https://sputnik.tj/20230430/afzoish-sarshumor-parmashokh-darvoz-1056784148.html
Сайди 3 пармашох бо квотаи ҳукумат: Мақомоти тоҷик мегӯянд, саршуморашон зиёд шудаст
Сайди 3 пармашох бо квотаи ҳукумат: Мақомоти тоҷик мегӯянд, саршуморашон зиёд шудаст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот сабаби афзоиши саршумори бузи нодирро боло рафтани фарҳанги экологии мардум, пешгирии шикори ғайриқонунӣ ва чорабиниҳои биотехникӣ гуфтанд
2023-04-30T20:30+0500
2023-04-30T20:30+0500
2023-04-30T20:30+0500
дар тоҷикистон
тоҷик
дарвоз
вмкб
ҳайвон
ҷонварони нодир
шикор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/1a/1031638142_0:100:1920:1180_1920x0_80_0_0_02af4269ea8f964da3ab2c73d228f8b1.jpg
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Саршумори бузи нодири морхӯр ё пармашох дар ноҳияи Дарвози ВМКБ қариб ду маротиба афзоиш ёфтааст, иттилоъ дод мақомоти иҷроияи вилоят. Манбаъ бо такя ба ҳисоби охирини Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, саршумори ин ҳайвони нодирро дар минтақаи Якчисори Дарвоз ва ҳудуди ба он наздики ноҳияи Шамсиддини Шоҳин беш аз 500 сарр арзёбӣ намуд. Мақомоти ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Дарвоз, далели афзоиши саршуморро ба боло рафтани фарҳанги экологии мардум, пешгирии шикори ғайриқонунӣ ва сари вақт гузаронидани чорабиниҳои биотехникӣ рабт доданд. "Бузи пармашохро бисёр вақт дар наздикии маҳалҳои аҳолнишин дидан мумкин аст, вале муносибати мардум ба ин сарвати бебаҳои табиӣ дигар шудааст ва омили инсонӣ ба насли он таҳдид надорад", - омадааст дар иттилоия. Бузи пармашох ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохил шуда, шикори он бо квотаи махсуси ҳукумати ҷумҳурӣ бо теъдоди маҳдуд иҷозат дода мешавад. Ин шикор яке аз гаронтаринҳо буда, арзиши он садҳо ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бар асоси иттилои расмӣ, дар мавсими шикори моҳҳои январ-феврали соли равон шикорчиёни хориҷӣ 3 сар бузи пармашохро сайд кардаанд. Дар Тоҷикистон ин намуди нодир дар нишебиҳои ҷанубу ғарбии қаторкӯҳи Дарвоз, қаторкӯҳи Ҳазратишоҳ, мамнуъгоҳи Даштиҷум, қисмати ҷанубу шарқии қаторкӯҳи Вахш ва кӯҳи Сарсарак дучор меоянд.Шикори ғайриқонунии ҳайвонҳои нодир дар Тоҷикистон мамнуъ буда, барои даст задан ба ин кор маҳрумият аз озодӣ ва ё садҳо ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20230418/saydi-mohi-tojikiston-man-1056540700.html
дарвоз
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/1a/1031638142_107:0:1814:1280_1920x0_80_0_0_6aa01ab7287753ccff0559b16f29ccb2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, саршумор, пармашох, тоҷикистон, зиёд
афзоиш, саршумор, пармашох, тоҷикистон, зиёд
Сайди 3 пармашох бо квотаи ҳукумат: Мақомоти тоҷик мегӯянд, саршуморашон зиёд шудаст
Мақомот сабаби афзоиши саршумори бузи нодирро боло рафтани фарҳанги экологии мардум, пешгирии шикори ғайриқонунӣ ва чорабиниҳои биотехникӣ гуфтанд
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Саршумори бузи нодири морхӯр ё пармашох дар ноҳияи Дарвози ВМКБ қариб ду маротиба афзоиш ёфтааст, иттилоъ дод мақомоти иҷроияи вилоят.
Манбаъ бо такя ба ҳисоби охирини Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, саршумори ин ҳайвони нодирро дар минтақаи Якчисори Дарвоз ва ҳудуди ба он наздики ноҳияи Шамсиддини Шоҳин беш аз 500 сарр арзёбӣ намуд.
Мақомоти ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Дарвоз, далели афзоиши саршуморро ба боло рафтани фарҳанги экологии мардум, пешгирии шикори ғайриқонунӣ ва сари вақт гузаронидани чорабиниҳои биотехникӣ рабт доданд.
"Бузи пармашохро бисёр вақт дар наздикии маҳалҳои аҳолнишин дидан мумкин аст, вале муносибати мардум ба ин сарвати бебаҳои табиӣ дигар шудааст ва омили инсонӣ ба насли он таҳдид надорад", - омадааст дар иттилоия.
Бузи пармашох ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохил шуда, шикори он бо квотаи махсуси ҳукумати ҷумҳурӣ бо теъдоди маҳдуд иҷозат дода мешавад. Ин шикор яке аз гаронтаринҳо буда, арзиши он садҳо ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бар асоси иттилои расмӣ, дар мавсими шикори моҳҳои январ-феврали соли равон шикорчиёни хориҷӣ 3 сар бузи пармашохро сайд кардаанд.
Дар Тоҷикистон ин намуди нодир дар нишебиҳои ҷанубу ғарбии қаторкӯҳи Дарвоз, қаторкӯҳи Ҳазратишоҳ, мамнуъгоҳи Даштиҷум, қисмати ҷанубу шарқии қаторкӯҳи Вахш ва кӯҳи Сарсарак дучор меоянд.
Шикори ғайриқонунии ҳайвонҳои нодир дар Тоҷикистон мамнуъ буда, барои даст задан ба ин кор маҳрумият аз озодӣ ва ё садҳо ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.