Зарари оқибати заминҷунбӣ дар Кӯҳистони Мастчоҳ маълум шуд

© пресс-центра КЧСПоврежденные строения из-за землетрясения
Поврежденные строения из-за землетрясения  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Мақомоти вилояти Суғд зарари оқибати заминҷунбӣ дар Кӯҳистони Мастчоҳро, ки санаи 23 март рух дода буд ҳисоб намуда, расонаӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Заминҷунбӣ дар Кӯҳистони Мастчоҳи Тоҷикистон беш аз чаҳор миллион сомонӣ зарар овардааст.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон мудири шӯъбаи сохтмони ҳукумати вилояти Суғд Маъруф Муҳаммадзода хабар дод.
Ба гуфтаи ин мақомдори тоҷик заминҷунбии харобиовар ба ин ноҳияи дурдаст 4,2 млн. сомонӣ зарар расонд.
Оқои Муҳаммадзода илова кард, ки танҳо хонаҳои истиқоматӣ, ки бархе қисман ва баъзе пурра бар асари заминҷунбӣ тахриб шуданд, 1,1 млн. сомонӣ зарар диданд.
Поврежденные строения из-за землетрясения  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2023
Садҳо хона хароб шуд: Эълони хисороти заминларза дар Мастчоҳ
Ёдовар мешавем, ки шаби 23 март дар вилояти Суғд як силсила заминларза рух дод, ки марказаш дар 130-километрии шимолу шарқи Душанбе дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ воқеъ буд.
Тибқи ҳисобҳои Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон, шиддати зилзила аз 3,9 то 6 баллро ташкил додааст.
Бино ба хулосаи Комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодаи вилоятиву ноҳиявӣ 318 хонаҳои истиқоматии ноҳияи мазкур зарар дидаанд.
Илова бар ин, бар асари зилзилаҳои шабона тақрибан 120 сар чорвои калони шохдор ва чорвои майда ҳалок шудаанд.
Пас аз ҳодисаи изтирорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, як комиссияи вижае таҳти раёсати сарвазир Қоҳир Расулзода таъсис дод, ки ҳоло он зарари зилзиларо дақиқ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0