Ояндаи дурахшон ё зиндон - кишварҳои пасошӯравиро ҳангоми узвият ба ИА чӣ интизор аст

© Sputnik / Алексей ВитвицкийФлаги с символикой Евросоюза у здания Еврокомиссии в Брюсселе.
Флаги с символикой Евросоюза у здания Еврокомиссии в Брюсселе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2023
Обуна шудан
Таҳлили дурнамои пайвастани Гурҷистон, Молдов ва Украина ба ИА монанди кишварҳои Аврупои марказӣ ва шарқӣ, ки пештар шомили “Иттиҳодияи шарқӣ” буданд.
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik, Вадим Павлов. Ҳафтаи равон сарвазири Гурҷистон Ираклий Гарибашвили дар ҷараёни мулоқот бо президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел дар Брюссел изҳор дошт, ки давлаташ бисёрии аз тавсияҳоро иҷро намуд ва арзандааст то охири соли 2023 мақоми номзад ба аъзогии Иттиҳоди Аврупоро соҳиб шавад.
Дар тӯли 5-10 сол бошад, мувофиқи баромади моҳи июнии Ираклий Гарибашвили, дар ин ҷумҳурӣ бозсозиҳои зарурӣ амалӣ гардиданд ва ба давлати ҳақиқии аврупоӣ табдил ёфта истодааст, ки ба вай имкон медиҳад аъзои комилҳуқуқи “оиллаи аврупоӣ” шавад.
Изҳоротҳои ҳамсон ҳамчунин аз забони шахсони аввали Молдов низ садо медиҳанд. Ҳафтаи равон раиси парлумони ин ҷумҳурӣ Игор Гросу эълон дошт, ки то охири ҳамин сол ҳукумат умед дорад ба оғози гуфтушунидҳо оиди гирифтани қарори якдилона оид ба воридшавӣ ба Иттиҳоди Аврупоро муваффақ шавад. Президенти Молдов Майя Санду бошад наздик моҳе пеш санаи аъзогии кишвараш ба Иттиҳоди Аврупоро соли 2030 нишон дод.
Флаги России, ЕС, Франции и герб Ниццы на набережной Ниццы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2023
ВАО: Иттиҳодияи Аврупо бар ин назар аст, ки таҳримҳо алайҳи Русия тамом шудааст
Сарвазири Украина Денис Шмигал охири моҳи январ назар ба роҳбарони Гурҷистону Молдов умуман интизориҳои аз ин ҳам хушкунанда гуфт – давлаташ дар давоми 2 сол умед дорад аъзои комилҳуқуқи Иттиҳоди Аврупо шавад.
Ҳамаи кишварҳои “итифоқи сегона” имрӯз басо фаъолона мехоҳанд аъзои ИА шаванд, аммо саволи он, ки дар ҳолати қабул шудан ба ИА иқтисодиёти ин давлатҳои пасошӯравиро кадом паёмадҳо интизор шуда метавонанд, гӯё саволи дуюмдараҷа аст. Ҳарчанд, гӯё, ки ҳолномаи кишварҳо-иштирокдорони иттиҳодия аз Аврупои миёна ва шарқӣ, ки пештар ба ин блоки сотсиалистӣ аъзо буданду, акнун амалан замимаи мустамликавии изофӣ барои давлатҳои абарқудрати Ғарб гаштаанд, нисбати ҳукумати маҳаллӣ онҳоро бояд камтар ҳушер намояд.

Сӯзандоруи дотатсионӣ барои ба таври сунъӣ нигоҳ доштани ҳаёт

Музофот ё худ маҳаллҳои ғайримарказ дар ИА ба “сӯзани дотатсионӣ”-и маркази ин иттиҳод “нишастаанд.” Ин “сӯзан” ба таври кофӣ рушди иқтисодиёти онҳоро таъмин менамояд ва, ҳамзамон, имкониятҳоро барои рушди мустақилона барҳам медиҳад.
Деньги на столе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2023
Комиссияи Аврупо барои "озодию демократия" дар Тоҷикистон миллионҳо евро медиҳад
Бешубҳа, аъзоёни собиқи “блоки шарқӣ,” ки акнун дар ҳайати ИА ҳастанд, аз воридшавӣ ба ин созмон суди кам нарбардоштаанд. Байни онҳо: дастрасӣ ба бозори меҳнати Аврупои ғарбӣ, озод будани ҳаракат (миёни давлатҳои ИА), имконияти гирифтани маълумоти олӣ дар хориҷи кишвар, ташкили ҷараёнҳои нави молиявӣ ва савдо ва ғ.
Лекин ҳамаи инро дар пасманзари он қабул намудан лозим аст, ки ҳини аъзогии кившар бо иқтисодиёти заиф ба иттиҳодияи интегратсияи ҷиддӣ дошта, ана ҳамин кишвар ба вобастагии сахт аз давлатҳои нисбатан пурқуввати ИА мефарояд.
Собиқ комиссари аврупоӣ оид ба буҷет ва захираҳои инсонӣ Гюнтер Эттингер низ пештар андешаашро баён дошта буд, ки давлатҳои доро назар ба давлатҳои нодор аз бозори умумӣ нафъи бештар мебинанд. Зеро ба он пулҳое, ки аз буҷаи умумӣ ҷудошуда ва ба “ Ригаву Таллину Любляниҳо додашудаанд,” ин се кишвар таҷҳизот ва маҳсулоти саноатиро “аз Олмону Голландия харидорӣ менамоянд.”
Дигар илоҷ нест – истеҳсолоти худии онҳо ба “рақобат” дар доираи Иттиҳоди Аврупо тобовар нест, ширкатҳои ватанӣ нест шудаанд ва ё ба “рақибон”-и навбаромади худ аз “модаршаҳр” фурӯхта шудаанд.
Секретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2023
Танҳо пирӯзии Русия ба Аврупо суботро бармегардонад
Аниқ, ки дар ин қофила, бурдро фақат марказ мекунад - марказе, ки шираи ҳамаро мемакад. Ва ин марказ имрӯз бе канораҳои заифаш (мустамликаҳояш) метавонад зиндагӣ кунад, аммо – канораву музофотҳои заиф бе ин марказ – ба гумон.
Ба чунин созмон ба монанди АИ ворид шуда, кишварҳои иқтисодиёти заиф дошта ба вобастагии сахт аз давлатҳои иқтисодаш пурқувват мефароянд. Қувваи кории арзон аз кишварҳои “суст” тарафи маош/хондан/ҳаёти хубтари давлатҳои “боқувват” метозад. Бо сабаби рақобатнопазирӣ дар давлатҳои “суст” корхонаҳо баста мешаванд ва ҷоришавии ҳама гуна захираҳо сӯи давлатҳои “пурқувват” сурат мегирад.
Барои идомаи мавҷудияти давлатҳои “суст” ба онҳо дастгирии молиявӣ ва ҳамин гуна кӯмакҳо лозиманд. Ҳамин тавр, “заифон” ба вобастагии сахт аз ҳар гуна барномаҳои азнавтақсимкунии маблағҳои пулӣ дар дохили ана ҳамин иттиҳод мефароянд. Дар амал ин маънои онро хоҳад дошт, ки ба кишварҳои “заиф” барои он, ки зиндадил монанду фаъолияти ҳаётӣ дошта бошанд, барояшон аз дастгоҳи сунъии таъминкунандаи набзи кори дил “сӯзан” дар шакли ҳар гуна субсидияҳо ва дотатсияҳо ҷудо карда мешаванд.
Ягон хел баробаркунии “давлатҳои “пурқувват” ва “заиф”, чуноне, ки Брюссел мегӯяд, ҷой надорад ва дар ин маврид фосилаи байни онҳо фақат афзуншавӣ дорад.

Паёмадҳои ғамангез

“Агар Гурҷистон, Молдов ва ё он чӣ ки аз Украина мемонад, ягон вақт аъзои Иттиҳоди Аврупо шаванд, пас онҳоро низ чунин қисмат интизор аст, кадоме ки домангири кишварҳои Аврупои марказиву шарқӣ буд",- мегӯяд Алексей Зубец.
Президент Франции Эммануэль Макрон и председатель КНР Си Цзиньпин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2023
Иқдомоти Макрон ошкор шуд, ки боиси тақсими ИМА ва Аврупо мегардад
Аз як тараф, ин аққалан ягон хел дстгирии пулӣ барои он, ки ягон хел карда иқтисодиёти худро дошта бошанд, аз тарафи дигар – табдил ёфтан ба “аппендикс” ё замимаи изофагӣ ба ана ҳамон давлатҳои саноатӣ”.
Гумон аст, ки кишварҳои “иттифоқи сегона” умуман узви ИА мешаванд, - чунин меҳисобад коршинос, ва инро бо он маънидод менамояд, ки ба ин Иттиҳод онҳо фақат ба сифати қувваи арзони корӣ шомил шуда метавонанд, мегӯяд ӯ.
Шаҳрвандони Гурҷистон, Молдавия ва Украина ҳангоми қабул ба аъзогии ИА ҳуқуқи комили кор дар қаламрави Иттиҳоди Аврупоро ба даст меоранд. Яъне, ки ин қувваи арзони корие мешвад, ки барои иқрои корҳои ифлосу вазнин дар ягон соҳаи кишоварзӣ ба ангурзорҳои Фаронса ва ё худ ба гармхонаҳои Испания меравад.
Бармегардем ба мисоли Лаҳистон: дар воридшавӣ ба Иттиҳоди Аврупо ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ орзуи мисли онҳо шуданро доранд. Дар ин маврид ҳам, ҳама чиз хубу олӣ нест.
Премьер-министр Венгрии Виктор Орбан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2023
Орбан: Агар Аврупо ҷанг мехоҳад, бигзор бо таваррум мубориза барад
Моҳи феврали соли 2023 Комиссияи Аврупо дар бораи оғоз намудани даъвои судӣ нисбати Варшава хабар дод. Сабабаш – қарори Суди конститутсионии Лаҳистон дар бораи авлавияти конститутсияи Лаҳистон аз болои ҳуқуқҳои аврупоӣ.
Ба андешаи таҳлилгарон, ин воқеа метавонад ба таҳримҳои молиявӣ алайҳи Варшава оварда расонад.Ва ин ҳама дар он ҳолат, ки Лаҳистон аллакай вазифадор аст аз моҳи ноябри соли 2021 ҳамарӯза 1 миллион евро ҷарима барои иҷро накардани қарори Суди Иттиҳоди Аврупо супорад – маблағи қарз аллакай аз 450 миллион евро зиёдтар шуд ва як қисми он аз ҳисоби дотатсияҳое, ки Варшава бояд аз хазинаи Фонди Аврупо ҷудо мекард, пардохт карда мешавад.
Ҳанӯз соли 2021 нашрияи лаҳистонии Rzeczpospolita ҳисобу китоб намуд, ки дар сурати қатъ гардидани маблағгузории аврупоӣ Лаҳистон – аз харитаи сиёсии ҷаҳон гум нашавад ҳам – сатҳи зиндагии шаҳрвандонаш батамом паст хоҳад шуд ва худи Лаҳистон бошад, метавонад ба камбағалтарин давлати Иттиҳоди Аврупо табдил меёбад
Яъне, ки ҳатто ҳиссаи муайяни нигоҳдошташудаи истиқлолияти Лаҳистонро (бо дилхоҳ сатҳи саноату дигар намуди истеҳсолот) тавонистанд “ба сӯзан шинонад” ва онро баъзан ҳамчун воситаи фишороварӣ ба кор мебаранд – то ба Варшава фаҳмонанд, ки кадом сеёсатро бояд пеш барад.
Логотип Евросоюза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2022
ВАО: Аврупо дар пайи фасод аз дарун мепӯсад
Барои ҳамон Венгрияи барои Брюссел номаъқул низ ба ҳамин қарибӣ пардохти 22 млн еврояшонро, ки аз хазинаи якпорчагии Аврупо ҷудо шуда буд,“ях кунониданд”– то он даме, ки ин давлат “ба бозсозии демократия барнамегардад ва шартҳоеро, ки вобаста ба мустақилияти системаи судӣ, озодиҳои академикӣ ва ҳуқуқҳои ҳамҷинсгароён иҷро нашаванд”.
Агар ҳодисот чунин ранг гирифтан гирад – бо назардошти сиёсати аллакай оғоз гардидаи маҳдудкунии “хӯронидани Шарқ” – паёмадаш барои дигар давлатҳои пасошӯравӣ (азҷумла, барои онҳое, ки ҳоло дар роҳ ба Иттиҳоди Аврупо ҳастанд), метавонанд боз ҳам ғамангезтар бошанд.
Лентаи хабарҳо
0