Заминларза дар Тоҷикистон

ВМКБ -ро заминларза такон дод

© Sputnik / Игорь Носов / Гузариш ба медиабонкСейсмограф, архивное фото
Сейсмограф, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2023
Обуна шудан
Заминларзае, ки зилзилашиносони кишвари ҳамсоя, сабт кардаанд, ин дафъа дар минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сурат гирифтааст
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боз заминҷунбӣ сабт шуд.
Ин зилзиларо Маркази мониторинги пешгӯии заминларзаи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон сабт кардааст.
Заминларза бо шиддати 4,3 дараҷа соати 16:07 ба вақти Душанбе рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, маркази заминҷуебӣ дар умқи 203 километрӣ ҷойгир будааст.
Фарҳод Раҳимӣ: Пешгӯии заминларза ба таври дақиқ ғайриимкон аст
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон то ҳол дар бораи паёмадҳои эҳтимолии ин ҳодиса иттилоъ надодааст.
Бояд гуфт, ки чанде пеш водии Ғармро заминларза такон дода буд.
Ҳамчунин аз заминларзаи дигар, ки моҳи март дар Мастчоҳ рух дод, садҳо хона валангор шуда буд.
Раҳимӣ: Дар сад соли охир дар ҷумҳурӣ зилзилаҳои шиддаташон аз 7,5 бал зиёд рух надодаанд
Лентаи хабарҳо
0