https://sputnik.tj/20230518/rahmon-jinpin-muvofiqa-1057209198.html
Раҳмон ва Си Ҷинпин дар бораи чӣ мувофиқа карданд?
Раҳмон ва Си Ҷинпин дар бораи чӣ мувофиқа карданд?
Sputnik Тоҷикистон
Президенти кишвар пешниҳоди ҳамтои чинии худ дар бораи бунёди долони иқтисодии Чин – Тоҷикистон – Афғонистони Шимолиро пуштибонӣ кард
2023-05-18T14:15+0500
2023-05-18T14:15+0500
2023-05-18T14:15+0500
дар тоҷикистон
чин
эмомалӣ раҳмон
си ҷинпин
ҳамкорӣ
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/12/1057207144_0:163:3076:1894_1920x0_80_0_0_0f919105b77fd9f6e377f2cb8f65e4d4.jpg
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар шаҳри Сиани Чин бо Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин дидору гуфтугӯ кард.Дар ин бора, дафтари матбуоти президенти ҷумҳурӣ хабар дод. Дар мулоқот таъкид гардид, ки муносиботи кишварҳое, ки решаҳои амиқи таърихӣ доранд, аз ҳамсоягии нек ва дӯстӣ ба шарикии стратегӣ ҷаҳиш кардаанд. Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои зеринро баррасӣ карданд: Илова бар ин, Раҳмон аз пешниҳоди таъсиси долони иқтисодии Чин-Тоҷикистон-Афғонистони Шимолӣ пуштибонӣ кард. Раҳмон ва Си Ҷинпин барқарорсозии хатсайри Душанбе - Пекинро баррасӣ кардандАммо, раисиҷумҳур таъкид намуд, ки нахуст лоиҳаи роҳ дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ бояд то гузаргоҳи Кулма-Қарасӯ анҷом дода шавад, ки дар навбати худ аз ҷониби Чин изҳори розигӣ шунида шуд. Тоҷикистону Чин "ТАЛКО"-ро якҷоя таҷдид мекунандДар чорчӯби сафари давлатӣ раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳамоиши Чин + Осиёи Марказӣ ширкат хоҳад кард. Ин чорабинӣ таҳти раёсати раиси ҷумҳури Чин бо ширкати раҳбарони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон баргузор мешавад. Маълум аст, ки Раҳмонро дар ин сафар Сироҷиддин Муҳриддин, вазири хориҷа ва ёварони равобити хориҷӣ ва иқтисод ҳамроҳӣ мекунанд.
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/12/1057207144_56:0:2787:2048_1920x0_80_0_0_79ea4fdfe18692a38039f954d95cd120.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чин, тоҷикистон, афғонистон,
чин, тоҷикистон, афғонистон,
Раҳмон ва Си Ҷинпин дар бораи чӣ мувофиқа карданд?
Президенти кишвар пешниҳоди ҳамтои чинии худ дар бораи бунёди долони иқтисодии Чин – Тоҷикистон – Афғонистони Шимолиро пуштибонӣ кард
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар шаҳри Сиани Чин бо Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин бора, дафтари матбуоти президенти ҷумҳурӣ хабар дод.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки муносиботи кишварҳое, ки решаҳои амиқи таърихӣ доранд, аз ҳамсоягии нек ва дӯстӣ ба шарикии стратегӣ ҷаҳиш кардаанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои зеринро баррасӣ карданд:
иқтисодиёти “сабз” ва рақамӣ;
саноати электроэнергетика;
сохтан ва аз нав сохтани станцияхои электрикии Точикистон.
Илова бар ин, Раҳмон аз пешниҳоди таъсиси долони иқтисодии Чин-Тоҷикистон-Афғонистони Шимолӣ пуштибонӣ кард.
Аммо, раисиҷумҳур таъкид намуд, ки нахуст лоиҳаи роҳ дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ бояд то гузаргоҳи Кулма-Қарасӯ анҷом дода шавад, ки дар навбати худ аз ҷониби Чин изҳори розигӣ шунида шуд.
Дар чорчӯби сафари давлатӣ раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳамоиши Чин + Осиёи Марказӣ ширкат хоҳад кард. Ин чорабинӣ таҳти раёсати раиси ҷумҳури Чин бо ширкати раҳбарони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон баргузор мешавад.
Маълум аст, ки Раҳмонро дар ин сафар Сироҷиддин Муҳриддин, вазири хориҷа ва ёварони равобити хориҷӣ ва иқтисод ҳамроҳӣ мекунанд.