Ғарм такон хурд: Сабти боз як заминҷунбӣ дар Тоҷикистон

© AFP 2023 / OLIVIER MORINСейсмограф
Сейсмограф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2023
Обуна шудан
Заминларзае, ки зилзилашиносон сабт кардаанд, ин дафъа дар минтақаи Рашти Тоҷикистон миёни Тоҷикободу Ғарм сурат гирифтааст
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Маркази мониторинги пешгӯии заминларзаи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон хабар додааст, ки дар Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияҳои тобеи маркази заминларза рух додааст.
Заминларзаҳо бо шиддати 4,1 балла соати 18:07 ба вақти маҳаллӣ дар шарқи Душанбе дар минтақаи Рашт сабт шудааст.
Ба иттилои манбаъ, маркази заминҷуебӣ дар умқи 10 километрӣ байни Ғарму Тоҷикобод будааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон то ҳол дар бораи паёмадҳои эҳтимолии ин ҳодиса иттилоъ надодааст.
Бояд гуфт, ки Ғарм дар соҳили рости дарьёи Сурхоб аст ва дар 185 километрии шарқи пойтахт вокеъ аст.
Памятник жертвам землетрясения (10 июля 1949 года) в селении Хаит, Раштского района - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2019
Мудҳиштарин заминларза дар Тоҷикистон: фоҷеаи Ҳоит
Аҳолӣ ба 1 январи соли гузашта 131,1 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ноҳия ду шаҳрак дорад — Ғарм ва Навобод.
Ёдовар мешавем, ки дар ин минтақа дар соли 1949 яке аз заминларзаҳои харобиовару фоҷеабор сурат гирифта буд.
Заминларзаи Ҳоит, ки яке даҳшатноктарин заминҷумбӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, соли 1949 ба амал омад ва ҷони зиёда аз 55 ҳазор нафарро гирифт. Маркази ин зилзила Ҳоит буд, ки дар водии Рашти Тоҷикистон қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0