Моҳигирӣ дар Тоҷикистон пурра мамнуъ шуд: Чаро ва то кай?

© Sputnik / Амир ИсаевРыбак на берегу Кайраккумского водохранилища, архивное фото
Рыбак на берегу Кайраккумского водохранилища, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2023
Обуна шудан
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон аз қатъиян манъ будани шикори моҳӣ дар ҷумҳурӣ давоми моҳҳои наздик зикр карда, ба қонуншиканҳо ҳушдор додааст
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Манъи сайди моҳӣ дар Тоҷикистон аз моҳи апрел то 15 июн идома хоҳад кард, иттилоъ дод Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ин маҳдудият ба марҳилаи тухмгузории моҳиҳо марбут мебошад.
Моҳигирӣ дар ин давра метавонад ба ҳифзу такрористеҳсоли моҳӣ таъсири манфӣ расонад, таъкид намуданд масъулини щифзи муҳити зист.
Ҳушдор дода шудааст, ки бар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, барои нақзи ин меъёр ба шахсони ҳуқуқӣ аз 3 то 5, барои шахсони мансабдор аз 10 то 15 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 100 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки аз аввали соли равон ҳаҷми як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар ҷумҳурӣ 68 сомониро ташкил медиҳад.
Ррыбоводное хозяйство - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2023
Афзоиши моҳипарварӣ дар Суғд: маслиҳати президент ба хоҷагидорон
Дар зимн таъкид мешавад, ки на ҳама қоидаҳои мазкурро риоя мекунанд. Барои пешгирии моҳигирӣ дар марҳилаи тухмгузорӣ, кормандони бахши ҳифзи муҳити зист аз ҷумла бо роҳбарони бозорҳо, моҳифурӯшон ва дигар гуруҳи шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зист, давоми 15 рӯзи аввали давраи манъи сайди моҳӣ санадҳои азназаргузаронӣ, 5 адад амрнома ва 1 адад протокол оиди хариду фурӯши моҳӣ тартиб дода шуд.
Инчунин дар шаҳри Ҳисор, 4 сокинони Ҷамоати деҳоти Ориён, ки бе ягон иҷозати мақомоти давлатӣ ба харидуфурӯш ва гирифтани захираҳои табиӣ, амсоли ширмоҳӣ машғул буданд, дастгир карда шудаанд.
Таъкид шудааст, ки нисбати дастандаркорон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудаст.
Лентаи хабарҳо
0