https://sputnik.tj/20230323/farhod-rahimi-peshgui-zaminlarza-ghayriimkon-1055724018.html
Фарҳод Раҳимӣ: Пешгӯии заминларза ба таври дақиқ ғайриимкон аст
Фарҳод Раҳимӣ: Пешгӯии заминларза ба таври дақиқ ғайриимкон аст
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мегӯяд заминларза ин ҳодиса муқаррарии табиӣ аст ва пешгўӣ намудани он ба таври дақиқ ғайриимкон аст
2023-03-23T21:30+0500
2023-03-23T21:30+0500
2023-03-23T21:30+0500
дар тоҷикистон
фарҳод раҳимӣ
заминларза
зилзила
академияи улуми тоҷикистон
пешгӯӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/11/1032285091_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_4e9b7d91d6e8c183a57fa917fb179bba.jpg
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Ба ақидаи олимҳо пешгӯиҳои заминларзаҳои алоҳида бо дақиқии кофӣ барои банақшагирии барномаҳои кўчониш (эвакуатсия)-и аҳолӣ ғайривоқеӣ мебошанд, гуфт академик Фарҳод РаҳимӣБа гуфтаи вай, ҳатто агар дақиқии ченкунӣ ва модели физикию математикии раванди сейсмикӣ, ки то ҳол вуҷуд надорад, имконият диҳад, ки макон ва вақти оғози вайроншавии қитъаи қабати заминро бо дақиқии кофӣ муайян кунад, магнитудаи заминларзаи оянда номаълум боқӣ мемонад.“Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир олимони чинӣ дар пешгӯии заминларзаҳо муваффақиятҳои бузург ба даст овардаанд. Онҳо дар тӯли якчанд сол сатҳи Замин, сатҳи обҳои зеризаминӣ ва инчунин хориҷшавии миқдори радон (газ)-ро дар ҷинсҳои кӯҳӣ назорат мекарданд”, - илова кард оқои Раҳимӣ.Вай афзуд, муҳаққиқон тахмин мезананд, ки ҳамаи ин параметрҳо, ба истиснои тағироти мавсимӣ ва инчунин тамоюлҳои бисёрсола, бояд чанд ҳафта ё моҳ пеш аз заминларзаи калон ба таври назаррас тағир пазиранд.Инчунин Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон илова кард, ки заминларза ин ҳодиса муқаррарии табиӣ аст ва пешгўӣ намудани он ба таври дақиқ ғайриимкон аст, гарчанде баъзе назарияҳои илмӣ дар ин маврид мавҷуданд.
https://sputnik.tj/20230323/rahmii-dar-sad-soli-okhir-dar-jumhuri-zilzilahoi-shiddatashon-az-75-bal-ziyod-rukh-nadodaast-1055723630.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/11/1032285091_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_2bd6ca19dbc3e0acd5594409bcd24397.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, заминларза, пешгӯӣ, фарҳод раҳимӣ, ғайриимкон, дақиқ
тоҷикистон, заминларза, пешгӯӣ, фарҳод раҳимӣ, ғайриимкон, дақиқ
Фарҳод Раҳимӣ: Пешгӯии заминларза ба таври дақиқ ғайриимкон аст
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мегӯяд заминларза ин ҳодиса муқаррарии табиӣ аст ва пешгўӣ намудани он ба таври дақиқ ғайриимкон аст
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Ба ақидаи олимҳо пешгӯиҳои заминларзаҳои алоҳида бо дақиқии кофӣ барои банақшагирии барномаҳои кўчониш (эвакуатсия)-и аҳолӣ ғайривоқеӣ мебошанд, гуфт академик Фарҳод Раҳимӣ
Ба гуфтаи вай, ҳатто агар дақиқии ченкунӣ ва модели физикию математикии раванди сейсмикӣ, ки то ҳол вуҷуд надорад, имконият диҳад, ки макон ва вақти оғози вайроншавии қитъаи қабати заминро бо дақиқии кофӣ муайян кунад, магнитудаи заминларзаи оянда номаълум боқӣ мемонад.
“Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир олимони чинӣ дар пешгӯии заминларзаҳо муваффақиятҳои бузург ба даст овардаанд. Онҳо дар тӯли якчанд сол сатҳи Замин, сатҳи обҳои зеризаминӣ ва инчунин хориҷшавии миқдори радон (газ)-ро дар ҷинсҳои кӯҳӣ назорат мекарданд”, - илова кард оқои Раҳимӣ.
Вай афзуд, муҳаққиқон тахмин мезананд, ки ҳамаи ин параметрҳо, ба истиснои тағироти мавсимӣ ва инчунин тамоюлҳои бисёрсола, бояд чанд ҳафта ё моҳ пеш аз заминларзаи калон ба таври назаррас тағир пазиранд.
Инчунин Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон илова кард, ки заминларза ин ҳодиса муқаррарии табиӣ аст ва пешгўӣ намудани он ба таври дақиқ ғайриимкон аст, гарчанде баъзе назарияҳои илмӣ дар ин маврид мавҷуданд.