Коллеҷи "Асосгузор" дар Тоҷикистон омӯзгорони забони русию англисӣ тайёр мекунад

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкСтуденты, архивное фото
Студенты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари корияш ба шаҳри Турсунзода иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла коллеҷи хусусии омӯзгориро ифтитоҳ кард
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Коллеҷи хусусии омӯзгории "Асосгузор" дар шаҳри Турсунзода барои омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи маориф бунёд карда шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, муассисаи мазкур аз ҷониби президент, Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ифтитоҳ шуд.
"Раванди дарс дар муассисаи нави таълимии 2-ошёна, ки барои 400 нафар донишҷӯ пешбинӣ гардидааст, бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст", - омадааст дар иттилоия.
Зикр шудаст, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти нави соҳаи маориф бо саҳми соҳибкори ватанӣ Тимур Гусейнов соли 2019 оғоз гардида, бо ҷалби 20 нафар бинокори маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расидааст.
Продажа газет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2023
Ҳайдаров: фазои расонаӣ дар Тоҷикистон умдатан русзабон аст
Раисҷумҳур зимни шиносоӣ бо шароити коллеҷ, иқдоми соҳибкорро дар самти тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳаи маориф намуна арзёбӣ кард.
Иттилоъ дода шуд, ки Коллеҷи хусусии омӯзгории "Асосгузор" мутахассисони донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ва компютериро дар сатҳи баланд тайёр менамояд.
Ифтитоҳи коллеҷи нав дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон солҳои охир ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад ва яке аз мушкилоти ин соҳа камбуди омӯзгорон арзёбӣ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0