https://sputnik.tj/20230524/shah-tursunzoda-vasetar-duoshyona-takhrib-1057323962.html
Шаҳри Турсунзода васеътар мешавад: то дуошёнаҳо тахрибу то 16-ошёнаҳо бунёд мешаванд
Шаҳри Турсунзода васеътар мешавад: то дуошёнаҳо тахрибу то 16-ошёнаҳо бунёд мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо лоиҳаи банақшагирии маҳаллаҳои 1, 2, 3, 4 ва қисмати маркази шаҳри Турсунзода шинос шуда, дастурҳо барои бунёди босифат дод
2023-05-24T10:23+0500
2023-05-24T10:23+0500
2023-05-24T10:23+0500
дар тоҷикистон
сохтмон
турсунзода
иншоот
нақша
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1c/1053117682_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_be391fc95cc34e393e473783e72bc49a.jpg
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Бар асоси нақшаи генералии шаҳри Турсунзода 128 гектар замин илова гардида, масоҳати умумии маркази шаҳр ба 778 гектар расонида мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, президент Эмомалӣ Раҳмон бо нақша шинос шуд. Таъкид шудааст, ки маркази шаҳр барои 100 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ шудааст.Мутобиқи нақшаи муфассали банақшагирии шаҳр дар масоҳати зиёда аз 86 гектар 270 бинои истиқоматии 6, 9, 10 ва 16 ошёна сохта мавриди истифода қарор дода мешаванд."Иншооти зикршуда дар заминаи манзилҳои як ва ду қабата ва хобгоҳҳои дуошёна, инчунин биноҳои кӯҳнаву фарсудаи маҳаллаҳои якум, дуюм, сеюм, чорум ва қисмати марказии шаҳр бунёд мегарданд", - омадааст дар иттилоия. Инчунин барои аҳолии шаҳр иншооти ҷамъиятию маъмурӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, боғчаҳои кӯдакона, боғи фарҳангию фароғатӣ, майдончаҳои варзишию солимгардонӣ ва иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудаанд. Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон илова намуд, ки ҳамаи ин бунёдкорӣ бо дастгирии ҳукумат бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар муҳлати муайян бо сатҳу сифати баланд анҷом дода мешаванд.Ҳамзамон дар ҷараёни татбиқи нақшаи генерал зиёда аз 28 километр роҳи байнишаҳрӣ таъмиру азнавсозӣ мегардад, ки дар самти таъмини ҳаракати мунтазами ҳамагуна воситаҳои нақлиёт мусоидат мекунад.Зикр гардид, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода 400 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудаст, ки то ин ҷониб қариб 90 иншоот мавриди истифодабарӣ қарор гирифтаанд.
https://sputnik.tj/20230524/kollej-asosguzor-omuzgoroni-zaboni-rusi-1057322893.html
турсунзода
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1c/1053117682_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_ab27af69e0d2c4064b6dddaa2c4f4d13.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нақша, нав, генерал, шаҳр, турсунзода, марказ
нақша, нав, генерал, шаҳр, турсунзода, марказ
Шаҳри Турсунзода васеътар мешавад: то дуошёнаҳо тахрибу то 16-ошёнаҳо бунёд мешаванд
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо лоиҳаи банақшагирии маҳаллаҳои 1, 2, 3, 4 ва қисмати маркази шаҳри Турсунзода шинос шуда, дастурҳо барои бунёди босифат дод
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Бар асоси нақшаи генералии шаҳри Турсунзода 128 гектар замин илова гардида, масоҳати умумии маркази шаҳр ба 778 гектар расонида мешавад.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, президент Эмомалӣ Раҳмон бо нақша шинос шуд. Таъкид шудааст, ки маркази шаҳр барои 100 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ шудааст.
Мутобиқи нақшаи муфассали банақшагирии шаҳр дар масоҳати зиёда аз 86 гектар 270 бинои истиқоматии 6, 9, 10 ва 16 ошёна сохта мавриди истифода қарор дода мешаванд.
"Иншооти зикршуда дар заминаи манзилҳои як ва ду қабата ва хобгоҳҳои дуошёна, инчунин биноҳои кӯҳнаву фарсудаи маҳаллаҳои якум, дуюм, сеюм, чорум ва қисмати марказии шаҳр бунёд мегарданд", - омадааст дар иттилоия.
Инчунин барои аҳолии шаҳр иншооти ҷамъиятию маъмурӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, боғчаҳои кӯдакона, боғи фарҳангию фароғатӣ, майдончаҳои варзишию солимгардонӣ ва иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудаанд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон илова намуд, ки ҳамаи ин бунёдкорӣ бо дастгирии ҳукумат бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар муҳлати муайян бо сатҳу сифати баланд анҷом дода мешаванд.
Ҳамзамон дар ҷараёни татбиқи нақшаи генерал зиёда аз 28 километр роҳи байнишаҳрӣ таъмиру азнавсозӣ мегардад, ки дар самти таъмини ҳаракати мунтазами ҳамагуна воситаҳои нақлиёт мусоидат мекунад.
Зикр гардид, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода 400 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудаст, ки то ин ҷониб қариб 90 иншоот мавриди истифодабарӣ қарор гирифтаанд.