Имзои ду созишномаи қарзӣ миёни Амонатбонк ва Бонки давлатии рушди Чин

© Sputnik / Рамиз БахтияровПисьменные принадлежности
Письменные принадлежности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2023
Обуна шудан
Масъулини Бонки амонатгузории Тоҷикистон мегӯянд дар асоси Созишномаи қолабӣ "Амонатбонк" ва Бонки давлатии рушди Чин ду созишномаи қарзӣ ба имзо мерасонанд
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Дар асоси Созишномаи қолабӣ ҷонибҳо нақша доранд, дарояндаи наздик боз ду созишномаи қарзӣ - яке дар ҳаҷми 20 миллион доллар ва дигаре дар ҳаҷми 100 миллион юани чинӣ ба имзо расонанд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти “Амонатбонк”.
Тибқи иттилои манбаъ, бонки амонатгузории Тоҷикистон аз соли 2008 инҷониб дар доираи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай дар самтҳои гуногун бо Бонки давлатии рушди Чин ҳамкорӣ ба роҳ мондаааст.
Тибқи иттилои “Амонатбонк” то имрӯз 8 созишномаи қарзӣ дар ҳаҷми 56.5 млн доллар ва 33 млн юани чинӣ ба имзо расонида шудааст.
Мулоқоти  Раиси Амонатбонк бо ноиби Президенти Бонки давлатии рушди Чин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2023
Амонатбонк мехоҳад аз бонки чинӣ боз қарз мегирад
Манбаъ қайд кардааст, ки корхонаи воҳиди давлатии "Бонки амонатгузории Тоҷикистон "Амонатбонк" барои тақвияти ҳамкории судманд бо созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ мунтазам ҳамкорӣ ба роҳ монда, дар ин самт тадбирҳои муассир андешидааст.
Ҳамзамон зикр карда шудааст, ки имзои Созишномаи қолабӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии "Бонки амонатгузории Тоҷикистон "Амонатбонк" ва Бонки давлатии рушди Чин далели ин гуфтаҳо аст.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари ахири давлатии Президенти Тоҷикистон ба Чин байни Корхонаи воҳиди давлатии "Бонки амонатгузории Тоҷикистон "Амонатбонк" ва Бонки давлатии рушди Чин Созишномаи қолабӣ ба имзо расонида шуд.
Лентаи хабарҳо
0