миёни соҳибкорони Тоҷикистону Эрон
Имзои Созишномаҳои ҳамкорӣ миёни соҳибкорони Тоҷикистону Эрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2023
Обуна шудан
Мақомоти виляоти Хатлон аз имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисод миёни соҳибкорони Тоҷикистону Эрон хабар доданд
ДУШАНБЕ, 19 мая — Sputnik. Дар утоқи бозаргонии шаҳри Машҳад бо иштироки раисони вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва Хуросони Разавии Эрон Яъқубалӣ Назарӣ бизнес-форуми доираҳои сармоягузориву тиҷоратии ду кишвар баргузор гардид.
Дар ин бора иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон.
Пас мулоқотҳои инфиродии сармоягузорону соҳибкорони тоҷику эронӣ дар формати В2В миёни доираҳои соҳибкории Хатлону Хуросони Разавӣ 15 шартномаи ҳамкорӣ баста шуд.
Ҳамчунин манбаъ иттилоъх додааст, ки дар баробари ин, миёни Минтақаҳои озоди иқтисодии ҳудуди вилояти Хатлон ва корхонаву ширкатҳои Хуросони Разавӣ 9 созишнома дар бораи бунёди корхонаҳои саноатӣ, истеҳсоли қаннодӣ, масолеҳи сохтмонӣ, истеҳсоли таҷҳизоту мошинолот, доруворӣ, истеҳсоли дастгоҳҳои коркарди партовҳои сахти маишӣ, истеҳсоли сутунпояҳои чароғи барқӣ ба маблағи умумии 41 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид.
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти ХАтлон дар Эрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2023
Давлаталӣ Саид нақши Хатлон дар иқтисоди Тоҷикистонро гуфт
Таъкид шудааст, ки намояндагони бахши хусусӣ ва марказҳои илмию саноатии вилояти Хуросони Разавӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои истихроҷи маъданҳо, сохтмон, интиқоли борҳо, таҳвили фанновариҳои навин ва дар дигар бахшҳои мутақобилан судманд алоқамандии худро нишон доданд.
Қобили зикр аст, ки қаблан Ёддошти тафоҳум байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Хуросони Разавии Эрон дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва сайёҳӣ ба имзо расида буд.
Лентаи хабарҳо
0