Раҳмон аз се ширкати бонуфузи чинӣ даъвати ҳамкорӣ кард

© Flickr \ Пресс-служба Президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дурнамои ҳамкориҳоро бо раҳбарони ширкатҳои “BYD — Осиёи Марказӣ”, “Чжитсун Литий” ва Ширкати куҳкории Зиҷинг Чэн Ҷинхэ баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 18 мая — Sputnik. Дар доираи сафари давлатӣ ба Чин дар шаҳри Сиан Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Шӯрои директорони Ширкати куҳкории Зиҷинг Чэн Ҷинхэ мулоқот намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Ба иттилои манбаъ, дар рафти вохӯрӣ масоили вобаста ба таҳким ва густариши фаъолияти истеҳсолии Ширкати куҳкории Зиҷинг (Zijin Mining Group Co.,Ltd) дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Ҳамчунин дар мулоқот масоили фаъолгардонии кори ширкат дар Тоҷикистон ва таҳияи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар соҳаи санаоти куҳӣ барои истихроҷу коркарди маъданҳо ва сарватҳои зеризаминӣ баррасӣ шуданд.
Манбаъ хабар дод, ки зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи бунёди корхонаҳои муштарак бо ворид кардани технологияи муосири аз ҷиҳати экологӣ тоза, истеҳсоли маҳсулоти хушсифату ҷавобгу ба талаботи бозорӣ ҷаҳонӣ ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ табодули андеша карданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар Чин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2023
Эмомалӣ Раҳмон ширкатҳои чиниро ба Тоҷикистон даъват кард
Инчунин ба иттилои манбаъ раисҷумҳури Тоҷикистон бо раиси Шӯрои Директорони Ширкати маъдани "Чжитсун Литий" Нан Ҷинсиро дидору мулоқот кард.
Дар мулоқот масоили ба роҳ мондани ҳамкории Тоҷикистону Ширкати маъдани литийи Чин баррасӣ гардид.
Ин ҳам дар ҳолест ба иттилои дафтари раисҷумҳури Тоҷикистон, ки пас аз мулоқот бо ду ширкати бо нуфузи чинӣ раҳбари кишвар дар шаҳри Сиан бо муовини Директори кулли “Ширкати BYD — Осиёи Марказӣ" Иван Тсаоро гуфтугӯ кард.
Ба иттилои манбаъ, дар рафти мулоқот масоили ба роҳ мондани ҳамкории Тоҷикистону Ширкати BYD (Орзуи худро бисоз) баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо дар бораи густариши ҳамкорӣ дар самти мошинсозӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсоли таҷҳизоти электронӣ табодули андеша намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Ширкати BYD (Орзуи худро бисоз) яке аз корхонаҳои бузурги ҷаҳонии истеҳсолкунандаи электромобили BYD Auto ва истеҳсолкунандаи батарея ва электроника BYD Electronic мебошад.
Рахмон и Си Цзиньпин провели переговоры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2023
Раҳмон ва Си Ҷинпин дар бораи чӣ мувофиқа карданд?
Фаъолияти ширкат ба истеҳсоли мошинҳои барқӣ, автобусҳо, мошинҳои боркаш, таҷҳизоти роҳҳои барқӣ, қатораҳои монорелсӣ, истеҳсоли ҷузъҳои мошин, батареяҳо ва батареяҳои офтобӣ, ҷузъҳои телефонҳои мобилӣ ва дигар электроника, инчунин хизматрасонии васлкунии таҷҳизот равона гардидааст.
Ширкати маъдани “Чжитсунг Литий” (Zhicun Lithium Co.Ltd) дорои пойгоҳҳои бисёри коркарди маъдан ва истеҳсоли намаки литий мебошад. Ширкат барои мусоидат ба ноил шудан ба хадафи пешрафт ва васеь кардани самти фаъолияташ дар як қатор кишварҳои олам марказҳои истеҳсолӣ дорад.
ҶСК Корпоратсияи маъдани Зиҷинг ширкати бузурги фаромиллии истихроҷи маъдан мебошад, ки фаъолияти асосии он иктишоф ва коркарди саноатии маъданҳои дорои тилло, мис ва дигар металлҳо мебошад.
Бояд гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ тадбирҳои мушаххас андешида, ба доираҳои соҳибкорон имтиёзҳои гуногунро пешкаш кардаст.
Лентаи хабарҳо
0