https://sputnik.tj/20230429/amonatbonk-mekhohad-az-bonki-chini-boz-qarz-megirad--1056768564.html
Амонатбонк мехоҳад аз бонки чинӣ боз қарз мегирад
Амонатбонк мехоҳад аз бонки чинӣ боз қарз мегирад
Sputnik Тоҷикистон
Бонки амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” тасмим дорад бо Бонки давлатии рушди Чин ду созишномаи қарзӣ ба имзо расонад
2023-04-29T14:20+0500
2023-04-29T14:20+0500
2023-04-29T14:20+0500
дар тоҷикистон
қарзҳо
чин
бонк
амонатбонк
молия
созишнома
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1d/1056768398_0:257:2730:1793_1920x0_80_0_0_cf3a9c45596844c6b4ef3cafffb050e4.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Қарор аст, моҳи майи соли равон байни Корхонаи воҳиди давлатии "Бонки амонатгузории Тоҷикистон "Амонатбонк" ва Бонки давлатии рушди Чин Ёддошти тафоҳум барои ба роҳ мондани боз ду созишномаи хати нави қарзӣ ба имзо расад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти “Амонатбонк”.Ба иттилои манбаъ, ахиран ин масъала дар мулоқоти Раиси "Амонатбонк" Сироҷиддин Икромӣ бо ноиби Президенти Бонки давлатии рушди Чин Ван Вэйдун дар иёлати Гоаи Ҳиндустон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд.Дар ин дидор оқои Ван Вэйдун таъкид кард, ки гуфт, ки "Амонатбонк" ягона бонке ҳаст, ки бо Бонки чинӣ таърихи хуби ҳамкории муштарак дорад ва ин барои мо муҳим ва қобили эҳтироми хосса аст.Дар заминаи мулоқот роҳбарони бонкҳо ба мувофиқа расиданд, ки моҳи майи соли равон ҷиҳати ба роҳ мондани боз ду созишномаи хати нави қарзӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонанд.Таъкид шудааст, ки дар доираи Иттиҳоди байнибонкии СҲШ Бонки давлатии рушди Чин яке аз шарикони муҳим ва боэътимоди "Амонатбонк" маҳсуб мешавад.Манбаъ ёдовар шудаатс, ки ҳамкории "Амонатбонк" бо Бонки давлатии рушди Чин аз соли 2008, яъне аз санаи пазируфтани "Амонатбонк" ба Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай сарчашма мегирад."Амонатбонк" ва Бонки давлатии рушди Чин тайи ин солҳо дар доираи ҳамкории муштарак беш аз 8 созишномаи қарзӣ бо маблағҳои гуногун ҷиҳати рушди соҳибкории хурду миёна ва Ёддошти тафоҳум оид ба бозомӯзии кормандони бонк дар донишгоҳҳои бонуфузи Чин ба имзо расонидаанд.
https://sputnik.tj/20230408/bonki-milli-amontabonk-behtar-sifati-khizmatrasoni-moliyavi-1056320601.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1d/1056768398_0:0:2730:2048_1920x0_80_0_0_ce1e7442cad857e1e357273d460be17c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, амонатбонк, ҳамкорӣ, бонк, чин, молия, қарз, созишнома
тоҷикистон, амонатбонк, ҳамкорӣ, бонк, чин, молия, қарз, созишнома
Амонатбонк мехоҳад аз бонки чинӣ боз қарз мегирад
Бонки амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” тасмим дорад бо Бонки давлатии рушди Чин ду созишномаи қарзӣ ба имзо расонад
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Қарор аст, моҳи майи соли равон байни Корхонаи воҳиди давлатии "Бонки амонатгузории Тоҷикистон "Амонатбонк" ва Бонки давлатии рушди Чин Ёддошти тафоҳум барои ба роҳ мондани боз ду созишномаи хати нави қарзӣ ба имзо расад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти “Амонатбонк”.
Ба иттилои манбаъ, ахиран ин масъала дар мулоқоти Раиси "Амонатбонк" Сироҷиддин Икромӣ бо ноиби Президенти Бонки давлатии рушди Чин Ван Вэйдун дар иёлати Гоаи Ҳиндустон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд.
Дар ин дидор оқои Ван Вэйдун таъкид кард, ки гуфт, ки "Амонатбонк" ягона бонке ҳаст, ки бо Бонки чинӣ таърихи хуби ҳамкории муштарак дорад ва ин барои мо муҳим ва қобили эҳтироми хосса аст.
Дар заминаи мулоқот роҳбарони бонкҳо ба мувофиқа расиданд, ки моҳи майи соли равон ҷиҳати ба роҳ мондани боз ду созишномаи хати нави қарзӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонанд.
Таъкид шудааст, ки дар доираи Иттиҳоди байнибонкии СҲШ Бонки давлатии рушди Чин яке аз шарикони муҳим ва боэътимоди "Амонатбонк" маҳсуб мешавад.
Манбаъ ёдовар шудаатс, ки ҳамкории "Амонатбонк" бо Бонки давлатии рушди Чин аз соли 2008, яъне аз санаи пазируфтани "Амонатбонк" ба Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай сарчашма мегирад.
"Амонатбонк" ва Бонки давлатии рушди Чин тайи ин солҳо дар доираи ҳамкории муштарак беш аз 8 созишномаи қарзӣ бо маблағҳои гуногун ҷиҳати рушди соҳибкории хурду миёна ва Ёддошти тафоҳум оид ба бозомӯзии кормандони бонк дар донишгоҳҳои бонуфузи Чин ба имзо расонидаанд.