Давлаталӣ Саид: Дар Хатлон 70 ҳазор хоҷагиҳои кишоварзӣ фаъолият дорад

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ХатлонДавлатали Саид, И.о главы Хатлонской области
Давлатали Саид, И.о главы Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2023
Обуна шудан
Раиси вилояти Хатлон ахиран гуфт, ки мақомот барои баланд бардоштани ҳосилнокии соҳаи кишоварзӣ ва рушд бахшидани корҳои деҳқонӣ талош хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Ахиран раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид гуфт, ки дар вилоят соҳаи кишоварзӣ, яке аз самтҳои афзалиятноку пешбаранда дониста мешавад.
Ба гуфтаи вай ҳоло дар вилояти Хатлон наздик ба 70 ҳазор хоҷагиҳои кишоварзӣ фаъолият доранд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии вилоят соли гузашта зиёда аз 2,5 миллиард доллари амрикоиро ташкил намуд.
Вай афзуд, ки ҳиссаи вилоят дар маҷмӯи умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакат 52 фоизро ташкил мекунад.
“Аз ҷумла, 65,1 фоизи ғалладона, 69,4 фоизи пахта, 59,6 фоизи сабзавот, 78,8 фоизи полизиҳо, 48,7 фоизи меваҷот, 40,5 фоизи ангур, 56,7 фоизи гӯшт, 50,8 фоизи шир ва 75,3 фоизи ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ дар вилояти Хатлон истеҳсол гардидааст”, - таъкид кард Давлаталӣ Саид.
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти ХАтлон дар Эрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2023
Давлаталӣ Саид нақши Хатлон дар иқтисоди Тоҷикистонро гуфт
Ба гуфтаи раиси вилояти Хатлон ҳамасола дар вилоят зиёда аз 250 ҳазор тонна пахта 2,5 миллион тонна меваю сабзавот, ангур ва зироатҳои полезӣ, инчунин 1 миллион адад пӯсти моли калону майда ва 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол карда мешавад.
“Ҳамчунин кишоварзони вилоят ҳамасола ба кишварҳои хориҷи наздику дур беш аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот мекунанд”, - идома дод раиси вилоят Давлаталӣ Саид.
Лентаи хабарҳо
0