ИМА "дар"-и силоҳи фавқуссадоро “шикаст”: чӣ ба даст овард?

© AP / Hassan AmmarСША нанесли ракетный удар по Сирии
США нанесли ракетный удар по Сирии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2023
Обуна шудан
Гирдгардии маҷроҳои пулӣ дар Вашингтон муҳимтар аз амнияти миллӣ ва пешрафти воқеии илмӣ-технологӣ дар соҳаи яроқноккунӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Ба хотири афзоиши маблағҷудокуниҳои буҷетӣ роҳбарияти Пентагон ба бисёр чиз омода аст – ҳатто барои “шикастани дарҳо”-и яроқи фароовозӣ. Ба ҳар ҳол, паси ин дарҳо воқеият оғоз мегардад, воқеияте, ки дар он мушакҳои фароовозии амрикоӣ амалан парвоз намекунанд.
Вазири қуваҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА Фрэнк Кендалл 27 апрел ба аъзоёни конгресс изҳор дошт, ки қарор дар бораи харидории мушакҳои фароовозии навъи “ҳаво-само” ARRW пас аз анҷоми кор бо шакли аввалаи ин намуди яроқ қабул карда мешавад.
Изҳороти дасисаангез ва пурҳаяҷони қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА дар бораи “шикастани дарҳои мушакҳои фароовозӣ” (яъне, ки дар бораи пешрафти технологӣ) пас аз якчанд ҳафтаи эълони расмии пӯшида шудани барномаи AGM-183A ARRW сурат гирифт.
Зиддиятҳои равшанро фақат чун меҳри беандозаи Пентагон ва корхонаҳои корхонаҳои комплекси низоми-саноатӣ ба маблағҳои калон маънидод намудан мумкин аст, ки воридоти онҳо аз қарорҳои Конгресси ИМА вобаста аст на ин ки аз ҷараёни ошмоишҳо.
Выступление главы МИД РФ С. Лаврова в СБ ООН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2023
Лавров: ИМА хоҳиши устувор дорад иқтисоди Русияро аз байн бубарад
Маълум ст, ки муборизаи Пентагон бо одамфазоҳо (ё худ фиристодагон аз сайёраҳои дигар) ҳар сол миллиардҳо доллар талаб мекунад, ҳарчанд натиҷаҳои чашмраси ин кори сангин нестанд. Санҷишҳои баландарзиши нусхаҳои аввалаи мушакҳои болдори навъи “ҳаво-само” AGM-183A ARRW идома хоҳанд ёфт – то “ба барномаҳои ояндаи фароовозӣ кғмак расонида шавад.”
Дар як вақт ва бо ҳамин тарз лоиҳаи HACM (шартнома бо ширкати Raytheon Technologies ба маблағи 985 млн доллар) рушд дорад.
Дар баробари ин, ИМА ҷариб 12 адад лоиҳаҳои фароовозиро таҳия намуда истодаааст – Пентагон барои тадқиқотҳои фароовозӣ дар соли 2024 11 млрд доллар пурсида истодааст. Ба ҳар ҳол, шумора ба сифат табдил намеёбад.
Хусусиятҳои лоиҳавии маҳсулоти ARRW (Air-launched Rapid Response Weapon – дастгоҳи ҳушманди фароовозӣ, ки ба мушаки аз бомбаандоз мепарида насб карда мешавад) ва HACM (Hypersonic Attack Cruise Missile – мушаки болдор бо муҳаррики реактивӣ-ҳавоии оддӣ, ки онҳоро қиркунандаҳо бурда метавонанд) барои парвози гардишнок бо суръати то 7 Мах, бо дурии парвози мутаносибан 1000 км ва 500 км.
Санҷишҳои алоҳида пештар ба амсилаҳо (макет) имкон медоданд, ки то ҳадди ниҳоии поёнии фароовозӣ – 5 Мах – “кашол шуда расанд”, аммо идоракунӣ ва дурии парвози онҳо “паси парда” монданд.
Украинские военнослужащие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2023
Рамштайн: саҳми охирини ИМА ва НАТО дар эҳёи "лоиҳаи украинӣ"
Рушди ARRW душвар буд ва силсилаи нобарориҳоро бо худ дошт. Лоиҳаи НАСМ барои амрикоиён афзалиятноктар метобад, зеро қобилияти “якҷоя шудан бо теъдоди зиёди платфомаҳоро дорад,” ба ҳар ҳол мӯҳлатҳои омодашавиашон на як бору ду бор мавқуф гузошта шуданд. Роҳ парвози устувор ва идорашавандаи фароовозӣ ба ин ду тамсилаи мукаммалшудаи маҳсулотҳои ARRW ва HACM ҳоло дур аст. То маҳсулотҳои силсилавии русиягии "Кинжал" ва "Тсиркон"-инасли дуюм (10 Мах) – боз ҳам дуртар.
Хотиррасон менамоем, ки қувваҳои мусаллаҳи Русия мушакҳои фароовозиро дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ дар Украина бомуваффақият истифода бурда истодааст.

Силсилаи нобарориҳо

Пештар қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА аз Конгресс дар соли молиявии 2022 161 млн доллар барои харидории аввалин 12 адад мушакҳои ARRW пурсида буд. Сипас Пентагон ба нақша гирифт аввалин мушаки фароовозии навъи “ҳаво-само”-ро ба маблағи 46,6 млн доллар дар соли 2023 харидорӣ намояд. Он чиро ки мавҷуд нест, харидорӣ карда намешавад.
Далелҳо чизи саркашанд, ва онҳо исбот менамоянд: рушди технологияҳои муосир дар ИМА бевосита бо малағгузорӣ вобаста нест. Миллирдҳо доллар пулро ба зудӣ чоп (ва тақсим) намудан мумкин, аммо ин пулҳо барои гузаштан аз садди фароовозӣ кӯмак намекунанд.
Тасодуф нест, ки вазири қувваҳои ҳарбь-ҳавоии ИМА Фрэнк Кендалл ба яроқи фароовозӣ бо шубҳа менигарад – чунин меҳисобад, ки ба Амрикои “истисноӣ” аз рӯи нуқтаи назари молиявӣ ва стратегӣ бехирадона аст бо Русияву Чин сабқат намудан, охир ин ду давлат кайҳост, ки дар истифода маҷмааҳои мушакии фароовозӣ доранд.
Ширкати амрикоии Lockheed Martin наздик 60 сол аст, ки технологиияҳои фароовозӣ таҳия дорад ва ба натиҷаи беҳтарин моҳи январи соли 2023 расид – вақте, ки амсилаи HAWC аз бомбаандози B-52 сар дода шуд ва дар баландии 18 км (яъне, ки стратосфера) бо суръати 5 Мах (наздик 6,1 ҳаз. км/соат. ) беш аз 550 км.-ро паси сар намуд.
Здание Министерства обороны США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2023
Одамфазоӣ ба Амрико таҳдид доранд - Пентагон таслим намешавад
Ин дар ҳоле, ки нишонзании ин мушак (амсила) расонаӣ карда намешавад. Истеҳсоли оммавии чунин маҳсулот барвақт аст ва ҳам бефоидаву бемаъност. Ҳоло солҳои заҳмат дар пешанд.
Ба ҳар ҳол, набудани яроқи фароовозӣ ба қувваҳои ҳарбӣ ҳавоии ИМА ва ширкати Lockheed Martin ба “якҷоя намудан”-и маҷмааи мушакии мавҷуд набуда бо қиркунандаи ба садама тобовари ноаёни навъи “DDG-1000 ZUMWALT” халал намерасонад.
Қувваҳои мусаллаҳи ИМА бо ширкати киштисозии Ingalls Shipbuilding моҳи январ барои азнавсозии киштии низомии зиреҳпӯши "USS Michael Monsoor (DDG-1001)” бо мақсади дар онҳо ҷойгир намудани 12 ададӣ мушакҳои фаровозӣ бо саракҳоои ҷангии ғайриҳастаӣ ба маблағи 10,5 млрд доллар шартнома баст.
Дар Пентагон чунин меҳисобанд, ки фароовоз, буд ё нобуд, бархилофи муаммоҳои дар блоки системавӣ ҷой дошта ва новобаста аз ақибмонии технологӣ аз пешсфони ҷаҳон – Руия ва Чин - соли 2025 аз ҷониби амрикоиҳо фатҳ карда мешавад.
Пешакӣ арзишаш муайян карда шудааст – мушакҳои фароовозии сохташон гунногун барои андозсупорандагони ИМА аз 18 то 41 млн. долларӣ барои ҳар донааш меистанд.
Барномаҳои алоҳидаи фароовозӣ – бо назардошти истеҳсоли силсилавии 300 мушак аз ҳар сохт - аз 15 млрд то 18 млрд доллар арзиш хоҳанд дошт.
Госсекретарь США Энтони Блинкен и глава МИД Казахстана Мухтар Тлеуберди - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2023
Бо сухани неку силоҳ: азми ИМА барои мутеъ кардани Осиёи Марказӣ
Пентагон аз соли 2019 фақат барои қӯшунҳои хушкигард ва қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ, бе назардошти харидории мушакҳои фароовозӣ барои қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ, барои таҳияи яроқи фароовозӣ зиёда аз 8 млрд доллар сарф кардааст, ва нақша дорад дар солҳои молиявии 2023-2027 дар доираи нақшаи дифоъ боз 13 млрд доллар сарф кунад.
Саховатмандии тааҷҷубовари Конгресс боз ба назар аз он аҷиб аст, ки фароовозҳои амрикоӣ аз норасоии технологияҳои нав, иқтидорҳои истеҳсолӣ, олимони соҳибистеъдод сахт танқисӣ мекашанд.
Ҳатто аз нақшаҳои конкретии комплексии озмоиши маҳсулоти фаровозӣ дар шароитҳои оддӣ ва мушкил ( муқобилат ба маҷмааи мушакиву зенитии душман).
Пайдост, ки гирдгардии маҷроҳои пулӣ дар Вашингтон муҳимтар аз амнияти миллӣ ва пешрафти воқеии илмӣ-технологӣ дар соҳаи яроқноккунӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0