https://sputnik.tj/20230518/rahmon-shirkatho-chin-tojikiston-1057214844.html
Эмомалӣ Раҳмон ширкатҳои чиниро ба Тоҷикистон даъват кард
Эмомалӣ Раҳмон ширкатҳои чиниро ба Тоҷикистон даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сиан бо намояндагони 40 ширкати бонуфузи сармоягузории Чин мулоқот карда, онҳоро ба Тоҷикистон даъват кард.
2023-05-18T16:55+0500
2023-05-18T16:55+0500
2023-05-18T16:55+0500
иқтисод
дар тоҷикистон
чин
сармоягузорӣ
ширкатҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/12/1057214641_0:0:2049:1153_1920x0_80_0_0_64a88f1ec7545f9e8ba36eb95e4c0432.jpg
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сиан бо намояндагони 40 ширкати бонуфузи сармоягузории Чин мулоқот карда, онҳоро ба Тоҷикистон даъват кард.Президент таъкид кард, дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, бахусус дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, саноату кишоварзӣ, алоқа, молияву бонкдорӣ ва сайёҳӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.Би титтилои раисиҷумҳур дар Тоҷикистон зиёда аз садҳо ширкат бо саҳми сармоягузорони чинӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт фаъолият мекунад ва соли гузашта ҳаҷми гардиши мутақобилаи мол миёни ду кишвар, то 40% афзоиш ёфт..Дар маҷмуъ, тайи 10 соли охир аз ҷониби сармоягузорони Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон 2,6 млрд доллар сармоя ворид гардидааст, ки беш аз 57%-и онро сармояи мустақим ташкил медиҳад.Раҳмон ва Си Ҷинпин дар бораи чӣ мувофиқа карданд?Раҳмон ташаккули минтақаҳои саноатӣ ва таъсиси корхонаҳои металлургӣ, сементбарорӣ, нассоҷӣ, дӯзандагӣ, коркарди нафт ва тавлиди маҳсулоти саноати кимиёро аз самтҳои судманди ҳамкорӣ хонд.Раҳмон ва Си Ҷинпин барқарорсозии хатсайри Душанбе - Пекинро баррасӣ кардандДар охир беш аз 8 ширкати чинӣ ҳавасмандии худро дар самти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар соҳаҳои истихроҷу коркарди литий, мошинсозӣ, истеҳсоли батареяҳои офтобӣ, истихроҷу коркарди нафту газ ва хизматрасониҳои бонкӣ изҳор доштанд.
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/12/1057214641_112:0:1929:1363_1920x0_80_0_0_76f89e4d9dae654a5a80f61cd3df0303.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сармоягузорӣ, чин, тоҷикистон афзоиш
сармоягузорӣ, чин, тоҷикистон афзоиш
Эмомалӣ Раҳмон ширкатҳои чиниро ба Тоҷикистон даъват кард
Беш аз 8 ширкати чинӣ ҳавасмандии худро барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар соҳаҳои истихроҷу коркарди литий, мошинсозӣ ва хизматрасониҳои бонкӣ изҳор доштанд
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сиан бо намояндагони 40 ширкати бонуфузи сармоягузории Чин мулоқот карда, онҳоро ба Тоҷикистон даъват кард.
Президент таъкид кард, дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, бахусус дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, саноату кишоварзӣ, алоқа, молияву бонкдорӣ ва сайёҳӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Би титтилои раисиҷумҳур дар Тоҷикистон зиёда аз садҳо ширкат бо саҳми сармоягузорони чинӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт фаъолият мекунад ва соли гузашта ҳаҷми гардиши мутақобилаи мол миёни ду кишвар, то 40% афзоиш ёфт..
Дар маҷмуъ, тайи 10 соли охир аз ҷониби сармоягузорони Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон 2,6 млрд доллар сармоя ворид гардидааст, ки беш аз 57%-и онро сармояи мустақим ташкил медиҳад.
Раҳмон ташаккули минтақаҳои саноатӣ ва таъсиси корхонаҳои металлургӣ, сементбарорӣ, нассоҷӣ, дӯзандагӣ, коркарди нафт ва тавлиди маҳсулоти саноати кимиёро аз самтҳои судманди ҳамкорӣ хонд.
Дар охир беш аз 8 ширкати чинӣ ҳавасмандии худро дар самти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар соҳаҳои истихроҷу коркарди литий, мошинсозӣ, истеҳсоли батареяҳои офтобӣ, истихроҷу коркарди нафту газ ва хизматрасониҳои бонкӣ изҳор доштанд.